Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Муаррифии нахустини мусиқии “Брасс” дар Тоҷикистон (АКС)

29 май 2013, 17:58

“Стугс”, гурӯҳи навозандагони амрикоӣ, барои бори аввал дар Тоҷикистон мусиқии брассро муаррифӣ мекунанд. Брасс мусиқии нафасист, ки дар он элементҳои мусиқии поп ва дигар жанрҳои мусиқӣ дида мешавад.

Чуноне овозхони гурӯҳ Ҷон Паркинс рӯзи 29-уми май ба хабарнигорон гуфт, таҷрибаи онҳо аз сафари аввалини хуб ба Тоҷикистон хуб аст: “Мардум моро бо хушӣ қабул намуданд ва барномаҳои ҳунарӣ дар Панҷакент ва Қумсангир боргузор шуданд.” Гурӯҳ бо ҳунармандони тоҷик шиносоӣ ва ҳамкорӣ надорад, аммо намояндагони он умедворанд тӯли сафари ҳунарии худ ба ин кишвар, бо ҳунармандони тоҷик ошноӣ пайдо намуда, аз мусиқии миллию муосири тоҷик низ баҳра баранд.

Муаррифии нахустини мусиқии “Брасс” дар Тоҷикистон (АКС)

Ҷон Паркинс, овозхони гурӯҳ


Ҷон Паркинс инчунин изҳор дошт, “лоиҳа асосан ба аудиторияи Тоҷикистон равона шудааст, аммо дар баробари он, дар дигар мамолики Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Қазоқистон ва Узбакистон низ пешниҳоди хаводорон хохад шуд. Яке аз мақсади асосии мо нишон додани фарҳанги кишвари худ ба дигар давлатҳо мебошад. Ҳамчунин мардум фаҳманд, ки мусиқии «Брасс» чӣ аст ва ба кадом самт равона аст.”

Вай дар идома гуфт, “гуруҳи мо 16 сол мешавад, ки фаъолият дорад. Тӯли 10 сол аст, ки бо мусиқии барасбент месароем ва замоне ки ман шомили ин гурӯҳ шудам, он машҳуртарин иҷрокунандаи ин навъи мусиқӣ буд.”

Гурӯҳ фитаи сабти албоми худ бо номи «Вақт» ва фитаҳои дигарро овардааст, ки миёни ҳаводорон паҳн карда мешаванд. Гурӯҳи «Стугс» 30-юми май (соати 18:00) дар бинои «Вефа сентр»-и Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро хоҳад кард, ки даромадан ба он озод аст.


Муаррифии нахустини мусиқии “Брасс” дар Тоҷикистон (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
inxeli guruhhoro nemedlenno az Tojikiston daf kardan lozim inho ba manfiati mo kor naxohand kard! Bovari doramki ba yagon maksad omadaand
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О,но!.Ана хамин аст фахмишу идроки точики нисбати мо-амрикоихо.Санъат сархад надорад.Агар аспиранти точик ин тавр фикр кунад,пас,донишчуёну талабахои мактабхо ва ахолии Точикистон чи андеша дошта бошанд?Шабнаму Садриддину "Шашмаком"хонхои шумо хам ба Амрико ба сафари эчоди мераванд,пас мо онхоро хам зада пеш кунем?.Аспирант! Барои ин андешахоят ба ту бахои -0. Джоник!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!