Бахшҳо
07 сен 2012 07:40Сӯҳбати рӯз

РАҲМАТИЛЛО ЗОИРОВ: ПОЙГОҲИ 201 КАФИЛИ ҲУКМРОНИИ ҲУКУМАТ АСТ

Имрӯз мушкилоти зиёде ҳастанд, ки ҳалли худро намеёбанд ва коршиносон онро ба номукаммалии низоми қонунгузорӣ ва номутобиқатии бандҳои Конститутсия кишвар бо якдигар марбут медонанд. Интихоботи соли 2013 ҳам наздик аст, бинобарин оё аҳзоби сиёсӣ розӣ мешаванд бо қонуни феълии интихобот бори дигар вориди ин майдон шаванд. Роҷеъ ба ин масоил хабарнигори "Озодагон" бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқшиноси варзида ва раиси ҲУСДТ, шахсе, ки солҳо дар аркони ҳукуматӣ кор кардаву беҳтар аз ҳар каси дигаре нозукиҳои қавонинро дарк мекунад, суҳбат намуд.

(Идома аз шумораи гузашта)

- Дар асли 142 - уми Қонуни асосии Эрон дарҷ шуда, ки дороиҳои раҳбар, президент, муовинони президент, вазирон ва зану фарзандони онҳо қабл ва баъд аз хизмат, тавассути раиси суди олӣ тафтиш мешавад то бар хилофи ҳақ афзоиш наёфта бошад. Ва аз онҷое, ки дар Тоҷикистон муаллиму духтурро барои фасод дастгир мекунанд, агар дар мо чунин бандҳое ба Сарқонун илова гардад, фикр намекунед муборизаи ҷиддӣ бо фасод оғоз мегардад?

- Ба намуна гирифтани Эрон аз бисёр ҷиҳат ба манфиъати Тоҷикистон аст. Чун дар Эрон ин чиз хеле хуб масъалагузорӣ шудааст хусусан ба шахсиятҳои олимақом. Аммо дар Тоҷикистон он муносибатҳое, ки коррупсионист ва ё меҳнатисту дар системаи тандурустӣ ва ғайраҳост, инҳо ҳама оқибат аст на сабаб ва иллат дар дигар чиз аст. Агар имрӯз низоми ҳокимияти давлатӣ то ин дараҷа коррупсионӣ намешуду системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз вай болотар ба фасод ғутавар намегашт, низоми қудративу ҳатто Парлумон ва дар дастгоҳи президенти Тоҷикистон то ин дараҷа муносибатҳои коррупсионӣ инкишоф намеёфтанд, мебахшед ин системаҳое, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ таъаллуқ дорад, аз байн бурданашон мумкин буд. Барои он ки мардуми Тоҷикистон имрӯз ба ҳолати аз ҳама тараф ғоратшаванда дучор шудааст. Баъди замони Иван Грозний дар Русия давлате сохтанд, ки дар он хизматчиёни давлатӣ маош намегирифтанд, онҳо хуранда номида мешуданд. Вай танҳо аз ҳисоби мардум, амалаш ва хизматҳои меҳнатияш киссаи худро пур мекард. Дар Русия ин чизро ҳамчун сиёсати давлатӣ гузаронида буданд ва акнун дар Тоҷикистон ҳамин ҳолат аст. Маоши хизматчиёни давлатӣ аз соли 1990, 2000 ва 2008 ба ин сӯ он қадар ночиз аст, ки буҷети оиларо умуман таъмин карда наметавонад. Яъне сиёсати давлатӣ дидаву дониста ҳама хизматчиёни давлатиро худаш даъват мекунад ба коррупсия дохил шаванд, мушкил ин аст. Имрӯз идораҳои давлатии Тоҷикистонро 5 баробар кам бояд кард. Чун давлати Тоҷикистон полисӣ шудаву яке аз ноёбтарин давлатҳост, ки шумораи Вазорати мудофиъааш аз шумораи Вазорати корҳои дохилӣ камтар аст. Дар ҳар давлате, Вазорати мудофиъа бояд 3 баробар аз Вазорати корҳои дохилӣ зиёдтар бошад. Акнун дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 40 ҳазор корманд кор мекунад. Ҳамин БДА танҳо 8 ҳазор аст. Тибқи стандарти байналмилалӣ барои 400 нафар аҳолии шаҳр 1 корманди Вазорати корҳои дохилӣ шуданаш даркор. Барои 1,5 ҳазор аҳолии деҳот 1 корманд. Агар аз ин лиҳоз ҳисоб кунем, ки дар Тоҷикистон 25 фоизи аҳолӣ дар шаҳр зиндагӣ мекунанд 75 дарсад дар деҳот, ҷамъан барои кишвар 8 ҳазор нафар дар Вазорати корҳои дохилӣ басанда аст. Лозим аст то Вазорати корҳои дохилӣ 4 баробар ихтисор гардад. Зиёдии кормандон ҳокӣ аз тарс аст. То он ҷо давлати полисӣ шудаем, ки барои таъмини тартибот ба тарсонидану зӯрӣ рафта истодаем. Ҳаминак 7,5 млн. аҳолӣ дар кишвар зиндагӣ мекунад. Дигар соҳаҳо ҳам нигоҳ намоем, ҳамин тавр аст. Дар ҷое, ки ҳуқуқшинос лозим аст, имрӯз нест. Чаро Вазорати корҳои дохилӣ ё Кумитаи амнияти миллиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта наметавонем. Бо маълумоти ҳуқуқшиносии олӣ имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамагӣ 4% корманд кор мекунад. Бояд ҳадди ақал 50 фоизи Вазорати корҳои дохилӣ маълумоти олӣ дошта бошанд. Ҳуқуқшиносони Кумити амнияти миллиро гирем, аз инаш ҳам камтаранд. Дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу гумрук бевосита имрӯз ҳуқуқшиносонро ёфтан амри маҳол аст. Албатта баъди истиқлолият шумораи дипломҳо зиёд шуданд, вале аксарияти ҳуқуқшиносон аз мақомот берун баромаданд.

