Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:41

Салимзода дар бораи интихобот: Раҳмон ягона номзади арзанда аст

22 июл 2013, 11:33

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, номзадияшро дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон намегузорад ва аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунад.

Салимзода гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ягона нафари арзандаи президентист, ки метавонад ва миллатро нигоҳ дорад ва барои мисол кишвари ҳамсоя Афғонистонро мисол овард, ки солҳо боз мубталои парешонист.

Додситони кул инчунин суолро дар мавриди пешиҳоди номзадияш дар интихобот правокатсионӣ хонда, аз рӯзноманигорон даъват намуд, ки аз додани чунин суолҳо худдорӣ намоянд.

Аз ин пештар Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфта буд, президент шудан дониш ва тавоноии бештар мехоҳад, ки чунин қобилиятро надорад. Вай бо ин ҳарфҳои худ иштирокаш ба ҳайси номзад дар интихоботи президентии Тоҷикистонро рад кард. Бо ин ҳол, оқои Зарифӣ гуфт, бовар дорад, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон орому шаффоф баргузор ва нафари арзанда интихоб хоҳад шуд.

Инчунин Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, имкони иштирокаш дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро, ки қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад, рад кард. Оқои Расулзода, ки рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд суҳбат мекард, афзуд, “мо пеш аз ҳама бояд он вазифае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва мардум бароямон гузошта шудааст, иҷро кунем. Намедонам, аз кори ман мардум ва ҳукумати ҷумҳур розӣ ҳастанд ё не. Аз ин рӯ, бояд камбудҳоямонро ислоҳ кунем.” Раиси вилояти Суғд афзуд, талошаш бештар рӯи ин аст, ки сазовори мақоми худ бошад ва корашро ба ҳайси раҳбари вилоят беҳтар анҷом диҳад. “Боз мегӯям, ман дар ин бора боре ҳам фикр накардаам ва намекунам”,-таъкид кард ӯ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ол

  • 22 июл 2013 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмон барои щумо арзанда аст. Хеле хурдед гаштед дар сояи у.
Посух додан
  • dust

  • 22 июл 2013 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ohir onho joyashon hub ast agar digar kas shavad as joyashon memonand.
Посух додан
  • Абдулло

  • 22 июл 2013 14:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Арзанда будани хама гуна номзадхоро ба хайси Раиси Чумхур факат ва факат мардуми Точикистон муайян мекунанд, на балки мансабдорон ва кормандони хукумати.
Посух додан
  • Олим

  • 22 июл 2013 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Арзандахо ба вазифаи Президент дар байни мардуми Точикистон хело ва хело хам бисёр хастанд. Барои ин,интихоботи дар пеш истода бояд ба таври шаффоф ва демократи баргузор гашта,ба номзадхо шароити як хела фарохам овардан, даркор мебошад. Дар он холат дар хакикат арзандатарин шахс ба макоми Раиси Чумхур пурра муайян мешавад.
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 22 июл 2013 15:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эхе номзадиатро мону кандата хур ака! Чуръати гуфтанашро надори. Аммо дар бораи шахси арзанда шумо хамчун додситони кулл, конундон хак надоштед пеш мухлат таблиг кунед ва аз мансаб суистифода бурда. хайр ку адолат дар мо конуни чангал аст ку. Конун факат барои камбагалхост.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом хонандагон магар касе чуръат дорад ки номзадиашро гузорад агар гузорад холаш мисли З Саид мешад ё дар хонааш худкуши мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БИНГАРЕД ХАМВАТАНОНИ АЗИЗ Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, шарм надошта худаш конуншикани карда истодааст. ТУ МАГАР САРКОНУНИ ТОЧИКИСТОНРО НАХОНДАИ, КИ КАДОМ ШАХСЕ, КИ ДУ БОР ПРЕЗИДЕНТИ КАРДААСТ ХАК НАДОРАД, КИ СЕЮМ БОР ХУДАШРО ДАР НОМЗАДИ БИМОНАД. ЧИ МАГАР ДОДСИТОНИ КУЛЛИ ТОЧИКИСТОН, КИ КОНУН ШИКАНИ КУНАД ЧАЗОЯШ ЧИСТ....?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ту дар расия як мох рафта дар замистон кор куни кани бинем мегуи ки номзади арзанда рахмон аст?
Посух додан
  • hisor

  • 29 июл 2013 07:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
devonaen?in hukumat baroi tinjii vatanu xalk jonboziho kardaast.ba'di in kadar mehnatu azob ba kadom tayoraxurho busuporad.gazu neft baromad tillo ziyod shud ob mexaridagiho ziyod shud.rogun nazdik shud inshoalloh.noni tayorton meforahaaa.hukumatu az kafoi hukumat istodagiho govan aku ba shumora..salimov zinda boshi.zinda bod rahmon.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бечорахо аз сояашон хам шубха доранд ва чунон тарсую эхтиёткоранд ки ....Вагарна кадом солдат орзуи генерал шуданро надорад?
Посух додан
  • усмон

  • 28 октябр 2013 16:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Олим,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!