Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:38

Ронанда дар Душанбе барои гирифтани 2 сомонӣ аз мусофир муҷозот шуд

7 июн 2013, 16:30

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Сафаров Муродалӣ, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз болои Идиев Зоиршоҳ, ронандаи хатсайри 14-и Душанбе ба вазир шикоят кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод Сафаров Муродалӣ ба телефони боварии вазир, 221 21 21 занг зада, шикоят кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-старекс», рақами қайди давлатиаш 8061тт01 аз ӯ барзиёд роҳкиро гирифтааст.
Масъулини вазорат санҷиш гузаронда, муайян кардаанд, ки дар ҳақиқат ронанда Идиев Зоиршоҳ аз худсарона хатсайри 14-ро иваз намуда, дар хатсайри №16 ба мусофирбарӣ машғул шуда, аз онҳо ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ талаб мекардааст.

Бо иттилои ВУД нисбати Идиев тибқи талаботи моддаи 336 ва моддаи 323 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ дастрас карда шудааст.

ВКД мегӯяд, дар давоми моҳи майи соли равон беш аз 60 арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони боварии вазир ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо баррасӣ карда шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • старекс

  • 7 июн 2013 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
микроавтобуси 8 ва 25 ро танзим кунанд. 2 сомони кимкай буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Заррае кафолат нест,ки баъди ин як шикояти бекурби шахрванд дар хатсайрхо танзими нарх риоя шавад. Чи магар Вазир ё Хукумат бедараканд, ки ин ронандахои худбин хамеша хакки мардум бидуни ризояти мардум мехуранд?! (агар рузе дираме нарасад аз мусофир, ронанда чон медихад, вале у бедарак гашта 40 дираму 20 дирам хар руз ба камаш аз 100 кас ситонидан худ ин як ришваи бузург аст) Гом мезанем,ки мардуми точик аз азалият бофарханг, часур, бузург, одил вахоказо омада, чи магар аз ин гуна мардум майда чуйдабоз мебарояд асло не! Мушохидаи аввал ана дар ин ронандахо онхо ба майда кор надоранд танхо "без здачи"! Ё агар аснод оиди рохкиро аз огоз 2 сомон кабул мешуд холо касе шикояте ба вазире ё ба каси дигар набурда буд. Мо бо худ ситам мекунем, пас чаро аз бегонае нолиш бикунем,ки у моро намегузорад НОБ созем ё шахрванде имкон надорад бидуни мамоният мардикори кунад!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!