"Пойгоҳи 201 кафили ҳукмронии ҳукумат аст"

- Дар асли 146 - уми қонуни асосии Эрон қайд шуда, ки истиқрори ҳаргуна пойгоҳи низомии хориҷӣ дар кишвар ҳарчанд ба унвони истифодаҳои сулҳомез бошад, мамнуъ аст, аммо дар мо пойгоҳи 201 асту мақомот онро ба манфиъати кишвар медонанду мегӯянд, ки агар ин пойгоҳ набошад, ӯзбакистон ба мо ҳамла мекунанд.

- Пойгоҳи 201 сараввал ба манфиъати ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аст на мардум. Аз тарафи дигар ҳам ин ба манфиъати ҳокимияти давлатии Русия аст. Албатта Русия мутобиқи сиёсати геополитикии худ кӯшиш мекунад дар дигар давлатҳо пойгоҳ дошта бошад. Будани ин пойгоҳ аз рӯи вазифаҳое, ки амал мекунанд, на аз нигоҳи стратегияи мудофиъа ва на аз лиҳози амнияти миллӣ ин мутобиқ нест. Вале пойгоҳи 201 кафолатдиҳандаи амалкунии ҳукумати имрӯза аст. Барои ҳокимияти давлатии Русия ҳам аз дур то як андоза доштани ҳокимияти давлатии Тоҷикистон асту онҳо аз рӯи ин таъсир гузошта метавонанд. Аз ҷониби дигар ҳузури ин пойгоҳ пеш аз ҳама ба манфиъати ҳукумату Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Агар ин пойгоҳ ҳамчун як донишгоҳи ҳарбӣ сарбозони Тоҷикистонро омодаву тайёр мекарду ба ин пойгоҳ дар ҳақиқат афсарони бо лаёқат меомаданду омӯзонида метавонистанд ва барои Вазорати мудофиъаи кишвар таҷрубаомузӣ мешуд, ин ба манфиъати Тоҷикиситон мебуд. Вале пойгоҳи 201 бевосита дар ин масоил бо Вазорати мудофиъаи мо ягон алоқа надорад.

Сиёсати хориҷиямон ланг аст

- Дар моддаи 7 - и Сарқонуни мо ҳам ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир асту тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Аммо додани қитъаи замин ба Чинро шикасти сиёсати хориҷӣ ва нақзи конститутсия намедонед, дар сиёсати хориҷӣ чӣ чиз авлавият дорад?

