Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:19

“Президент-2013” ва ташкили гуруҳ барои ҷустуҷӯи номзади ягона

2 июл 2013, 18:26

Барои мушаххас намудани барномаҳои номзади ягона аз тарафи аҳзоби мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2013 як гуруҳи корӣ таъсис ёфт.

Ин гуруҳ зимни дувумин нишасти Мушовараи васеъ дар мавзӯи ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ, ки рӯзи 2-юми июн дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе баргузор гардид, таъсис дода шуд.

Ба ҳайати он Раҳматтулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳуқуқшиносон аз коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои дигари ғайридавлатӣ шомил мебошанд. Инчунин таъкид гардид, ки барои шунидани пешниҳодҳои дигари қишри ҷомеа сафҳае бо номи “Президент-2013” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳандозӣ шавад.

Бояд гуфт, дар ин нишаст зиёда аз 20 коршиноси тоҷик, ҳуқуқдонҳо, раҳбарон ва намояндагони аҳзоби мухолифу созмонҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Санаи баргузории нишасти навбатии Мушовараи васеъ дар мавзӯи ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ муайян набуда, интизор меравад, баъд аз 10 рӯзи дигар баргузор шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри шахсии ман Номзади арзанда Призиденти кунуни аст! Чунки дигар нест ягон сиёматмадоре, ки ин масъулияти вазнинро ба душ гирад! Барои хамин бисёр хуб мешуд хама дар ширди ЧО чамъ омада Точикистонро боз хам зеботару дар оянда яке аз давлатхои мутаракки гардонем. Ин буд фикру акидаи ман Илтимос хамин фейсбуку кимчихои дигара як тараф гузоред мардуми мо чию фейсбук чи о то фейсбуку однокласникиву майлагент шиштана китоб хондан даркор аст !!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман фикр мекунам, ки бо дарназардошти вазъияти имрузаи чамъияти-сиёсии Точикистон Сардори давлат бояд нафаре бошад, ки онро пурра дарк намояд. Русхо мегуянд: "Коней на переправе не меняют". Имруз аз берун фишор болои Точикистон шиддат гирифтааст. НБО Рогун, пойгохи низомии 201, пойгохи Айни ва гайра хамон "пораи ширин" барои абаркудратхо мебошанд, ки кушиши аз ТОчикистон гирифтанро доранд. Як худи Узбакистона бинед. мехохад тамоми чиликоша баробар ба жахан андозад. Талабот ин аст, ки Точикистон неругох насозад, рох насозад, газ наёрад, барои оби каламраваш хак надорад, марзи давлатияшро аник накунад, обанбори Фархода ба Тошканд дихад ва гайраю хоказохо...Пас дар чунин шароит ки метавонад, аз нол сар кунаду чавобгарии давлату миллата ба гардан гирад? Р. Зоиров, ки 100 тарафдор дорад ё не? Бигзор босавод аст, вале мебахшад дастгири халка ба даст оварда наметавонад! М. Кабири, ки аз пушташ хукуматхохони асримиёнаги истодаанд? Шумо фикр накунед, ки Кабири демократ аст. Хеч гох. Муллохо бо демкоратхо ягон вакт хамакидаю хамфикр набуданд ва намешаванд! Бовар накунед, равед ба дилхох маъракаи ягон нафар, ки ош медихад. Мулло ба касе гап намедихад, на ба муаллим, на ба олим, на ба зиёи, на ба хамсоя, на ба хаммилату хамватан. Дар фикраш танхо як чиз аст: Хукумати тундрав бо тамоми нозукихояш сохтан. Тундрав чи маъно дорад? Акти террористи, одамкуши, даъвои давлат, бекорхучаги, бисёрзанаги... и
Посух додан
  • мусулмон

  • 4 июл 2013 12:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахром,
ту мисли кофирон чухан магу. ман туро кофир гуфтан хак надорам, лекин мисли онхо рафтор накун, ман дар назар дорам суханхои ту нисбати Кабири ва муллохо. Дар Точикистон шахсоне, ки давлатро хуб идора карда метавонанд, бисер хастанд, лекин онхоро аз ин шанс дур карда истодаанд ва ба мо нишон намедиханд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!