Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

HRW воқеияти Тоҷикистонро мегӯяд, ё “воҳима” мекунад?

3 июн 2013, 09:28

Ҳумайрои БАХТИЁР

Гузориши Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch дар мавриди вазъи сиёсӣ ва нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.

МУБОЛИҒА

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, гузориши Human Rights Watch ҳеч нуктаи ҷадиде барои таҳлил надорад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, новобаста аз таҳлили ин созмон ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарӣ пайваста аз нақзи ҳуқуқи инсон, ба хусус дар боздоштгоҳҳо шикоят мекунанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба гузориши навбатии HRW, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳарчанд аксари эродҳои Human Rights Watch дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҷой дорад, вале ба ҳар сурат дар баъзе ҳолатҳо гузоришгарон ба муболиға роҳ додаанд.

"ҲХДТ ТАҚАЛЛУБКОР НЕСТ"

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки эродҳои Human Rights Watch дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон ба маврид буда, ҳукумат низ барои ислоҳи вазъият талош дорад. Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон яке аз вазифаҳои аслии ҳукумат аст, чунки ин яке аз талаботи қонунгузории кишвар мебошад. Аммо мегӯяд номбурда, ҳар банди гузориши мазкур қобили қабул нест.

“Бахусус ҳамон ишорае, ки ба тақаллубкор будани ҳизби ҳоким шудааст. Ин дурӯғи маҳз аст. Зеро ҲХДТ ҳамеша барои ислоҳи вазъият талош карда, ҷонибдори баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ба роҳ мондани ҳамкории дуруст бо гурӯҳҳои сиёсии мавҷуда мебошад”. Сафаров мегӯяд, ҲХДТ барои фаъолияти ҳизбҳои дигари сиёсӣ ҳеч монеае эҷод накардаву нахоҳад кард, он тавре ки Human Rights Watch гузориш додааст.

"ТААҶҶУБ НАМЕКУНЕМ"

Дар ҳамин маврид Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Перспектива+” мегӯяд, интиқоди Human Rights Watch оид ба худкомагии ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон набояд ҷойи тааҷҷуб бошад. Хонум Бобоназарова мегӯяд, пӯшида нест, ки тарафдорони ҲХДТ бо роҳҳои ғайримаъмулӣ ба мақсад мерасанд. Раҳбари ҷамъияти “Перспектива+” мегӯяд, “тамоми қартаҳои ҳокимият дар дасти ҳизби ҳоким буда, ҳизбҳои дигари сиёсӣ оддитарин имкониятро барои рушди фаъолияти худ надоранд. Зеро тамоми раҳбарон, раисон ва вазирони кабинаи ҳукумати аъзои ҳизби ҳоким мебошанд.”

Дар умум, ба гуфтаи хонум Бобоназарова сӯистифода аз мақом барои ҳизби ҳоким дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як падидаи маъмулӣ буда, кор то ҷойе расида, ки тарафдорони ин гуна ҳизбҳо ҳатто мавқеъи махсус доранд: “Барои мисол, вақте як ҷинояткорро боздошт мекунанд, агар он аъзои ҳизби сиёсии дигар, бахусус ҲНИТ бошад, ҳатман аз мансубият ба ҳизби ӯ таъкидҳои зиёд мешавад. Аммо агар ҳамон ҷинояткор тарафдори ҲХДТ бошад, пас, ишора танҳо ба ҷинояти ӯ мешавад.”

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ҲХДТ дар ҳоли ҳозир яке аз ҳизби доро мебошад, чунки аксари сармоядорон ба хотири ҳифзи тиҷорати худ, ҳизбро маблағгузорӣ мекунанд. “Ин ҳолатҳо ҷойи баҳс ҳам надорад. Вақте Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президент раҳбарии як ҳизбро бар ӯҳда дорад, пас аз ин вазъият ҳатман суйистифода мешавад”. “Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон бояд кафили фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ бошаду ба ҳар гурӯҳи сиёсӣ бо як меъёр муносибат дошта бошад”,-илова намуд хонум Бобоназарова.

ДАРДИ МАҲАЛ

Дар тақвияти суханҳои Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, аз сабаби таъини нодурусти кадрҳо ва маҳалгароӣ вазъи сиёсии кишвар дар ҳоли нигаронкунанда қарор дорад. “Барои ҳамаи мо маълум аст, ки тамоми вазифаҳои идорикунанда дар ихтиёри ҳаммаҳалони президент аст. Ин меъёри қонунии бунёди давлати демократиро дар Тоҷикистон аз байн мебарад”.

Ба гуфтаи хонум Воҳидова мушкили аслӣ дар он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ пешниҳодоти ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳизбҳои сиёсии кишварашро барои ислоҳи вазъият ба эътибор намегирад.

Маврид ба зикр аст, ки Human Rights Watch дар гузориши навбатии худ Тоҷикистонро як кишвари худкома буданомида ва гуфтааст, ҳукумат аз намояндагони як маҳал ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон таркиб ёфтааст. Бо таваҷҷӯҳ гурӯҳе аз коршиносон бар ин назаранд, ки гузоришгарони Human Rights Watch дар инъикоси баъзе аз мавридҳо ба муболиға роҳ додаанд. Дар идома гузориш, хамзамон аз фасоди густарда, қочоқи инсон, ноадолатии додгоҳӣ, аз пӯшида будани маҳбасхонаҳо барои ҷомеаи байналмиллалӣ, вазъи нигаронкунандаи зиндонҳо, эҷоди маҳдудият барои дониши динӣ гирифтани кудакон ва ҳамчунин маҷбур намудани гурӯҳе аз шаҳрвандон ба танфурӯшиву меҳнатӣ иҷборӣ, ки ҳамагӣ нақзи ҳуқуқи инсон мебошад, интиқод шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 3 июн 2013 10:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Human Rights Watch, Точикистонро як кишвари худкома буда номидааст,ин сад дар сад дуруст мебошад.Хизби хоким барои фаъолияти ҳизбҳои дигари сиёсӣ монеае эҷод мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост охир дар хамаи давлатхо хизби хоким идоракунандаи давлат аст! Аз берун узбака чанг андохта тамошо доранд мо бошем инро намефахмем, о мардум як андеша намоед барои чи Каримуф выбора кафо партофт вай мехохад монеа эчод кунад дар минтака шумо бошед факат ба хешу табори призидент кор доред. Ман ягон чи намешавам барои призидент ба Худо касам аз минтаи хастам ки ягон нафар тагахам надорам локин бо дониши худам дар Тчоикистон мондам одам шудам барои чи факат як тарафа нигох мекунед. Кор кардан даркор фахмо кор кардан даркор шишта гайбат карданба хама усто. Фикр кунед чи гап худаш барои чи ба ман чои кор будасту барои Шумо не ! Ба Худо касам то имруз косалеси накардаам намекунанм кори худамро бешбурда нони халоламро хурди истодаам. Давлат ки шуд бе камбуди намешавад аз пушт хар гапа задан осон лекион кор карданба ..... даркор. Ин андешахои ман буд бовари дорам ба 99% мардум хуш намеояд локин рост аст ончи гуфтам фикри ман буд.
Посух додан
  • Часур

  • 12 июн 2013 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллифи матлаб, ки худ дунболи хадафхои сиёсисту меъёрхои журналистикаро кайхо фаромуш кардаст, чи тавр имруз аз риоя нашудани хукуки инсон аз чониби ХХДТ мегуяд?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!