- Сиёсати хориҷӣ 3 самти асосист: 1 - таъмин кардани марз, 2 - таъмин намудани ҳамкории сиёсӣ бо дигар давлатҳо, 3 - ташкили иқтисодиёт бо берун. Пештар агар 1 то буд, имрӯз дигар ин басанда нест. Тоҷикистон ҳар 3 вазифаро амалӣ гардонида наметавонад. Агар аз нигоҳи ҳамкории сиёсӣ бо дигар давлатҳо гирем, Тоҷикистон ҳаматарафа мелангаду ба 4 тараф худашро мепартояд. Мо ҳеч стратегияи мӯътадиле надорем. Ҳатто барои Русия агарчи овозаш бошад ҳам, вале дар амал шарики стратегӣ нестем. Аз ҷиҳати иқтисодӣ гирем, худи сиёсати гумруку мудофиъаву дигар, ба сиёсати тиҷорати берунаи Тоҷикистон аз реша табар мезананд. Зеро инак барои соҳибкор амалигардонии тиҷорати берунӣ ба тариқи ғайриқонунӣ аз қонунияш беҳтар аст. Ин ки марзи мо амният надораду таъмин ҳам карда намешавад, тавзеҳе лозим надорад. Чун Тоҷикистон аз кадом тарафаш набошад, ягона Афғонистон, ки аз нигоҳи исломӣ мегӯянд мо марз надорем, аз ин тараф маълум нест. Лекин агар тарафи ӯзбакистонро гирем, ҳамин марзҳоро ҳамаашро ин кишвар таъмин менамояд на Тоҷикистон. ӯзбакистон аз ҳар тараф марзҳояшро баставу гузашта намешавад. Агар онҳо хоҳанд, ки ба марзи мо оянд, метавонанд. Аммо Чин аз минтақаи Оши Қирғизистон сар карда то Афғонистон шарҳе намехоҳад. Зеро худ шоҳид будам, ки на танҳо 98 гектар замин, он ҷо аз марзи Чин ба дохил то 20 - 30 км алакай ҳукмронии ин кишвар таъмин гардидааст. Аз тарафи Чин ягон марзбони Тоҷикистон салоҳият надораду ваколати худро низ амалӣ гардонида наметавонад. Чун он ҷоро ҳамакнун Хитой забт кардааст. Чин ҳатто дар ин ҳол метавонад Тоҷикистонро забт карда гирад.                    

"Мушовирони президент Низомулмулк нестанд"

- Шумо қаблан мушовири президент будед ва аз онҷое, ки салоҳиятҳои президент зиёд асту бисёр корҳоро метавонад анҷом диҳад, чаро раиси ҷумҳур иқдоми ҷиддие намекунад ва ё таъсир расонидани мушовирони президентро ба ӯ чигуна арзёбӣ мекунед ва рӯҳияи ӯро чигуна баҳо медиҳед, оё ӯ машварату маслиҳатро дуст медораду ба тавсияҳои мутахассисон гуш мекунад ё бештар хоҳони иҷрошавии назарҳои худ аст?

- Дар шарқ як анъанаи хуб буд, ки ҳар як сардори давлати  ҳамеша хоҳиш дошт то вазиру мушовири вай одами бисёр доно бошад. Чаро номи Низомулмулк мебарояд на номи шоҳ? Ҳамин гуна вазиру мушовирони Тоҷикистон имрӯз вуҷуд надоранд ва чаро вуҷуд надоранд? Чун президент Эмомалӣ Раҳмон то ҳамин дараҷа худро воломақом меҳисобад ва ончизе, ки мушовирони президент амал мекунанд, як чизи расмист. Президент мушовиронро ҳамчун мутахассис истифода мебарад. Ман ҳам вақте корамро оғоз кардам, бо пешниҳодҳои зиёд мебаромадам, вале ҳеч натиҷа намегирифт. Зеро он чизе, ки ба президент пешниҳод менамоӣ, ӯ онро ба дигар ҷо мефиристад ва дар дигар ҷоҳо, ки онро дарк намекунанд ва ё бахилӣ менамоянд, чизи нодурусте ба миён меояд.
Соли 2002 паёми президентро бо масъалаи кодекси андоз ман худ ба забони русӣ омода намудам. Кодекси андоз ҳамон вақт ҳам мутобиқ набуд. Он ҳангом аз котибот пурсидам, ки инро тарҷума кунам ё худатон мекунед, гуфтанд, ки худамон мекунем. Вақте соли 2002 паёми президент гузашту аз он ҷо овоз дода шуд, он чизе набуд, ки мо таёр карда будем ва пурра чапа карда шуда буд. Соли 2003 инро дар паёми президент ислоҳ кардему вале боз ҳам ҳамин масъала такрор гашт. Акнун ҳам президент гуфт, ки кодекси андоз бояд аз нав шавад. Яъне 2 паём, паёми 2002 ва 2003 бо якдигар мухолифанд.  Дар бозор мегӯӣ, ки бародар ин молат дуруст аст, мегӯяд, ки 100 фоиз кафолат медиҳам. Дар мақомоти болоӣ ҳам, мушовирону вазирон вақте чизеро пешниҳод мекунанду президент мепурсад, ки ин чи тавр мешавад, мегӯянд, ки 100 дарсад мешавад ва ҳамин гап дар ҳама ҷо ҳаст. Президент ҳам бовар карда ин чизҳоро мехонад ҳарчанд, ки иштибоҳ бошад. Аз соли 2002 то 2012 дар давоми 10 сол дар барномаҳову паёмҳои президент ҳеч набошад, 30 амалиёти хатоӣ рух додааст.  Албатта президент бо масоили замин, озуқаворӣ ва таъминкунӣ назди мардум зиёд баромад мекунад, ки дар ин ҷо ҳам хатогиҳояш зиёд аст.

