Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Нишасти садамавии Боинги "Тоҷик Эйр" дар Хуҷанд (НАВШУДА)

24 май 2013, 09:54

Тайёраи “Боинг” –и Тоҷик Эйр, ки субҳи имрӯз, 24-уми май аз Маскав ба Хуҷанд парвоз кард, дар ҳаво ба мушкили техникӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Тавре як корманди фурудгоҳи Хуҷанд, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҳаво як чархи ин тайёра аз кор баромадааст ва дар натиҷа ҳайати тайёра баъд аз гардиш дар фазои Хуҷанд ва харҷи сӯзишворӣ тариқи садамавӣ дар фурудгоҳ фуруд омадаанд. Ин шоҳиди ҳодиса мегӯяд, тайёра аз хати фуруд берун рафта, дар байни дарахтҳо қарор гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ ягон кас аз мусофирон зарар надидааст. Манобеи Озодагон дар Хуҷанд мегӯянд, дар ин муддат тамоми роҳҳо ба сӯи фурудгоҳ баста шуда, мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ҳам дар он ҷо ҳозир шуда буданд.

Дар ин ҳавопаймо ҳудуди навад мусофир будаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Канд занед, сарнишинони кахрамон, офарин, зихи!!!
Посух додан
  • FBR

  • 24 май 2013 11:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озоздагони танбал, як суртаи боинг мони чи мешавад, гап дар сари ту 154 намеравад ку сураташа мониву калаи хамара гаранг куни, хамун корои Озодира турам такрор карда истоди

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!