Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:11

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе 2830,5 миллион сомониро ташкил дод

18 июл 2011, 11:09

Имрӯз, 18- июли соли 2011 дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи  ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки фаъолони шаҳр  баргузор гардид.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сухангӯи райиси ҳукумати шаҳри Душанбе, Шавкат Сайидов иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, зимни гузориши  муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Сайвалӣ Сафаров дар ҷаласа таъкид гардид, ки таҳлили ҷараёни тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2011 нишон медиҳад, ки ҷиҳати татбиқи қонунҳо ва амалӣ гардонидани қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва раиси шаҳри Душанбе болоравии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Тибқи маълумоти фаврии оморӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввал 2830,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010 бо нархҳои ҷорӣ 106,5 фоиз (нимсолаи аввали соли 2010-ум 2141,7 млн. сомонӣ) ва саҳми он дар маҷмўи маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2010-ум 3,2 фоиз зиёд шуда, 25,4 фоизро ташкил намуд. Гардиши савдои хориҷӣ 145,9 млн. доллари ИМА буда (115,3 фоизи нишондоди ҳамин давраи соли 2010), содирот ва воридот мутаносибан 27,6 млн. ва 118,3 млн. доллари америкоиро ташкил доданд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!