Судяву вакил намояндаи ҳукуматанд на мардум

- Аз амалкарди шохаи судӣ бисёр меноланд, сабаб чисту оё имкон дорад ин шоха мустақил амал намояд?

- Дар бораи мустақил набудани онҳо солҳост мегӯянд ва имрӯз низоми судӣ якчанд камбудиҳои рӯшанро ба миён овардааст. Якум, мустақилияти судя ҳоло тамоман вуҷуд надорад, бо он мазмун, ки ӯ ин ё он масъаларо худ бевосита тавассути қонун ҳал намояд. Масъалаи дигар  мустақилияти раиси суд аст, ӯ супориш мегирад, танзим мекунад, парвандаҳоро тақсим менамояд. Масъалаи дуввум, имрӯз фарҳанги ҳуқуқии судяҳо бисёр паст асту Тоҷикистон яке аз давлатҳои "ноёбтарин" аст, ки донишу малакаи ҳуқуқшиносҳо аз судяҳо болотар аст. Дар кадом давлате набошад, донишу малакаи судя бояд аз ҳуқуқшиносу прокурор 3 баробар боло бошад. Вале имрӯз Тоҷикистон ба ин ҷавобгӯ нест ва фарҳанги ҳуқуқиву малакаи судяҳо бисёр паст аст. Масъалаи севвум ин бедодгариву беҳудуд шудани суд аст. Яъне ин ҷо якчанд категорияҳоро бояд тақсим кард. Агар аз ҳокимияти давлатӣ супориш шуда бошад, ки ин парвандаро ин тавр ҳал кунед, ягон судя ҷуръати дигар тавр ҳал кардани онро надорад. Агар ҳам аз боло аз ҷониби ягон роҳбари сиёсӣ ба судя супориш нашуда бошад, бедодгариву беҳудудии суд аст. Имрӯз кадом тараф бисёртар пул медиҳад, шиносбозӣ мекунад, масъала ҳамин тавр ҳал карда мешавад. Дар судҳои низоми системаи судии мо як аънанаи пурра нодуруст ба миён омадааст. Ҳамин судяи намунаи аввал ӯ бо роҳбарони суд маслиҳат карда ин чизро ҳал мекунад, судяи назоратӣ тағирот ворид кардан ба инро ба ҳукми анъана даровардааст. Акнун суди назоратӣ қариб, ки дар Тоҷикистон бар ҳам хӯрдааст. Агар аз ҷониби судяҳо  "хатоӣ" на нисбат ба қонун ё ҳуқуқу манофеъи шаҳрвандон балки аз рӯи шахсияти ҳамин одам, ки ба ҳукумат наздиктар буд ва ё одами пулдор хатоӣ шуда бошад, ба суди боломақом маблағи зиёдтарро мерасонанд. Дар ин ҳангом эҳтимоли тағир ёфтани суди зинаи аввал вуҷуд дорад. Агар судя ягон асоси ҳуқуқуиро нодуруст татбиқ карда бошаду шикояткунанда дорои такягоҳу маблағе набошад, тибқи анъана суди қарори аввал то охир бе тағир меравад новобаста аз хатоияш.

- Ба фаъолияти Парлумон ҳам аксарият назари хуше надоранд, ҳол он ки дар дигар кишварҳо ин шоха қувваи муҷрияро ҷиддан назорат мебарад, баҳои шумо ба фаъолияти ин ниҳод?

