Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Гулнора Каримоваро хабари тафтиши манзилҳо дар Фаронса ба Узбакистон овардааст

4 июл 2013, 09:10

Пулиси Фаронса дар чорчуби амалиёти таҳқиқи пулшӯӣ чанд манзилеро кофтукоб кардааст, ки гуфта мешавад, ба Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти Узбакистон мансубанд.

Оҷонсии иттилоотии ТТ-и Швейтсария гуфтааст, ин кофтукобҳо бо дархости прокуратураи Швейтсария анҷом шуда, ҳадафи он мусодираи аснод ва ҳабси амвол будааст.

Ахиран хабар расид, ки додситонии Швейсария нисбат ба чанд шаҳрванди Узбакистон, ки ҳамчунин гуфта мешавад ба Гулнора Каримова иртибот доранд, тафтишоти густурдаеро оғоз кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ Гулнора Каримова дар Фаронса соҳиби чанд манзили боҳашамат аст.

Расонаҳо бо такя ба як манбаъ аз Тошканд навиштаанд, манзиле, ки дар Фаронса мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифт, воқеан ба духтари президенти Узбакистон таалуқ дорад. «Худи Гулнора он вақт дар Аврупо қарор дошт ва баъди шунидани ин хабар зуд ба Узбакистон баргашт»,-гуфтааст ин сарчашма.

Аз ин пештар расонаҳо навиштанд, ки Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, бо нархи 58 миллион доллар яке аз қимматарин хонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро харидорӣ кардааст. Бино ба иттилои Real Estalker, ин қаср, ки аз он Le Palais ном мебаранду ҳудуди 48 000 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, дар шаҳри Беверли-Ҳиллзи Калифорнияи Амрико ҷойгир буда, соли гузашта 58 миллион доллар нархгузорӣ шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ин духтари 34-солаи раисиҷумҳури Узбакистон то ин дам бо Темур Тиллоев, шавҳар ва се фарзанди худ дар Beverly Park ба сар бурда, ҳаққи иҷораи моҳонаи хонае, ки дар он зиндагӣ менамуданд, 100 ҳазор долларро ташкил медодааст.

Дар гузашта ҳам хабар расида буд, ки Лола Каримова дар Шветсария ба маблағи 41 миллион доллар қасреро харидорӣ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шокурбон

  • 4 июл 2013 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бубинед, духтарони президенти хамсоя чи кор мекунад . 58-миллион(!)- да хона мехаранд. Боз чи амалхои зишт доранд. А, бечора духтархои президенти мо чи , баробари мардум кор мекунанд. одди мепушанд, одди зиндаги доранд. Як диктори телевизион аз онхо дида зиед нозу калонгари мекунад. Дируз аксхоро гузоштед. Ягон чизи зиедати ва машхур хам дар руи миз набуд. Хамон меваги, самбуса ва шарбатхое ки мову шумо истеъмол мекунем. Хама одди . Худо умри ин хонаводаро дароз кунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!