Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 4 июл 2022, 20:12

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

10 март 2015, 23:38

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имрузхо дар ЧТ духтархо сатр карда либосхои танг мепушанд мардумро ба худашон чалб мекунанд бояд сатро аз байн баранд руймоли точики куртаи точики аз сатре, ки имрузхо мекунанд ба фохишагари машгул мешаванд 1000 матротиба боло мебошадюаНВАР,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гузаштагонамон аз қадим сатрро истифода намебурданд. Сатрпуши ин бегонапарастӣ мебошад. Сатр, ҳиҷоб ба миллати точик намезебад. Эй мардуми точик хеч гох, худписанди ва пегонапарасти накунед ва ба мардуми давлатхои исломи хам такя накунед. Бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем ва либоси бобою бибиамонро фаромуш накунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана бинед он чизе, ки айён аст хочат ба баён нест. Бо истифода аз сатр зохириро хуб вонамуд намуда ба чи корхо машгул мешаванд. Макомотхои хифзи хукук бенихоят кори нагз карда истодаанд мо тарафдори кори хамонхо баред аз байн хаминхоро бо пушидани сатр ва амалхояшон тартиботи чомеаро вайрон мекунанд. Сарчашмаи хама гуна бетартибихо аз хамин таклидкорихо сар мезанад.
Посух додан
  • закия

  • 9 июл 2015 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллох хидоят кунадтона
Шумо рузи киёматро фаромуш кардед ба кадом ру назди Аллохи Зулчалол меравен
Посух додан
  • закия

  • 9 июл 2015 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалом! Маълум мешавад ки аксарияти шумо аз Куръони карим бе хабаред! Аллох дар Куръони карим гуфтааст барои занхои мусалмон ки худашонро бипушононд то аз кофиро онхоро чудо карда шавад.
Сатр фарзи Илохи аст ва касе ки онро инкор мекунад кофир мешавад ихтиер дар дасти худатон аст. Бозгаш басуи Аллох аст ва рузи киёмат омаданист аз газаби Аллох битарсед мо токати оташи дузахтро надорем . Аллох ваъда кардааст ки хор мекунад хоркунони Исломро ба монанди Абучахл набошед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хамаи Точикон
Ба номи худо, ки бахшояндаву мехрубон аст.
Дар Россия кору фаъолият мекунем мо якчанд шахрвандони Точикистон, рости гап Русхо хеч коре надоранд,мо дар чои кор 5 вакт намоз мехонем,шукри Аллох соли 2016 мохи шарифи Рамазон руза гитем,дар рузхои мубораки Чумъа хохишмандхо масчид меравем барои адои намоз!Бо мо бародархо аз Киргизистон кор мекунанд,шукри Аллох одамхои хуб хастанд,ман ба хамаи ин аз худованди кариму мехрубон шукр мегуям,ман дар Россия пули бисер кор намекунам,вале шукр мекунам ва мехозам,ки оилаи худро ба инчо биёрам.Мохи Октябри 2016 дар Точикистон будам ,солхои пеш ба мисли имруза бехуда набуд,хозир бошад,ришмони манъ,сатр манъ,амру маъруф ман,азонро бо овози баланд,бо баландгуяк манъ,чавонхо хама луч ,бо юпкаю колготка ,мардхо ба Руссия мераванд барои мардикори, занхову духтархо бошанд дар инчо танхо ва онхо чи корхо мекунанд дар танхои ?
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!