- Дар Тоҷикистон мо вакил надорем ва онҳо намояндагони мардум нестанд. Дар Парлумони мо касоне мешинанд, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон таъин шудаанд. Беҳтар аст вожаи вакили мардум дар Тоҷикистон фаромуш гардад. Соли 1990 Парлумони кишвар то 30% вакили мардумӣ дошту ингуна вакилон худро нишон дода метавонистанд. Аммо аз соли 1995, 2000, 2005 дар ҳар интихобот, ки сангинтар мешавад, онҳо аз калимаи вакили мардумӣ дур рафта бевосита намояндаи ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон шуданд. Аз ин рӯ Парлумони имрӯзаи кишвар танҳо супоришоту талаботҳои ҳокимияти иҷроияро иҷро мекунад. Агар ин ё он вакили мустақил ё намояндаи аҳзоби мухолиф ҳатто вакили ҲХДТ ягон тарҳеро барои пешбарӣ пешниҳод кунаду ба талаботи ҳокимияти иҷроия рост наояд, ин қонун дар Парлумони кишвар дастгирӣ намеёбад. Бинобарин як хулоса ҳаст: Парлумони Тоҷикистон на мустақилият дораду на ихтиёрдорӣ карда метавонад. Сабабаш ҳам ҳамин аст, ки ин вакили мардумӣ неву намояндаи ҳукумат мебошад.

Мушкил дар бетаҳаррукии ҷомеаи шаҳрвандист

- Таи ин 20 сол ислоҳоти ҷиддии сиёсие надидем аҳзоби мухолиф ҳам коре аз дасташон наомад, ҳукумат ҳам ин корро намекунад, пас дар ин ҷо кӣ бояд пешқадам шавад,  вазъият ҳамин тавр идома меёбаду соли 2020 президент мӯҳлати раёсаташро афзоиш медиҳад?

- Гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ ва фаъол шудани ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста аст. Вақте ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол набошад, аҳзоби сиёсӣ қувват гирифта наметавонанд. Дар интихобот аз ҳама бештар ба тақаллубкорӣ системаи маорифи Тоҷикистон машғул аст. Дар буҷети кишвар ҳам барои дастгирии аҳзоби сиёсӣ надидем ягон маблағ ҷудо шавад. Мо инро дар қонунгузорӣ ҷорӣ намудем, ки ҳатто  як тин гирифтани аҳзоби сиёсӣ аз шаҳрванди хориҷӣ ғайриқонунист. Аҳзоби сиёсӣ ин созмонҳову иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиянд ва ҳамчун ииттиҳодияи ҷамъиятӣ дар кадом асос он бояд амал намояд. Вақте на давлат дастгирӣ мекунанду на мардум ва маблағе ҳам ҷудо карда намешавад. Аз соли 1998, ки ҲСДТ амал мекунад, то соли 2005 новобаста аз маҳдудиятҳо мо 4 маротиба судбозӣ кардем. Соли 2002 моро ба қайд гирифтанд, ҳоло кам ҳам бошад вале имконият буд. Интихоботи 2005 - ум ро хуб пешвоз гирифтем, вале баъди ин сол ҳамаи имкониятҳои ҲСДТ ва дигар аҳзоб маҳдуд карда шуд. Ҳама метарсанд, ки аъзои ҲСДТ шаванд, агар ягон соҳибкор аъзо гардад, варшикаст мешавад, яъне ҳама имкониятҳои на танҳо ҳизб балки ман раиси ҳизб низ маҳдуд шудааст. Ман он чизеро, ки то соли 2003 - 4 - 5 ҷамъ карда будам, дар давоми чанд сол ҳамаашро фурухта ба корҳои ҷамъиятӣ сарф намудам. Дар интихоботи охири ман 3 манзили иқоматии худро фурӯхтаму дар ҳамин асос интихобот гузаронидем. Аҳволи мардуми Тоҷикистон ҳам маълум аст. Ҳозир овоза мекунем, ки фақирон кам шуданд, вале синфи миёна ҳатто 10% ҳам ташкил нашудаасту табақаи мутавассит аҳзобро дастгирӣ намекунад. Мо ҳатто аъзоёни ҳизби сиёсиро аз ҳаққулузвият дорем озод менамоем. Чун барои мардуми оддӣ якчанд сомонро ҳамчун ҳаққулузвият додан сангин аст. Дар бисёр ҷамоъатҳову деҳот одамон ҳатто пулро намебинанд. Ҳатто дар ҷое кор карданӣ бошанд, ба ҷои маош онҳо маводи натуралӣ ба монанди гандум мегиранд махсусан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ. Гандумро фурӯхта магар ҳизб таъмин мегардад. Мардуми Тоҷикистон худ агар мавқеъ надошта бошанду аҳзобро дастгирӣ накунанд ва аз давлат ҳам талаб карда натавонем намешавад. Давлат буҷети худро надорад балки буҷа ин худ андози мардум аст. Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба чигуна сарф шудани маблағҳои андоз коре надоранд. Дар давлатҳои демократӣ як қисми буҷет барои фаъол кардани аҳзоби сиёсӣ ва баҳри пеш рафтани демократия таъмин карда мешавад, ки аз ин ҷиҳат манофеъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоя мегардад. Аммо ин чиз дар Тоҷикистон нест.

