Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Таъхиркориҳои Душанбе дар тасвиби пойгоҳи 201 чарост?

24 июн 2013, 10:33

Таҳлилгарони тоҷик дар посух ба суоли “Озодагон” сабабҳои таъхири тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ба талаби пул, пуштибонӣ дар интихобот, манофеи миллӣ ва дигар омилҳои сиёсию иқтисодӣ марбут донистанд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ

Аз ҳукумат пурсед, ки чаро созишномаи пойгоњи 201 ба тасвиб нарасидааст. Мо омодаем, ки онро тасвиб кунем, чун аксарияти вакилон бар зидди ин созишнома мухолифате надоранд. Шояд ҳам раванди он такмил наёфта аст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон

Сабаби асливу дурустро танҳо ҳукумати кишвар баён карда метавонад. Зеро ҳукумат имзокунандаи ин шартнома аст. Вале аз бардоштҳое, ки мо аз аз шароити ҳаррӯза дорем, ин аст, чанд дархостҳое, ки ҳукумати кишвар аз Русия талаб дошт, бароварда нашуданд. Шояд сабаби ба таъхир афтодани он ҳамин бошад. Ман тааҷҷуб мекунам чаро дар вақте, ки ин шартнома имзо мешуд, ҳеч талаботе дар миён набуд ва бе ягон пешниҳодот шартнома ба имзо расид. Акнун танҳо дар тасвиби он доранд таъхир мекунанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодоте ба Русия медошт, бояд қабл аз имзои шартнома онҳоро матраҳ мекард. Ин шартнома ҳануз ба парлумон ворид нашудааст, агар ворид шавад парлумони мо, ки бисёр ҳам аз ҳукумати кишвар гушкунанда аст, ҳарчи сареътар онро ба имзо мерасонад. Мушкил танҳо ворид шуданаш ба парлумон аст.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Дар шартномаи Тоҷикистону Русия якчанд масъала ҳаст ба монанди қоидаҳои нав ҷорӣ кардан барои муҳоҷирони тоҷик, беҳтар кардани шароити онҳо дар Русия, фурӯши нафте, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад аз ҷумлаи масоилест, ки онҳо мувофиқа накардаанд. Фикр мекунам, ки ба наздикӣ бояд онро ҳал намоянд. Чун алакай Русия онро қабул кардааст ва ин маънои онро дорад, ки мавқеи Русия тамоман дигар намешавад. Агар муколама байни раҳбарияти ду кишвар давом ёбад, ягон созише, ки ҳам барои Тоҷикистон ҳам барои Русия мақбул бошад пайдо мешавад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси АМСТ

Чун пешина агар созишнома байни Тоҷикистону Русия мешуд, чун анъана баъд аз имзо кардани раҳбарони ду кишвар аввал парлумони Тоҷикистон ва баъд думаи Русия онро имзо мекард. Аммо дар ин масъала баъди имзои ду раҳбар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниш нишон дод ва бисёр баҳсҳо оиди ҳадафнок будан ё набудани он барои ояндаи Тоҷикистон, ки ба ҳамин хотир каме ақиб монд. Созишномаҳои дутарафа аввал аз тарафи Тоҷикистон баррасӣ мешуду баъд аз ҷониби Русия, ин як омили интихоботист. Бо кашол додани тасвиби ин созишнома ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки аз Русия барои амалӣ кардани он созишномаҳое, ки дар сафари моҳи октябри Путин ба Душанбе буд. Минҷумла аз байн андози гумрукӣ, кумаки бевоситаи чанд миллионии Русия барои таҷҳизонидани артиши Тоҷикистон ва ғайра. Албатта баъзе мушкилиҳо ҳам нисбати интихобот ҳаст, ки барои ҳамин тасвиби созишнома аз тарафи Тоҷикистон тӯл кашида истодааст.

Илҳом Назриев, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Шояд Душанбе чизе боз аз Маскав интизор аст? Чизе, ки паси парда асту мо намедонем? Мо метавонем фақат тахмин занем. Хоҳишҳои Душанбе шояд иқтисодӣ бошад ва ё сиёсӣ ё ҳарду. Худи Душанбе ҳам ба фикрам он қадар умеди зиёд надорад. Лекин аз карнайчӣ як пуф гуфтан, ва аз шутур ақаллан каме пашм. Вақте дигар чора надошта бошанд, ба ҳар ҳол фикр мекунанд. Душанбе кӯшиш мекунад, то охирин лаҳза ин дарди Маскавро истифода барад. Чи қадар тавонад ҳамон қадар зиёдтар имтиёз ба даст меорад.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ

Чунин ба назар мерасад, ки чун мазмун ва моҳияти шартномаи номбаршуда бештар манфиатҳои миллии Русияро инъикос менамояд, тибқи тартиби муқарраргардида Русия дар ҳол онро ба тасвиб расонид. Тоҷикистон дертар эҳсос кард, ки шарту шароити аз шартнома бароянда манфиати кишвари моро халалдор менамояд. Ҳамзамон маълум аст, ки ҳангоми зарурат як ишора аз президенти Тоҷикистон кифоя аст, ки дарҳол ин шартномаро парламенти Тоҷикистон тасдиқ кунад. Аммо бо дарназардошти интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки моҳи ноябр бояд баргузор гардад, раҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро водор менамояд, ки кафолати зиёдтарро барои интихоб шуданаш ба мақоми президентӣ ва кам кардани эҳтимолияти вокунишҳои манфии кишварҳои хориҷӣ ба хусус Русияро дошта бошад. Бинобарин дар арафаи интихобот ё вобаста ба мавқеи мақомоти расмии Русия ва нашрияҳои он дар робита ба интихоботи президентӣ шартнома ба тасвиб расад. Ҳамин тавр бо вуҷуди номукаммалии ин шартнома ва бархилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будани он вобаста ба гирифтани кафолатҳо оид ба ҷонибдории Кремлин дар интихобот бидуни ягон шакку шубҳа Тоҷикистон ин шартномаро ба тасвиб мерасонад.

Абдулфаттоҳ Воҳидов, коршиноси масоили сиёсӣ

Ин масъала на танҳо сабаби сиёсӣ балки иқтисодӣ ҳам дорад. Сабаби сиёсияш ин аст, ки Русия мехоҳад бо ин восита дар минтақаи Осиёи марказӣ таъсир дошта бошад. Инки чаро то ҳол созишномаи 201 ба тасвиб намерасад, касе чизе гуфта наметавонад. Вале тахмин, азбаски Тоҷикистон давлати мустақил асту мехоҳад аз ҳузури низомии кишвари хориҷа дар қаламрави худ манфиате дошта бошад, шояд Тоҷикистон талаб дорад, то ягон маблағе гираду русҳо мухолифанд. Чун Тоҷикистон то имрӯз чандин иншооти стратегияшро ба Русия додаву медонад, ки бояд ингуна чизҳоро муфт насупорад. Ба ҳар ҳол ақаллан ягон маблағе талаб кунад, барои буҷети номукаммали мо ягон фоида мешавад. Барои ҳамин шояд фикр мекунанд, ки аз ин пойгоҳи низомии Русия ягон манфиате дошта бошанд. Шояд Тоҷикистон мехоҳад дар симои Русия дар остонаи маъракаи интихобот пуштибони низомиву сиёсии худро пайдо кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!