Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Роҳҳои пулакии Қазоқистон аз Тоҷикистон 10 баробар арзонтаранд

31 май 2013, 11:04

Сар аз имрӯз, 31-уми май, дар Қазоқистон низ бархе аз шоҳроҳҳо пулакӣ шуданд.

Дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қазоқистон хабар додааст, ки шуруъ аз имрӯз, 31-уми май шоҳроҳи Остона-Шучинск пулакӣ гардид. Ба иттилои манбаъ, ҳаққи пардохти пули роҳ ба мошинҳои сабукраве, ки тариқи ин шоҳроҳ ҳаракат мекунанд, барои ҳар як километр 1 танга (3 дирам), автобусҳо аз 5-то 10 танга(вобаста аз ҷои нишаст) ва мошинҳои боркаш аз 5 то 20 тангаро ташкил медиҳад.

Ронандагони мототсикл, мошинҳои ҳолатҳои фавқулода, ёрии таъҷилӣ, оташнишон, миллитсия ва техникаҳои таъмиркунандаи роҳҳо аз ҳаққи пардохти пули роҳ озод мебошанд. Илова бар ин, мошинҳое, ки дар манотиқи аҳолинишини гирду атрофи ин шоҳроҳ ба қайд гирифта шудаанд, аз пардохти 50%-и пули роҳ озод буда, дар дохили навоҳии худ ройгон метавонанд ҳаракат кунанд.

Вазорати нақлиёт ва коммуникатсиони Қазоқистон изҳор доштааст, ки роҳҳои пулакӣ дар ин кишвар бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. ба гуфтаи ин ниҳод, ҳоло дар беш аз 30 кишвари дунё, Русия, Олмон, Туркия ва Молойзия ингуна роҳҳо вуҷуд дорад.

Дар Тоҷикистон низ тайи се соли охир роҳи Душанбе-Чаноқ пулакӣ гардида, нархҳои ҷорикардаи мақомоти тоҷик дар муқоиса бо Қазоқистон наздики 10 маротиба гаронтар мебошанд. Дар ҳоле, ки маоши миёна дар Қазоқистон нисбати Тоҷикистон 7 маротиба бештар буда, ҳудуди 720 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Баробари ин дар Тоҷикистон давлат ба ширкати IRS, ки идораи роҳи пулакиро ба уҳда дорад, як қатор имтиёзҳо дода, онро аз пардохти аксари намудҳои андоз озод кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикисон факат фикри кисаи худ ва фарзандони худашонро мекунанд, намегуянд, ки ин мардуми бечора, ки аксарияташ бо чойи кори доими таъмин нестанд аз кучо ин кадар пул меёбанду ба ин ширкте , ки сохибаш кист ва аз пардохтхо озодшудааст, пардохт мекунанд. Худо ба инхо инсоф дихад.
Посух додан
  • Давлатшо

  • 31 май 2013 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
роххои алтернативи доранд?
Посух додан
  • Suhrob

  • 31 май 2013 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Bar zammi in sifati roh az dushanbe - chanoq 10 marotiba xubtar ast. Ma'lumoti beshtar justuju kuned hatman boyad rohi alternativi doshtagist.
Посух додан
  • Точики оддии мухочир

  • 1 июн 2013 20:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ФАБРИКАИ чавоб дар ин масъалахо гуиё КАРУ ГУНГ аст.Эй косалесони дарбори,ку чаоб дихед!Барои чи ИРС аз хама намуди андоз озод аст!аз додани карзи Хитой ки ин рох таъмир шуд умуман ухдадорие надорад!?Ва барои чи нархаш аз нархои умумичахони киматараст?Барои чи рохи бо пули мардум сохта шуда боз дубора ба мардум фурухта мешавад?Магар маблаге ки аз буча ба Хитой пардхт мегардал пулим мардуми точик нест?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!