Насиҳати Ҳукумов ба журналистони тоҷик ва Додоҷон
Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар нишасти хабарии 22-юми июл журналистони тоҷикро як навъ насиҳат кард ва онҳоро ба ҳамкорӣ хонд. Ӯ гуфт, ҳар як хабарнигоре, ки ба манофеи худ ва гуруҳаш кор мекунад, оянда надорад.
Оқои Ҳукумов, ки чанде пештар писараш -- Рустам Ҳукумов бо нашрияи “Имрӯз Нюз” баҳси додгоҳӣ дошт, афзуд, “ман бо Ғоиб Қаландаров рафиқ будам, дар тарбияи ҳамин одам калон шудаам. Ӯ пеш аз раиси телевизион буданаш хабарнигори рӯзномаи “Правда” буд. Як матлабаш дар газета чоп мешуд, хонаи ҳамон котиби райком месӯхт. Ман вақте ба Душанбе омадам, шароит надоштам ва дар хонаи ҳамин одам меистодам. Ӯ доимо коргарҳояшро таъкид мекард, ки қалами журналист бояд бисёр тез бошад, лекин барои манфиати миллату ватан кор кунад, на яктарафа бинависад.”
Раиси кунунии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар идомаи суханаш аз журналисти маъруф Отахон Латифӣ ҳам ёдовар шуда, гуфт, “Отахон Латифӣ барои таҳияи як матлаб рафта дар Ёвон ду моҳ пахта чидааст. “Иштибоҳ кардан лозим нест. Барои як обрӯ зиёд шавад, як сенсатсия шавад гуфта хонаи як одамро сӯзондан кори хуб нест. Мо бояд бисёр дурандеш бошем. Фикр намекунед, ки ҳамин як одам дилсӯзи ҳамин миллат асту ҳамаи мо не? Як Атовуллоеви касофат тариқи телевизион баромад карда мегӯяд, Раҳмонов Узбакистонро ин хел гуфту он хел гуфт. Агар ҳамин гапҳо дуруст бошад, мо ҳам розӣ ба ҳамин гапҳо. Лекин як гапҳои қабеҳи бофтаро аз ким-куҷо пайдо карда мегӯяд...”
Амонулло Ҳукумов хитоб ба хабарнигорон гуфт, дари онҳо ҳамеша ба рӯи журналистон боз аст ва барои таҳияи гузоришҳои хуб кумак хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |