Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

Ҳабси ҳавопаймои “Сомон-Эйр” барои ҳамсари президент Раҳмон?

22 июл 2013, 10:13

Ҳавопаймои хатсайри Франкфурт-Душанбеи ширкати “Сомон-Эйр” бо таъхири беш аз 17 соат ба Тоҷикистон расидааст.

Тибқи иттилои торнамо ё сайти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишасти ҳавопаймои “Сомон-Эйр” дар пойтахти Тоҷикистон соати 03:05-и субҳи 21-уми июл дар нақша будааст. Аммо амалан ин ҳавопаймо дар Душанбе соати 20:30 дақиқа фуруд омадааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бархе корбарон аз таъхири парвози ҳавопаймои “Сомон-Эйр” хабар дода, навиштанд, ки гӯиё ин ҳавопаймо аз сӯи мақомоти фурудгоҳи Франкфурт ба ҳабс гирифта шудааст. Яке аз истифодабарандагони “Фейсбук” навишт, ҳамсараш низ мусофири ин ҳавопаймо будааст ва бе ягон ҷубронпулӣ соатҳои дароз мунтазир мондааст. Ӯ менависад, аз сабаби он, ки класси якуми тайёра махсус барои бонуи рақами яки Тоҷикистон, яъне ҳамсари президент таҷдид ва таҷҳизонида шуда будааст, мақомоти олмонӣ онро боздошт кардаанд.

Барои дақиқ кардани иттилоъ мо ба дафтари асосии ширкати “Сомон-Эйр” дар Душанбе муроҷиат кардем. Аз дафтар посух доданд, ки ин суҳбати телефонӣ нест. Дар бахши танзими парвозҳои ширкати “Сомон-Эйр” сабаби таъхири парвозро “сирф техникӣ” унвон намуданд. Дар мавриди овозаҳо оид ба ҳабси ҳавопаймо бахши танзими тайёраҳо маслиҳат дод, ки “хаттӣ муроҷиат кунед.”

“Сомон-Эйр” нахустин ширкати хусусии ҳавоии Тоҷикистон аст, ки тайёраҳои нави навъи “Боинг”-ро дар ихтиёр дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ дар сафарҳои хориҷияш аз тайёраҳои ин ширкат истифода мебарад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • муслим

  • 22 июл 2013 17:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои Шумо чи фарк дорад. Асос ин ки фуруди мусофирон муваффакона будаасту касе осеб надидааст. Аз сафсатахои бемантики Шумо безор шудем. Вой дод. Коре карда амалеро ба касе пайваст мекунед. Як мурги мо ду руз боз тухм намекунад. Шояд ба он хам сарбасар шавед. Тавба, хамин хамин журналистика шуду монд. Як матлаби солим нависед. Як дурнамо гуед, ки ба хайси идея ё гапи нав бошад. Факат гапи хамсоязанхои дехот.
Посух додан
  • Darvesh

  • 22 июл 2013 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муслим,
Dar in mohi Sharifi Ramazon ba hama gunoh boyad javob dod!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб хабари бефоидаву бемантик! Аммо чаро нанавиштед, ки дар сурати дер омадани хавопаймо оё Бонуи раками яки Точикистон дар хамин хавопаймо будааст ё не? Проста як сарлавхаи вохима монда ду гапро печу дар печ менависед...... Хай рохи ба даст овардани хонанда дигар гуё намондааст да ..................... Мухим сарлавха гузоред дарунаш холи хам бошад хеч гап не ...................... Шояд ба хар рох мехохед номи Президент ва хонаводаашро бад кардан гиред..................
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муслим,

Оқои "муслим", забони тоҷикӣ аз маталу зарбулмасалҳо бисёр ғанӣ аст. Барои ҳар лаҳзаи зиндагӣ мисраи шеър оварда мешавад. Ба ин зарбулмасал таваҷҷӯҳ кунед: "ХАР ЧӢ ДОНАД ЛАЗЗАТИ ҚАНДУ НАБОТ, ТӮРБАИ КАҲ БОШАДУ КУНҶИ РАБОТ." Ин дар бораи кӣ гуфта шудааст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамватанони азиз. Як ба ёд оред, ки чи касе баъди кадом ходиса гуруххои ярокдори авбошро дар ЧТ ба як бор бесилох карда ватанро ором кард. Ин шахси бохирад ва миллатдуст Убайдуллоев Махмадсаид ном дорад. Агар холо хам вакт аст, уро ба президенти пешбари кунанд, миллатро аз балохои хоричиву дохили хатман рахо хохад кард. Набошад рузе роххои заминиву хавоиро хам аз даст дода ба як пора нони гераолуди афгони муттахам хохем шуд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!