Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:54

Боздошти гӯиё “наркобарон”-и дигари тоҷик дар Русия (ВИДЕО)

15 май 2013, 09:30

Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти як шаҳрванди тоҷик, ки гӯиё раҳбари созмони ҷиноӣ буда, ба интиқоли мухаддироти Афғонистон ба Русия машғул будааст, хабар медиҳад.

Тавре Хадамоти матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, аз шаҳрванди 39-солаи тоҷик дар ноҳияи Одинсови назди Маскав 5 килло героин ва таппончаи “Макаров” мусодира шудааст. Арзиши мухаддироти мусодирашуда 15 миллион рубли русӣ арзёбӣ мешавад.

Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, амалиёт барои боздошти аъзои дигари ин гуруҳ идома дорад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рухулло

  • 15 май 2013 09:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост мегуяд ин подстава аст. Барои догдор кардани точикон русхо хама корро мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Явно маълумаст ки потстава аст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ростӣ, ман намефаҳмам, ки чаро дӯстони ҳамқалами мо бе доштани далел дар саҳифаи худ аз ин тоҷик "наркобарон" ном мебаранд. Бо чашми нимпӯшида ҳам дидан мумкин аст, ки ин сохтакорие беш нест. Мо ки дар Маскавем, фазоро хубтар эҳсос мекунем, ва боз то замоне, ки додгоҳ ин одамро муҷрим нашинохтааст, наметавонем аз ӯ ин тавр ном бубарем. Ки дидаст, ки 6 кило мухаддиротро ин гуна осонакак пинҳон мекунанд??? Бахусус дар Маскав бо 6 кг мухадирот озод гаштан ҳиҷ имкон надорад. Бо ин ришу фаш чи гуна тоҷик аз чашми пулис дур мемонд ва ҳич боварам намеояд, ки сари ҳар пости пулис ӯро боз намедошта бошад... Наход як расонаи милливу даъвогари паҳнкунандаи оромонҳои миллӣ ва пуштибони аз миллат инро дар саҳифаи худ ҷо кунад. Аз гузоштани ҳамин як хабар мешуд худдорӣ кард ва акнун русҳо ба саҳифаи русии шумо даромада тамасхур мезананд, ки "бубинед, худашон худашонро сиёҳ кардан доранд".
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба муассиси Гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” Зафари Суфӣ ва ба мудири он Хилватшоҳи Маҳмуд.
Ба шахси ба масъулони ин хабаргузорӣ муроҷиати дӯстона, ва бародарона, илтимос, чунин видеову материалҳои сиёҳкунандаи тоҷиконро нагузоред дар саҳифаҳотон. Бе ҳамин як хабарам пеш меравад кори хабаргузори. Аммо имруз аллакай чанде аз дӯстони рус занг зада "табрикам" карданд, ки худатон худатонро сиёҳ мекунеду, ту боз доим аз тамаддуну фарҳанги тоҷикон баҳс мекунӣ. Ростӣ, шармам омад. Наход Зафари Суфӣ ва Хилватшоҳи Маҳмуд, ки доим аз дарди миллату Ватан мегӯед, ба ин корҳо роҳ бидиҳед. Илтимос, ин коре ки русҳо карданд, сад дар сад сохтакорӣ буд, кадом тоҷики ахмақ бо ин гуна ришу фаш дар Маскав бо худ 6 кг мухаддир мегардонад ва осонакак дар мошинаш мепартояву меравад? Баъдан маълум набуд, ки дар дохили он сарпечҳо чӣ буд, он туфанчаро он гуна осонакак ёфтанд, ки ҳатто хандаовар буд, ки пулиси як давалти беқударт чунин саҳнаҳоро беҳунарона иҷро мекунад. Ин бечораро фикр мекунам танҳо барои ришу андоми шарқияш боздошт кардаанд, чун дар ин ҷо агар риш дорӣ, ту наркобарону роҳзану ҷинояткорӣ. Бахусус агар тоҷик бошӣ. Кам нест, ки дар ҳамин моҳи охир ВАО рус ба сиёҳ кардани чеҳраи тоҷикон машғул асту бардурӯғ гоҳе онҳоро ба занозанӣ мекашаду гоҳе дар садама онҳоро мекушад. Сафорати моро дар Маскав лозим аст, ки дар баробари ба хабарҳои бардурӯғ вокуниш кардан, аз ин шаҳрвандаш ҳам дифоъ кунанд.
Ман ҳайронам, шумо бо гузоштани ин хабар чӣ ҳадаферо дунбол доштед, муҳтарам масъулони хабаргузорӣ? Русҳо аниқ аҳдофе доранд, ки мо медонем, магар шумо ҳам иҷрочие дар ин иқдоми сиёҳсозии чеҳраи тоҷикон дар Русия ҳастед?
Посух додан
  • Хамватан

  • 15 май 2013 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар подстава бошад, аз кучо пул барои хамин мошинаи киммат? Рахмат барои Озодагон, ки ин наворро мондет. Мо бояд бас кунем хамин дуруягии худро. Бисер шахрвандони мо дар РФ ба ин корххои ношоям даст мезананд. Ман худам хамчун тарчумон дар Суди Олии ФР бо парвандаи чиноии чучин шахсон кор мекунам ва медонам, ки хакикат дар кучост.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамватан, хеле хулосаи хуб кардед, чаноби Хамватани азизи тарчумон. Яъне, агар мошини хуб дори, пас ту наркобарон, дузду авбошу рохзану чинояткори???
Дар Русия мошин доштан хич мушкил надорад, агар каме харакат куни, дусти азиз. Ин чо бисёрихо бо мехнати халол мошину тарабхонаву дукону магозаву коргоху истехсолот доранд. Чи магар барои мошин доштан бояд ба хамаи нафарон шубха кунему уро дузду рохзану наркобарон бишносем? Тарчумон, ки бошед, хуб медонед ки чи хизмате барои миллат мекунед, ташаккур. Манам хеле боз дар Маскавам, аммо агар Шумо ин амали пулиси русро дуруст арзёби кунеду онро сохта надонед, войи он касе ки дар рафти баррасии парвандааш чунин тарчумоне хохад нишаст, ки ба ин хама сохтакорихо бовар дорад.



Сарлавхааш хам хуб, Боздошти гуиё "наркобарон"-и дигари точик". Яъне, ин дигараш аст, аввалиш кани?

Муҳаррир: Махсусан барои Шумо гӯиё навиштем, ки фаҳмед. наркобарон дар нохунак маънои гӯиёро дошту, барои Шумо боз таъкидан иловааш кардем. Ташккур барои таваҷҷуҳатон. Умед дорем, дар оянда ҳам барои беҳбуди сомонаамон маслиҳатро дареғ намедоред.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!