Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:36

Вазорати кишоварзӣ вазифаҳои нав мегирад

18 июл 2013, 15:32

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар пайи ислоҳоти ин соҳа аз як ниҳоди назораткунанда, ба маслиҳатдиҳанда барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил хоҳад ёфт.

Суюнхон Рустамов, муовини якуми вазири кишоварзӣ, имрӯз, 18-уми июл, зимни нишастӣ хабарӣ дар Душанбе иброз дошт, ки ислоҳоти идоракунии вазорат аз соли 2012 то 2016-ро дар бар мегирад.

Номбурда қайд намуд, ки агар ин ислоҳот дар солҳои наздик анҷом наёбад, ба рушди соҳаи кишоварзӣ халал мерасонад: «Чунки ислоҳоти замин дар кишвар ба анҷом расонида шудааст ва дар ҷумҳурии мо якчанд намуди хоҷагидорӣ пайдо шудааст. Дар натиҷа ҳоло 120 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст. Талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба хоҷагидорӣ низ дигар шудааст ва аз ин лиҳоз гузаронидани идоракунии ислоҳоти кишоварзӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра мебошад.»

Ба қавли Суюнхон Рустамов тибқи ин ислоҳот вазифаи Вазорати кишоварзӣ додани маслиҳатҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ мешавад. Ӯ шарҳ дод, ки маслиҳатдиҳӣ асосан дар сатҳи ҷамоатҳо амалӣ мешавад: “Айни ҳол роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз соҳаи кишоварзӣ дур буда, аксарияташон намояндагони соҳаҳои тандурустиву маориф мебошанд. Вазорати кишоварзӣ дар сатҳи миллӣ ҳамчун мақомоти иҷрокунанда мебошад. Дар сатҳи вилоятҳо сарраёсатҳои кишоварзӣ, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо раёсатҳои кишоварзӣ аст, ки мутаассифона маблағгузории ин се мақомот, ки ҳар сеяш зертобеи вазоратанд, аз 3 сатҳи буҷетӣ сурат мегирад. Яъне вазорат аз буҷети ҷумҳуриявӣ, сарраёсатҳои вилоятӣ аз буҷети вилоятҳо ва раёсатҳо аз буҷети шаҳру ноҳия маблағгузорӣ мешаванд, ки тибқи ислоҳот дар ин самт низ тағйриот ба миён меояд».
Муовини якуми вазири кишоварзӣ илова намуд, ки тибқи ислоҳоти нави идоракунӣ бояд идоракунии вертикалӣ ҷорӣ шавад ва маблағгузории ҳар яки онҳо мутамарказ бояд шаванд ва аз буҷети ҷумҳуривӣ маблағузорӣ хоҳанд шуд.

Суюнхон Рустамов мегӯяд, соли равон ду лоиҳаи қарор аз ҷониби вазорат барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст, ки тибқи қарори якум 4 ташкилоти зертобеи вазорат якҷоя шуда, аз ин як корхона дар самти зотпарварӣ таъсис дода мешавад ва ҳамчунин 2 корхонаи воҳиди давлатии зертобеи вазорат барои бесамаранокияшон барҳам дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!