Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Боздошти 37 “ашрофзода” барои пойгаи шабона: Раиси Ҳисор ҳам иштирок кардааст

25 июл 2013, 10:20

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ва Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи умури дохилии ин ноҳия, мегӯянд, дар ду шаб 37 ҷавон, аз ҷумлаи калонзодаҳоро боздошт кардаанд, ки шабонгоҳ дар қаламрави ноҳия пойгаи мошин мегузарондаанд.

Усмон Сабзов зимни нишасти матбуотии ҳукумати ноҳияи Ҳисор гуфт, "аз миёни 37 тан ягон нафараш писари колхозчӣ ё писари муаллим нест. Ҳамааш писарони роҳбарон, соҳибкорон, собиқ роҳбарон, дар маҷмӯъ бачаҳои одами калон мебошанд.”

Сабзов таъкид намуд, то омадани ӯ ба мақоми раисии ин ноҳия, масъулини маҳаллаҳо ва сокинони ноҳия муроҷиат мекардаанд, ки шабҳо хоб рафта наметавонанд ё “фалон мошин фарзандонамонро дар роҳ задааст.”

Раиси ноҳия афзуд, баъди санҷиш муайян шуд, ташвиш дар мавриди пойгаи мошинҳо воқеист: “Ман маҷбур шудам, сардори шӯъбаи умури дохилиро фарёд кардам, гуфтам биё, ки кор ин тавр бурда намешавад. Гуфтам, либоси варзишӣ пӯшида, намудатро дигар кун. Либосашро дигар карду соатҳои 10-11-и шаб назди универмаг рафтем, ки мошинҳо ҷамъ шудаанд. Чизе, ки айнан шудааст ман нақл мекунам. Он ҷо моро намешиносанд, ки раиси ноҳия кию раиси пулис кист. Ман бо як Прадои сиёҳ, бо рақамҳои шахсӣ рафтам. Гуфтанд, ки воридшавӣ дар ин пойга 100 сомонӣ аст. Маршрути якум аз назди универмаг то назди беморхона, маршрути дуюм аз пеши универмаг то Қалъаи Ҳисор будааст. Он ҷо як нафар истода назорат мекунад, кадом мошин пеш омад, ҷои якум дуюм сеюмро маълум мекунанд ва ҳамон маблағе, ки ҷамъ шудааст 60 ё 70% ҷойи якумро медиҳанд, 20-30% ба дуюм ва боқимонда 10%-ро ба одами сеюм медиҳанд.”

Ба ин тартиб, ба гуфтаи раиси ноҳия, ӯ бо сардори шӯъбаи умури дохилӣ 100 сомонӣ супорида, ба хотири маълумоти бештар пайдо кардан вориди пойга шудаанд: “Мошини ман тез медавид, ҳамин қадар кӯшиш кардам, бо вуҷуд то пеши беморхона 6-ум ё 7-ум ҷо омадам. Ҷойҳои якуму дувумро дигарҳо гирифтанд. Миёни худи ҷавонон, ки 18-20 ва баъзеш 15-16 то 25-солаанд ҷанҷол шуд. Инаш мегӯяд, Шумо маро "помех" додед, дигараш мегӯяд, Шумо ба ман халал расондед. Ҷанҷолашон сахт рафт. Мо, ки дар миёнашон боақлтар будем, гуфтем, ҷӯраҳо ин хел намешавад. Ин ҷанчоли Шумо ба хотири ҳамон пуле, ки дар даст ҷамъ кардаед ба хотири ҳамон аст, биёед, як роҳи дигарашро меёбем. Ман калонсолтар нисбати Шумо пулро ба ман диҳед, кафолат медиҳам. Ба онҳо гуфтам, ҳамаатон шаҳолатномаи ронандагиятонро ҷамъ кунед, кадоме, ки шаҳодатнома надорад техпаспорташро диҳад. Ҳамагӣ ду мошин ягон ҳуҷҷат надоштааст. Гуфтем, касе, ки ҷой гирад маблағро ба ҳамон медиҳем. Баъдан мо ба милисахона рафта, гуфтем зуд рафта аз 3 тараф ҷамъ карда биёред, маҳкам кунед. Аз байнашон 4 нафар гурехт, дигарашонро қапидем.”

Ба қавли Усмон Сабзов дар пойгаи роҳи Қалъаи Ҳисор низ ҳамин усулро истифода бурда, иштирокчиёнро боздошт намудаанд ва баъд аз як ҳафта бо ҳамин тарз мотосиклронҳоро ҳам боздошт кардаанд.