- Хуб чаро мардум намехоҳанд ҳаққи худро талаб намоянд, бетаҳарруканд, тоқат мекунанд ва мавқеъ надоранд. Дар ҳоле, ки дар қонун ҳуқуқҳояшон дарҷ гаштааст, пас марҳамат талаб кунанд?

- Ҳозир дар кишвар одами мавқеъдор бисёр кам аст. Агар дар Тоҷикистон 3% одами мавқеъдор медоштем, Худоро шукр мекардам, ки дар ҳақиқат ҷомеа дорад пайдо мешавад. Аммо ҳамин 3% ҳам нест. Агар ҳамаи газетхонҳоро ҷамъ намоем, 3% намешавад. Зеро на ҳамаи мехондагиҳо мавқеъ доранд ба вижа онҳое, ки бавоситаашон бояд бо мардум кор кард. Вале ин ҷо мушкил дар сиёсати давлат аст. Вақте ман ба шаҳру навоҳӣ рафта бо одамон инфиродӣ сӯҳбат мекунам, аксарияташон ҳайрон мешаванд, ки наход Раҳматилло Зоиров ҳамин тавр бошад. Чун ба мо гуфтанд, ки Раҳматилло Зоиров ин тавр асту ин ҳизби узбакҳову хоини миллатҳосту ғайра. Дар бисёр ҷоҳо вақти суолу ҷавоб меояд, аз ман мепурсанд, ки  шумо забони тоҷикиро медонистед. Аксарият ҳамин хел медонанд, ки ман забони тоҷикиро намедонаму намояндаи дигар давлатаму онҳо маблағгузорӣ мекунанд то ман Тоҷикистонро тарконам, масъала то ҳамин дараҷа меистад. Дар Душанбе муносибат камтар дигар аст. Вақти сафар ба Хатлону дигар манотиқ ҳангоми гузаронидани семинарҳо кушиш мекунам дар бораи ҳизб сӯҳбат нанамоям. Аввал мефаҳмонаму масъалагузорӣ мекунам ва баъд ихтиёрдорон пайдо мегарданд, аммо дар ҳамин вақт ҳам ҷуръати ба ҳизб пайвастанро надоранд. Зеро аз ҷои кор маҳрум мешаванд. Аз ҳамин Комбинати шир то пул, ман 350 аъзои ҳизб дорам, ки як қисмашон дар ҳамин мактаби 37 кор мекунанд. Аммо ин муаллимони мактаб ҳеч кадомаш ҳангоми пур кардани анкета ман аъзои ҲСДТ навиша наметавонад. Чун агар нависад аз кор меравад.

3% - и аҳолӣ кишоварзиро таъмин карда метавонанд

- Мардуми деҳот агар бархурдашон чунин мебошад, далелаш иттилоърасонии кам аст.

- Мо аз калимаи Тоҷикистон кишвари аграрӣ гуфтан даст бояд кашем. Ҳозир дар деҳоти кишвар 75 фоизи аҳолӣ кор мекунанд ва мо ба давлати саноатӣ бояд гузарем то 3 дарсади аҳолӣ кишоварзиро таъмин карда тавонанд ва 60 фоизи имрӯз лозим нест. Ҳатто ҳамин 60 фоиз ҳам кишоварзиро таъмин карда наметавонанд. Чун давлати Тоҷикистон аграрӣ нест ва бо ашёи хому маҳсулоти кишоварзӣ мо худро таъмин карда наметавонему аз Покистону дигар ҷоҳо меорем. Ҳозир агар дуруғгӯиро бас кунем, он маҳсулоти маҳаллие, ки фурӯхта мешавад, ҳамагӣ 30% - ро фаро мегираду 70% - и дигар аз берун аст.

Мусоҳибаи Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)