Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:52

Ҷавонон ба кӣ пайравӣ кунанд: Олимон, тоҷирон ё муҳоҷирон?

17 июн 2013, 10:19

Панҷоҳ дарсади донишҷӯён дар Тоҷикистон ҳангоми таҳсил маҷбур мешаванд, ки ихтисос ва ё муассисаи таълимияшонро иваз кунанд. Онҳо дар даврони донишҷӯӣ эҳсос мекунанд, ки ё ихтисоси интихобкардаашонро дӯст намедоранд, ё касбашон “ояндадор” нест ва ё дурнамои онро намефаҳманд.

Орзуи ягон шахси соҳибкасб шудан асосан то ба мактаб рафтан дар дили кӯчаки кӯдакон ҷо мешавад ва баъдан такмил меёбад. Аммо дар ноҳияҳо ва деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон чӣ?

Табиист, бисёриҳо касби худро таъриф мекунанд ва онро беҳтарин медонанд ва аз худкунии онро барои ҷавонон ногузир медонанд. Хеле ками одамон таҳлили амиқ намуда, ба наврасону ҷавонон маслиҳати муфид медиҳанд, ки кадоме аз касбҳоро барои худ интихоб намоянд, то ҳам нон ёбанду ҳам ном.

Баъзе ҷавонон аслан аз касе ҳам маслиҳат намепурсанд, фақат ба ҳаёти бошукуҳи дигарон таваҷҷуҳ намуда, самти фаъолияти ин тоифаро интихоб менамоянд. Ба гумоне ки маҳз касби онҳо сарчашмаи хушбахтияшон будааст.

Пеш аз донишҷӯ шудан, бояд хонандагон (дар синфи нуҳ ё даҳ) дар рӯзҳои дарҳои бози муассисаҳои таълимӣ ба он донишгоҳе, ки пешакӣ нияти дохил шудан доранд, бираванд. Дар дарсҳо иштирок кунанд. Бо устодон ва донишҷӯён ҳамсуҳбат ва бо синфхонаву лабораторияву умуман имконоти муассисаҳо ошно шаванд.

Ман чанде пеш дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон будам. Бо чанде аз наврасон дар бораи интихоби касбашон пурсидам. Аксарият дар дили кӯчакашон орзуҳои хубе мепарваранд. Яке мехоҳад, табиб бошаду диагре ҳам додситон ва нафари дигар ҳам кайҳоннавард.

Ин, албатта, орзуи онҳост. Вале зиндагии воқеии мо зоҳиран ин ҳама орзуҳоро аз бех бармеканад. Чаро ки як тоҷик барои табиб шудан хеле бояд ранҷ бикашаду хеле пул сарф намояд, ки ин тавонро на ҳамаи хонаводаҳо доранд. Ё барои кайҳоннавард шудан.

Ин аст, ки ба мушоҳидаи мо, аксари ин наврасони дилашон пур аз орзу дар айни ҷавонӣ барои дарёфти як бурида нон худро ба муҳоҷират ва ё тиҷорат мезананд. Ва тамоми орзуи кӯдакии онҳо бо машаққати муҳоҷирату тиҷорат ба поёни худ мерасад.

Вале то ҷон дар бадан ҳаст, умед ҳаст. Ҳоло бархе аз ҷавонони мо бо вуҷуди мушкилҳо дар кишвар ва берун аз он таҳсил мекунанду касб меомӯзанд. Барои ҳамин, бояд ба қадри орзуи наврасон расиду барояшон шароит фароҳам овард.

Замониддин НАСРИДДИНОВ,
барои “Озодагон”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чавон

  • 17 июн 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавонон бояд ба Парда Косим пайрави кунанд.Хатман ба зинахои баланд хоханд расид ва бо хукуматдорони точик якчоя суруд хоханд хонд!
Посух додан
  • саид аспирант

  • 18 июн 2013 22:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хело хуб кайд кардед бародари азиз бояд хаминро гуфт, ки зинаи асосии илм ин мактаби миёна мебошад. Дар дехотхо нисбати мактабхои миёна ахмият намедиханд ва бисёре аз мактабачахои дехот ба шахр хондан мибиён баъд фикр мекунанд, ки илм да кучо будаст. Барои хамин бояд мо аввал сатхи дониши мактабхои миёнаро баланд кунем то ин ки мактабачахо илмро дарк карда ихтисоси худро интихоб кунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом хубин бародар мо бояд фақат аз уламо пайрави кунем чун чароғони ҳидоятан точиро хубан аммо на мисли уламо чроғи ҳидоят бошан
Посух додан
  • аспирант

  • 24 июн 2013 09:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагони азиз, хохиш дар бораи Академияи илмхои ЧТ як матолиб чоп кунед. Академия наук Таджикистана -- "Дом перестарелых".
Аз дасти ин муйсафедони аз дунёи нави технололгия ва навоавари дур мо азият мекашем. Даххо чавонон аз илм баромад рафта истодаанд. Илми точик дар холати чонкани аст. Наход маоши олим номазади илм 400 сомони бошад? Як сакичфуруш ё аробакаш дар як мох то 2000 сомони кор мекнад.
Кишваре ки олими худро маломат мезанад,
Бе асо курест дар чохи надомат мезанад.
АЛвидоъ илми точик.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони чавон дар шароити хозирае, ки Точикистони мо вучуд дорад агар аз кафои олимон хам равед охир мухочир хохед шуд.
Посух додан
  • накибхон

  • 20 август 2013 23:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рости устод дарди дили маро тазаккур кардаед миннатдорам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То сохаи маориф дар Точикистон таракки дода нашавад ва порахури хусусан дар ин соха аз байн наравад пешрави ва тараккиёти Точикистон гайри имкон аст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!