Раиси ноҳияи Ҳисор илова намуд, санҷиш муайян намудааст, ки волидайн шабҳо фарзандонашонро бе назорат гузоштаанд ва ҳамаи дастандаркорон муҷозот шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси азиз. Хамон туфлиат дар поят хаст?
Хамоне ки дар мачлиси калони хукуматат ки садхо одам омада буд ва аз минбари президент туфлиатро бароварда таъриф карди?
Инро дон ки туро президент муваккатан дар ин вазифа мондаги аст!!!
Хамрохи сардори раёсати вкд писарони шахсиятхои бонуфузи нохияро бо хар тухмат капидести. Аз чумла бачаи Домулло Исмоил Пирмухаммадзода.
Рамазон Рахимови мухтарам!
Кори раёсати корхои дохилии ин нохияро аз галбер гузаронед. Хеле корхоро кашф мешавад.
Бовар дошта бошед!
Посух додан
  • Мотосиклист

  • 25 июл 2013 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси инхо медони ки аст? Медони вале эълошнаш накарди зеро аз вазифа мепари. Барои хамин як тавре дар инчо гап задаи ки нарачанд, вагарна каппат дуд мекунад раис Бобо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин сохиби говро бастааст -ку?!
Нашармида занхои камбагала хар руз хакорат карда мегардад дар бозори Хисор!
Абубакр дуруст гуфти ки ин одам раис нест. Охо ин кару фар ва катагихоро намебини?
Мегуфтаги президент гайри телефон кардан ба ин кор надора. Хар руз мега ина ман кати Рахмонов, чаноб телефони гап задам. Ин кадар дуруг!
Тамоми кадрхои баландихтисоса аз кор пеш кард. Подабонхоро меоварда бошад?
Алимардонов шумо кучоро нигох мекунед?
Инро дон ки обурута бо раиси МВДаш резонданианд.
3000 солагии Хисор дар наздики. Бо шеърнависиаш шарманда карди аст? Хамачо ифлос.
МВД шабона кучо рафтани раисро бинад?
Тарафои Саховат. квартирахои махфи.
Озодагон! рузои шанбе мархамат Хисор биёед ин "шоир" бо лахни кабех бо мардум гап мезанад. Ду зани бечорара ... АЗ прокуратура пурсед он занхо аризаи шикояти навиштагианд аз болои ин раис.
аз дастгох пурсед.
Посух додан
  • Изхор

  • 25 июл 2013 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Хар руз мега ина ман кати Рахмонов, чаноб телефони гап задам. Ин кадар дуруг"! ХаХаХа бо ранги калтаи мансур хо кино аст ку Ало сталин Канати сомолёта сохтан.... Гушвору чалатона натен ки солгарди хисора чашн мегирем. Хтёт куне! Раиси чамоати мо хам хамихелияй кадоме худаш хамаи заминора гирифтаст мега ман намояндаи чаноби олиям. Гап мезани (учасковий) нозири минтакавира фарёд карда сад сомона парид.....худо ай и бад накуна.
Посух додан
  • Рустам

  • 25 июл 2013 22:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
харомиё хубтон карданд!,
Офарин раис ва сардори ШКД ин харомзодахо пулу моли тайёри падарошона катаги карда гаштанд. Инро бояд пинхони ба навор мегирифтен баъд дар тв нишон медоден хуб мешуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар хакикат Изхор рост мегуяд дар хамаи чо гап мезанд ва мегуяд, ки навакак бо чаноби оли сухбати телефон доштам кадом вакте ки назди кабинет нарави у дар дасгохи раиси чумхур аст мегуянд ё дар назди у
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба хар хол раис раис аст, у аз назари худованд дур нест, лозим нест бародарон дар хакки як инсон ин кадар бехурмати ва суханони кабех
Посух додан
  • султон

  • 13 август 2013 20:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чавоб ба ронанда ва изхор бародаро раиси зур будай ин кадар коро кардаст кош раисои нохияи мо мешуд хамихел одамо ба фикрам шумоям дар хамон гурухо кушен аз бахилитона меген ёки шумора як бугоян т бо мефахмен
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси Мухтарам дар нохия корхое хастанд мухимтар аз ин гапхои дуруг.Дар урфият гуфтаанд: "Гапи бисёр як хара бор"Солхои охир дар нохия ягон бехбудие нест, ба гайр аз замин фуруши ва сохтумонхои давлатиро фурухтан. Хуб мешуд агар Шумо аз паи ободонии нохия мешудед ин бисёр хам кори хуб мешуд. Дар хукумати нохия хама кадрхои бесаводро ба кор монда истодаед.Ин шармандаги аст нафрати инсон меояд. Писари дигаронро мебнеду писари худатон чи? Писару додарои худатонро назорат мекардед хубтар мешуд "Кури худу бинои мардум!"Нохияро Шумо не писару бародаронатон бо телеххоятон идора крда истодаанд.Писарону бародаронатон ба хама корхои нохия даст мезананд кучоеро,ки хоханд мефурушад.Чи коре хоханд мекунанд. Аз Худо наметарсед? Фарзанди мусалмон! Боз ман фахмидам, ки Шумо Худо тарс будаед...
Чавонмардо чавонмарди биомуз,
Зи мардони чахон марди биомуз.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!