Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Додситонии кул: Боздошти Додоҷонро аз Русия дархост накардаем

15 июл 2013, 16:30

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, барои боздошти Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор” дархости наве ирсол накардааст.

Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Пркуратураи генералӣ имрӯз 15-уми июл дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, “аз боздошти Атовуллоҳ ҳеч хабар надорем ва барои боздошти ӯ ҳеч гуна дархосте низ ирсол накардаем.” Сангов аз додани иттилоъ дар мавриди он, ки мақомоти тоҷик айни ҳол Додоҷони Атовуллоҳро дар чӣ муттаҳам мекунанд, худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Додоҷон мегӯянд, ӯ соати 11:37 дақиқаи рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт гардидааст. Ин иттилоъро яке аз наздикони оқои Атовуллоҳ дар сӯҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард ва гуфт, боздошт дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ аз шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, ба Русия бармегашт. Мусоҳиби мо афзуд, "дар як тамоси кӯтоҳ гуфтанд (Додоҷони Атовуллоҳ), ки ин боздошт бо дархости ҷониби Душанбе сурат гирифта, дархост аз номи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст."

Ҷузъиёти боздошти Додоҷони Атовуллоҳ, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, то ҳол маълум нест. Вале худи ӯ чанде пештар гуфта буд, ҷониби Тоҷикистон дархости 27-умашро барои боздошт ва таслими ӯ ба Маскав ирсол кардааст. Иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон таъйид накарданд.

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.

Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Изхор

  • 15 июл 2013 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додочони нохалафа, хамун нафарои истифода кардандаш холо мефурушандаш. Баъд чорз ада мегуяд "Мана кремли ман, мана росияи ман"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи барои он дар розск додандаш ва дастгираш карданд, ки хакикатхое, кидар Точикистони мо мегузаранд ба хама халк намоиш медихад оё ягон далеле Точикистон дорад, ки касеро куштааст.
Аслан ман тарафдори хамон Додочон хам нестам лекин ин Точикистони мо то ба кай шахсони хакикат гуйро тухмат карда паси панчара мешинонда бошад? Ки чавоб додаметавонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!