Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

ВКД куштори бераҳмонаро дар Ҳисор тасдиқ кард

21 июн 2013, 12:16

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки як сокини ноҳияи Ҳисор аз рашк занашро бераҳмона куштааст.

Ин ниҳод мегӯяд, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҳисор ҳамчун гумонбар дар куштор шаҳрванд Сафаров Бахтиёр Зубайдович соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҳисорро, дастгир кардаанд, ки “ӯ рӯзи 20-уми июн, тахминан соати 09:00-дақиқа, аз сабаби ба миён омадани рашк, ҳамсараш Нозимова Фараҳноз Муродалиевна соли таваллудаш 1983-ро бо корди хоҷагӣ бо бераҳмии махсус 14 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа Нозимова Фараҳноз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”

Гуфта мешавад, боздоштшуда, ҳангоми муҳоҷират дар Русия шунидааст, ки занаш ба ӯ хиёнат кард ва баъди бозгашт ба Ватан ба куштори ҳамсараш даст задааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 104 қисми 2, банди «е» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ҳисорӣ

  • 24 июн 2013 09:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Воқеан ҳамин гуна ҳодиса руй додааст, мутаассифона. Аммо гунаҳкори якум занаш будааст, зеро ба шавҳараш солҳо хиёнат карда пули бо сад меҳнат аз Русия фиристодаи уро бо мардҳои ббегона кайфу сафо карда мегаштааст. Ҳатто баъди шавҳараш аз Русия омадан ҳам ин корро такрор кардааст. Шавҳараш уро дар айни хиёнат дастгир мекунад ва аз ғояти рашк бо корд занашро ба ҳалокат мерасонад. Худи Бахтиёр ба ВКД омада кордро супорида таслим мешавад. коргарони ВКД ҳеҷ заҳмат накашидаанд.
Посух додан
  • Bravo

  • 24 июл 2013 22:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Канд занед Бахтиер
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рутон сиёх, пайтон канда шавад! Канд зан Бахтиёр!
Посух додан
  • Саид

  • 11 май 2015 14:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳисорӣ,
Чихел дар вакти хиёнат капидааст ?? ин зан руирост будаст чи бало ?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!