Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:13

Аз модари Додоҷон хостаанд, то бигӯяд: “Фарзандам баргард!”

15 июл 2013, 10:28

Раиси ҷамоати Ворӯи Панҷакент ҳамроҳ бо се нафари дигар аз модари 83-солаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, талаб кардаанд, то аз фарзандаш бихоҳад, ки ба ватан баргардад.

Дар ин бора наздикони оқои Атовуллоҳ ба “Озодагон” хабар дода ва гуфтанд, бори охир ин афрод ду рӯз пеш ба манзили онҳо омада буданд. Яке аз наздикони Додоҷони Атовуллоҳ гуфт, “онҳо дар аввал фақат модари Додоҷонро дидан мехостанд. Баъд пурсиданд, ки агар мехоҳад фарзандаш ба ватан баргардад, ҳаминро ҷумларо такрор кунад. Модараш ҳам гуфт, мехоҳад, фарзандаш биёяд.”

Мусоҳиби мо афзуд, яке аз ин афрод дар дасташ камера ё дастгоҳи сабти видео дошт ва намедонанд, оё ин ҳарфҳои модари Додоҷонро сабт кардааст, ё на. “Онҳо дар бораи сабт аз мо аслан иҷоза напурсиданд. Вале маълум мешавад, ки онҳо чи чизеро ба навор гирифтан мехостанд”,-илова кард ӯ.

Мақомот то ҳол дар ин замина изҳори назар накарданд. Вале дар охири моҳи майи соли ҷорӣ як корманди ТВ "Симо"-и Панҷакент талош карда буд, то модари Додоҷони Атовуллоҳро ба навор бигирад. Он замон намояндагони мақомоти Панҷакент низ ба хонаи модари Додоҷони Атовуллоҳ омада ва пурсида буданд, ки бори охир кай писарашро дидаасту бо ӯ дар тамос ҳаст ё не ва айни ҳол Додоҷон дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, дар пайи даргириҳои дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда ва дар хориҷа ба сар мебарад. Ҳоло ӯ дар телевизиони “К+” барномаҳоеро дар бораи мақомдорони тоҷик ва вазъи сиёсии Тоҷикистон пахш мекунад. Навори тӯйи писари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ тавассути ин журналисти тоҷик дар “К+” пахш ва боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеаи тоҷик гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Додо

  • 15 июл 2013 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И махак ика худша кахрамон гирифт. То модарашро мепурсанд , то наздиконашро мепурсанд.Кимба лозим бошад. Ман гумон мекунам ки хамин кас одами Рахмон аст. просто тафрика андозу зиндаги кун . набошад барои аз байн бардоштанаш ягон мушкилие намебинам..
Посух додан
  • Ахмад

  • 15 июл 2013 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додо,
ба додои фальшивый гуфтаниам,ки ту ва хочагонат Худо нестед,ки аз байн бардоштани у барои шумо мушкилие надошта бошад.Чизе,ки мегуяд хама хакикатанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакк ба чониби Додою Дар ин давра барои худро реклама кардан пули бисёр лозим. Ин Додик бе пул чи хел ин кадар ЧО ро рекллама карда гаштост. Чаноби Исфарагиро дар як шаб аз Москва бардошта бурданд. Додик чандин солхо дар ончо суламагарди мекард. Агар даркор мебуд як шаб пеши модари 84 солааш гирифта мебурданд. Пас хулоса рекламаи бад хам реклама хаст агар аз калби аврупо садо дихад таъсираш анча зиёдтар мешавад. Барои Додик чи фарк пештар аз муллохо пул мегирифт холо аз хукуматдорон. Намояндагони хукумат бехуда ба назди модари пири вай холпурси намераванд. Вайхо хам медонанд, ки хизмати писараш дар назди ЧО калон. Кандата зан барлосбой, номард бошу пулдор бош, ғ гуфтаанд.
Посух додан
  • Salimjon

  • 15 июл 2013 18:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додочон шахрванди германия аст ва инхо наметавонанд ба осони уро дуздида биеранд
акнун мехоханд модараш вайро супорад ки мисли бародари Абдуллочонов кушандаш дар зиндон
Посух додан
  • Э Р

  • 10 декабр 2013 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
додоҷон не шайтонча меган ура буқапумуш меееееееееееееееееееееееееееееееееееееее
ееееееееееееееееееееее.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъзе одамхо дар чомеаи мо то хол хисси милли ватандусти надоранд, ким кадом хоини ватанро гуш карда гапхои онро хакикат мегуянд. Вакти он омадааст, ки мо шарафи худро хифз кунем, Атоулло ки аст, ки Президенти ва давлату Хукумати моро зири танкид мекашад. Ба у ки чунин хак додааст. Президент вакили халки точик дар чомеаи чахон аст. Точикистон сол аз сол ру ба инкишоф аст. Мо бояд нагузорем, ки хар як нокас мукадасоти моро танкид кунад, бояд ки мо дар сиёсати Президент кави бошем баъд давлату хукумат пештар меравад. Президент бояд малол нашавад, дар ин чода фикр накунад, донад, ки халки Точикистон ба пурраги тарафдори у аст, ва у бояд барои шукуфоии ояндаи давлат сай намояд. Барои ин бояд хар яки мо хисси ватандусти дошта бошем, ва нагузорем, ки хамин аттоуло-хоин ки номи халки Точикро дар арсаи байналмилали паст мекунад, ба шаъну шарафи фарзандони миллати точик расад.
илтимос чоп кунед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!