Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

Бекназаров дар бораи Ҳаҷҷи бе навбат ва мошин барои пахтачинӣ

22 июл 2013, 10:22

Саъдулло Бекназаров, раиси Қубодиён, дар як нишасти хабарӣ дар ин ноҳия гуфт, онҳое, ки писаронашонро ба артиш сафарбар мекунанд, бе навбат ба Ҳаҷ хоҳад фиристод.

Оқои Бекназаров ба суоли хабарнигорон дар бобати ҷой доштан ё надоштани даъвати мактаббачаҳо ба сафи артиш дар ноҳия гуфт, дар давоми фаъолияти кӯтоҳи кораш ду нафарро сафарбар кардаанд.

“Ду талабаи мактабе, ки равон кардем, худро бардурӯғ аз синфашон мемононданд. Инҳо 19-сола буданду ба 20 медаромаданд. Якеаш мегӯяд, ки падарам зан диҳад, баъд мактабро тамом мекунам”,-гуфт Саъдулло Бекназаров ва таъкид кард, ки дар ин маврид комиссияи даъват ба сафи артиш ҳақ аст. Баъдан номбурда гуфт, кишоварзони ноҳия дар вилояти Хатлон аввалин шуда ба чиниши пахта оғоз карданд.

“Гуфтанд, Бекназаров барои як гули пахта як мӯйсафеду як кампирро 1000 сомонӣ мукофот додааст. Ман барои пешравии кор додам ва боз медиҳам. Кадом хоҷагие аввалин шуда нақшаи пахтасупориро иҷро намояд, ба раиси он ва раиси ҷамоат то автомобил туҳфа менамоям. Ман ҳатто як дафъа мошини шахсиамро низ тақдим кардаам”,-афзуд раиси ноҳияи Қубодиён.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дарвеш

  • 22 июл 2013 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Автомобилаш фарсуда шуда бошад? winked
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба мардуми точик бовар кунед ин Бекназаров и худнамоиши дигар ягон кор намекунад худашро нишон медихад бе фоида дастгохи раиси чумхур як бор комисия карда фаолияташро дида бароянд х андоза чам карда наметона факат кораш мачлисгузарони хар як мачлис як коргари хукуматро аз вазифаш гирифтани мешавад бади мачлис ....... метиян дигар номи он коргаро як мох ба дахон намегирад ягон харфи ман дуруг нест факат аз шумо эхтиромона хохиш мекунам шархи манро чоп кунед.!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!