Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Корхонаҳои тоҷик дар Истанбул маҳсулоташонро намоиш медиҳанд

28 май 2013, 15:50

Маркази тиҷорати байналмилалӣ мегӯяд, ки панҷ корхонаи ресандагӣ - “Неку Хуҷанд”, “Олим Текстайл”, “Спитамен Текстайлз”, “Тента-Кӯлоб” ва “Хима Текстайл” аз 29-уми май то якуми июни соли ҷорӣ дар даҳумин “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул” иштирок мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб меёбад. Сафари корхонаҳои тоҷик ба ин намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат мегирад, ки аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Наргиза Абдумаҷидова аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ҳайати кишварро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он мебошад. Боздидкунандагони ин намоишгоҳ имкон доранд, то бо пешниҳодҳои тавлидгарони маҳсулоти нассоҷӣ шинос шаванд ва беҳтаринҳояшро интихоб кунанд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз дастрасӣ ба бозорҳои нав дар Туркия, ки савумин кишвари истеҳсолкунанда мебошад, манфиати зиёд хоҳанд ёфт”.

Гуфта мешавад, ки ин намоишгоҳ мизбони беш аз 25 000 боздидкунанда аз тақрибан 50 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 400 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, пӯст, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!