Бахшҳо

Ҳукумов гуфт, Узбакистон муштариёнашонро “мегурезонад”

Амонуллоҳ Ҳукумов, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, мегӯяд, ранҷу азоб дар қаламрави Узбакистон боиси он шудааст, ки мусофирон аз истифодаи хидмати роҳи оҳан худдорӣ мекунанд.

Амонуллоҳ Ҳукумов, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯяд, ранҷу азоб дар қаламрави Узбакистон боиси он шудааст, ки мусофирон аз истифодаи хидмати роҳи оҳан худдорӣ мекунанд.

Ҳукумов имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз сиёсати Узбакистон дар мавриди қаторҳои Тоҷикистон интиқод намуда, афзуд, “дар роҳи давлати ҳамсоя мусофиронро бисёр ғам медиҳанд. Ин сабаби асосии кам шудани мусофирони мо аст. Аз соли 2009 қарори махсуси ҷумҳурии Узбакистон барои кам кардани ҳаҷми боркашонӣ дар қитъаи транзитии роҳи оҳани Тоҷикистон кабул карда шуд, ки ин характери сиёсӣ дорад.”

Оқои Ҳукумов илова намуд, ки ахиран аз абарқудратҳо, аз ҷумла Амрико дархост кардаанд, ки ба ин масъала расидагӣ намояд: “Мо ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон навиштем, ки агар як журналист ё нафари дигарро қапанд дар тамоми дунё бонг мезанед. Як солу 8 моҳ мешавад, ки ҳамаи боркашонӣ ё ба минтақаи Душанбе сурат мегирад ё ба вилояти Суғд ва аз он ҷо ба Хатлону ВМКБ интиқол дода мешавад. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар хароҷоти иловагӣ мешавад. Дар инҷо ҳамаи гап дар сари Роғун аст.”

Раиси роҳи оҳани Тоҷикистон ҳаҷми хисороти яксола аз монеасозиҳои Узбакистонро ҳудуди 50 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд. Дар мавриди самараи кораш Амонулло Ҳукумов афзуд, ки вақте сардори роҳи оҳан таъин шуд, ин корхона сад миллион доллар қарздор буд: “Баъзе кормандони корхона то як солу ду моҳ маош намегирифтанд. Вагонҳои мусофиркашониро баста буданд, як солу се моҳ вагонҳои боркашонӣ намеомаданд.”

Бо зикри ин ҳама ва хизматаш дар бартарафсозии онҳо Ҳукумов таъкид намуд, ки “баъзан, моро ҳам қаҳр мекунад вақте журналистон надониста матлабе менависанд.”
Мӯҳр
ХУКУМОВ.! ТУ КОРХОНАИ РОХИ ОХАНИ ТОЧИКИСТОНРО ШАРМАНДА КАРДИ...
АЗ РУИ ХАМОН ЯК ФАРЗАНДИ НОХАЛАФАТ

Cамад
Дар каторахои рохи охани Точикистон ,аз Душанбе то Маскав, як мох пеш рахсипор шудам. Дар хакикат он наворхое,ки таввасути шабакаи "Россия"барномае пахш шуд,бо номи "Шайтан поезд" хамаи холатхо асос доранд.Дар каторрахо хатто об барои дасту руй шустан ба кофи набуд.Хочатхонаи катора,хамин хел чиркин ва анти санитари буд,ки таъбат намекашид,ки ба ончо дарои. Камбудихо дар хакикат чой доранд.Умуман каторахо ба ягон стандартхои амалкунанда, чавобгу нестанд. Нархи рохкиро баланд мебошад, аккалан шароит барои мизочон мухайё кунед.
Чи тавре,ки хавопаймохои руси ба самти Точикистон парвоз мекунанд,хамин тавр каторахои русхо хам ба тарафи Точикистон хатсайр мекушоданд,хам нарххо арзон мешуда хам холати санитарии каторахо нагзтар мешуд.

Ахмад
Э бародар хаму заду шапи расия хам барои хамин ки каторахои худашро сар тияд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)