Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Даъват аз ҳукумат ва мухолифин: Ҷавонон ҳаққи бештар доранд!

20 июн 2013, 09:04

Дуруд, хонандаи гиромӣ!

Бо иҷозаи Шумо, ин бор аз боби ҷавонон сухан мекунем.

Ҷавонтарин кадри ҳукумат аз доираи руасову вузаро (раисону вазирон) - раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии кишвар Давлаталӣ Саидов аст, ки 44 сол дорад. Ҷавонтарин?!

Наздики ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор (баъзан ҳатто ғуломӣ) рафтаанд. Аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар сол то 800, баъзан аз ин ҳам зиёдтар тобути ҳамватанони моро аз Русия ба Ватан мефиристанд, ки қисми зиёди онҳо низ ҷавононанд.

Яке аз нишонаҳои қавӣ будани давлатро аз шароити хуби артиши он муайян мекунанд. Барои ман кишвари Швейтсарияро мисол наоред. Он кишвари истисноист. Барои чӣ истиноӣ? Чунки он кишвар дар зери ҳимояи байналмилалӣ қарор дорад ва ниёзе барои таъсиси артиш ҳам надорад. Ҷавонони мо мегурезанд ва пул медиҳанд, ки ба аскарӣ нараванд.

Чаро? Зеро шароити артиши мо нигаронкунанда аст.

Ҷавонони шаҳрӣ дар кишвари мо то андозае як зиндагии беҳтар доранд. Яъне, шароит дар шаҳр хубтар аст. Ҷавонони деҳот бошанд, бадбахтанд. Ҳарчанд онҷо беҳтарин ҷавонон зиндагӣ мекунанд, аммо нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии онҳо барои корҳои созанда равона карда нашудааст. Ҷавониро надида зуд пир мешаванд, мутаассифона.

Имрӯз ҷавонон аз хондан дилсард шудаанд. Ҷавонони сазовори мо хуб мебинанд, ки имрӯз аҳли зиёи мо дар чӣ вазъ қарор доранд. Ба ҳолашон гиряи одам меояд.

Ҳарчанд гуфтаниҳо зиёданд, аммо вақти зиёди Шуморо барои хондани матлаби худ гирифтан намехоҳам. Беҳтараш ягон китоб хонед, китобҳои беҳтаринро, нависандаҳои маъруфро. Ҳақорат накунед, хонед. Худо хоҳад, рӯзҳои хуш дар пешанд.

Ҳоло мо чунин як имконе надорем, ки ҳамаи ҷавонони кишварро бо кор таъмин кунем. Аммо ҷавонони эҷодкор, варзишгар, олим, донишманд, арзандаи беҳтарин шароит ҳастанд. Онҳоро бояд дастгирӣ кунем. На танҳо давлат, балки мухолифини ҳукумат низ ва сарпарастони берун аз сиёсат ҳам бояд ба онҳо шароитҳо фароҳам биоваранд. Ҳадди ақал як зиндагие мисли зиндагии фарзандони Шумо – ҳукуматиён бояд дошта бошанд онҳо! Онҳо метавонанд моро такон диҳанд, ба пешрафт баранд ва хуб муаррифӣ кунанд.

Халил ҚАЮМЗОД


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии кишвар Давлаталӣ Саидов аст, ки 44 сол дорад. Ҷавонтарин? - Раиси Кумитаи тв ва радиои назди Хукумати ЧТ Асадулло Рахмонов 40 сола аст!
Посух додан
  • Азим

  • 20 июн 2013 14:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
юлгридло юьб юлотитжл

Бародари азиз Халил Давлатали Саидов вакте мдар Кумитаи чавонон варзиш ва сайёхи ба хайси Раис кор мекарданд мешиносам Кордони масъулиятшиноси дилсузи ва гамхориашро нисбат ба сохаи чавонон хама кормандони макомоти чавонон ва бахшхои шахриву нохияви ва Донишгоххо хуб эхсос намудаанд Хама то хол хам ба он назар хастанд ки Саидов агар акалан 4 сол сохаи чавононро рохбари мекард ба дигаргунихои кулли ноил мегардидем Дар як муддати кутох ьчи кадр барномахзо тахия ва амали шудаанд Аммо боз афсус ки аз сохаи чавонон тез рафт Холо дар риштаи чалби сармоягузори Точикистон дар рохи пешравихо ва муваффакият карор дорад, ки хамохангсози ин самти кор Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон мебошад Барои кадрхои чавони Точикистон барору тавфик мехохем Ин хама аз сиёсати дуруст ва окилонаи Хукумати Точикистон дар самти ислохоти иктисоди дарак медихад Ба чавонони саодатмани Ватан барор мехохам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар чои ин Каюмзод писари ягон мансабдор мебуд хатман аз руи кини деринаашон дар матбуот чизе дар борааш менавиштанд))))))))))))))) ин бачаи Каюмзодай ё ягон хешаш
Посух додан
  • шери нар

  • 20 июн 2013 20:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар илм назария (теория) , тахлил(анализ), хулоса(новизна) гуфтани чиз хаст дустам ин се чиз дар ягон гузориши худат дида намешавад.Боз худатро ба сафи хушбахтон карор медихи! боз гуфти ки чавонони дехот бадбахтанд вой бар холат! Ман лаган бардори касе нестам. Касе ки хуб мехонад, хуб кор мекунад, бисёртар маош мегирад, хубтар зиндаги мекунад шароити иктисоди бозори хамин!
Посух додан
  • БЕДИЛ

  • 21 июн 2013 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАЪД АСЗ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИКЛОЛИЯТ БА ЧАВОНОНИ БОСАВОД КОРДОН, СОХИБМАЪРИФАТ, ЗАБОНДОН, МИЛЛАТДУСТ АХАМИЯТИ ХОССА ВА ЧИДДИРО БА РОХ МОНД ЧАНОБИ САИДОВ ВА ДАХХО ЧАВОНОНИ ВАТАН КИ ИМРУЗ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ БАР ДУШАШОН ВОГУЗОР ШУДААСТ АЗ МАКТАБИ БУЗУРГИ ЗАМОНИ ИСТИКЛОЛ ГУЗАШТААНД ВА БО САВОДИ КОФИ, ИНСОНДУУСТИ, ЗАБОНДОНИВУ, ЧАХОНБИНИИ ВАСЕЪ ИБРАТИ ДИГАРОНАНД БА САИДОВ ВА САИДОВ БАРИН МУТАХАССИСОНИ БОТАЧРИБА БАРОР ВА ТАВФИК МЕХОХАМ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!