Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Қатъи барномаҳои “К+” ва санҷиши фаъолияти Файзиннисо Воҳидова

4 июл 2013, 17:13

Тамошои барномаҳои телевизиони “К+”-и Қазоқистон тариқи моҳвора дар Тоҷикистон дигарбора имконнопазир шудааст. Чанде аз сокинони пойтахт бо мо дар тамос шуда ва гуфтанд, ки аз субҳи 4-уми июл ба барномаҳои шабакаи телевизионии “К+” тавассути моҳвора дастрасӣ надоранд.

Дар як моҳи охир ин бори дувум аст, ки тамошои барномаҳои “К+” тавассути моҳвора дар Тоҷикистон имконнопазир мегардад. Аз ин пештар, дар пайи пахши видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастрасӣ ба саҳифаи интернетии “К+” низ қатъ шуда буд.

Ин шабакаи телевизионӣ тайи моҳҳои охир пайваста барномаҳоеро дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва мақомдорони Тоҷикистон пахш мекунад. Бештари ин барномаҳо аз сӯи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор” омода шуда, қисме аз онҳоро бо номи “Он сӯи хабарҳо” Сайидюнуси Истаравшанӣ таҳия месозад.

Ахиран Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохтаи тоҷик, низ дар ин шабака бештар як соат суҳбат ва аз адами адолати додгоҳиву нақзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон шикоят кардааст.

Рӯзи чоруми июл ин вакили мудофеъ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки афроди номаълум аз номи ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ саҳифае боз карда, ҳадафшон бадном кардани ӯст. “Маълум аст, ки... баъд аз навори мусоҳибаам дар телевизиони “К+” бо ҳамин васила бадном карданӣ ҳастанд. Имрӯз як мақомоти расмии давлатӣ низ ба санҷиши кору фаъолияти ман шурӯъ кардааст, ки дар ин хусус боз тафсилоти мушаххас хоҳам дод”,-навиштааст ин вакили мудофеъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мардбача

  • 4 июл 2013 19:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шабакаи телевизионии К+, дар хакикат ба шабакаи мардумии Точикистон дар як муддати кутох табдил ёфта, хакикатро ба мардум пешниход мекунад. Аз ин лихоз хохиш карда мешавад,ки ин шабакаро тезтар дастраси мардум кунанд.
Посух додан
  • culturist

  • 4 июл 2013 21:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тоҷикистон имкони манъи пахшҳои ин шабакаро надорад. Онҳо худашон чи коре кардаанд
Посух додан
  • Самак

  • 4 июл 2013 22:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шабакаи гурухи ХОИНОН гуед
Посух додан
  • озод

  • 5 июл 2013 08:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гумон мекунам, ки шабакаро онхо худшон, катъ карданд. Онхо ба ин васила пул кор мекунанд. Пули киммат ки аз макомат гирфтанд то вакти муаян мавчи шабакаро мебанданд . То як сухбати сахте дар хаки Рахмону чиновникош. ин шабака имруз точиконро як манбаи даромади пул истифода мебаранд ва дигар тамом. К+ дигар К- шудаги . Он К+ ки чанд сол пеш фаъолият мекард нест. фикр мекунам касе ки набошад, хох опозитсия хох чониби Хукмат акли сорлимро бояд кор фармояд.
Посух додан
  • Сарирохи куча

  • 5 июл 2013 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам кормандони озодагон шабакаеки точиконро бадном мекунанд. шабакаеки ба хотири манфиятхои шахсию гаразноки душманон гап мезанад ин кадар таблигаш мекунед. шумо хам ку дар як гушаи ин диёр хастед шумохам худатонро точик мегиред. чаро барои манфиятхои миллат чизе намегуед. Танхо коратон фалони ин хел гуфт фалони ин хел гуфт. факат шумо дахони мардумро нигох мекунед. Шумо як чизе биофаред ки хонандаи шумо дар мачмуъ миллат манфият бинад. Худо шуморо нигах дорад!
Посух додан
  • Оламафруз

  • 5 июл 2013 16:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Самаку сари рохи куча! Шумо худ хоин хастед, чун куру кару гунгед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!