Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Сноуден – Умаралӣ Қувватови амрикоӣ?

29 июн 2013, 09:45

Халил ҚАЮМЗОД

Як сол қабл аз ин, расонаҳои ҷаҳон дар бораи соҳибкори рус, тоҷири муҳимоти ҷангӣ - Виктор Анатолевич Бут менавишт. Вале на ҳама дар бораи ӯ ва шахсияташ маълумоти бештар доштанд. Ҳатто нависандаи ин сатрҳо аз мавҷудияти Бут дарак надоштам ва намедонистам дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ба дунё омадааст.

Баъдан маълумамон шуд, ки ӯро пулиси Тайланд боздошт карда, бо дархости Амрико таслими он абарқудрат намуд. Ҷурми вазнинеро ба ӯ часпонданд. Терроризм. Ҳар қадар Русия талош кард, то ӯро (шаҳрванди Русия) ба Русия интиқол диҳанд, аммо нашуд, ки нашуд. Кохи Сафед розӣ нагардид…

Ҳоло бошад, Амрико аз Русия талаби интиқоли “ҷосус”-и худ Сноуден (шаҳрванди Амрико)-ро дорад. Амрико ӯро бо иттиҳоми ифшо кардани сирри давлатӣ ва хиёнат ба ватан айбдор медонад.

Зимнан, Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Маскав омодааст Сноуденро бипазирад ва ҳеч монеаеро дар ин кор намебинад. “Ва набояд Амрико Русияро барои ин амал гунаҳкор ҳисобад”,- гуфт вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров. Владимир Путин, раисчумҳури Русия бошад, тасдиқ кард, ки Сноуден ҳоло дар фурудгоҳи Шереметово қарор дорад. Роҳбари давлати Венесуела, Николас Мадуро, алакай эълон кард, ки омодааст, Сноуденро ба кишвари худ бипазирад.

Эдвард Сноуден, ҷавони сисолаи амрикоӣ, собиқ корманди Оҷонси амнияти бехатарии Амрико, дар аввали моҳи июн хабареро аз ин идора ба рӯзномаҳои “The Guardian” ва “The Washington Post” дар бораи назорат шудани гуфтугӯи телефонии шаҳрвандони Амрико аз тарафи ин оҷонсиро ифшо кардааст.

Хайр, ба мо чӣ? Моро ба ӯву кишвараш ва кори онҳо чӣ кор? Оре, ӯ шаҳрванди мо нест ва дар Душанбе таваллуд нашудааст.

Ӯро Амрико хиёнаткор меҳисобад, аммо дар дигар кишварҳо ӯро қаҳрамон ва шахси ҷасур меҳисобанд. Аммо ман дигар чӣ мехостам. Ҳоло аз Тоҷикистон киро бо ӯ метавон муқоиса кард? Ёдам омад: Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24”-ро.

…Замоне ӯ низ як тоҷир буд, муваффақ ва комёб. Сарвари ширкати “Фароз”. Ва ҳоло зиндонӣ дар кишвари ба истилоҳ севвум – Аморати Муттаҳидаи Арабӣ.

Маҳбус шуд, чунки хост ба халқи худ аз ҳақиқати кишвараш ва бозиҳои пасипардагӣ дар долонҳои ҳукуматӣ бигӯяд. Хост, эътироз кунад. Хост, мардумро бедор кунад.

Ӯ бо хоҳиши Душанбеи расмӣ боздошт шуд ва ҳоло дар зиндони Дубай ба сар мебарад. Аммо чаро ӯро то ҳол ба Тоҷикистон насупориданд. Хуб карданд ва ё бад? Ин масъала печида аст ва барои таҳқиқ вақти зиёд мехоҳад.

Ҳақиқат дер ё зуд ифшо мешавад, новобаста ба вазъу шароит ва шеваи нигаҳдории он. Ҳақиқату адолат қурбониҳоро ба дунбол дорад. Умаралӣ садо баланд кард, аммо ҳақиқатро ба мардум то охир гуфта натавонист. Зеро ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бут ҳам зодаи Тоҷикистон буд. Аммо Сноуден дигар аст, аз кишвари демократист ба ҳар ҳол.

Ку бубинем, Сноуден то куҷо меравад? Эквадор, Венесуела, ё ба ҷое, ки Умаралӣ “рафт”. Интизор мешавем, ё чӣ гуфтед?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!