Бахшҳо

Чанд тан аз мо худро соҳиби ин марзу бум медонад?

Соҳиби ин кишвар кист? Вақте навиштаи бархе хомабадастонро мехониву суҳбати сарироҳии бархеро мешунавӣ, шигифтзада мешавӣ. Зеро онҳо огоҳона ва ё ноогоҳона соҳиби кишварро ҳукумати Тоҷикистон ва дар аксари ҳолат шахси президент медонанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумат як ниҳодест муваққатӣ ва президентӣ низ мансабест интихобӣ, яъне вобаста аз раъйи мардум ва дар асл на хоҷа, балки хидматгори мардум аст. Ҳоло бигзарем аз ҷанбаи сиёсии масъалаву ба асли мавзуъе, ки таконе барои иншои ин матлаб шуд, бипардозем.

Чанд рӯзи ахир маро овезаҳои таблиғотӣ дар гӯшаву канори роҳҳои шаҳр азият медиҳад. Намедонам, додамро ба кӣ бигӯям, зеро ба таври жарф бар ин бовар расидаам, ки забони ин миллат монанди хеле аз муқаддасоти дигараш соҳиб надорад. Ҳоло шояд дӯстон бо хушбинии тамом ва бар пояи руҳияи худдӯстдории тоҷикона садо баланд кунанд, ки соҳиби ин забон худи миллат аст. Шояд чунин бошад, ва агар чунин аст, пас, воқеан соҳиби нотавон ва заифе будааст. Охир, бубинед чи навиштаанд: “Занҷира бо кулон аз тилои зард”. Шояд нависандаи ин ҷумлаи подарҳаво дар тасаввури худ фаҳмида, ки чи менависад, аммо ҳеч тоҷик наметавонад фаҳмад, ки ин вожаҳои комилан берабт ба забони тоҷикиро аз куҷо пайдо кардаанд?

Воқеан агар додгоҳҳои кишвар бар мабнои адолат шикояти мардумро баррасӣ мекарданд, ман аз болои ширкатҳои мобилӣ ба хотири таҳқири миллатам шикоят мебурдам. Вале афсӯсу ҳазор афсӯс, ки чунин додгоҳ нест ва агар ба ин маънӣ ҷое шикоят бибарӣ ё девонаат мехонанад ё ба нармӣ аз дари утоқашон берунат мекунанду ба ҳолат механданд. Дар хушбинонатарин ҳолат намояндаи ширкатро даъват мекунанду ба қавле “доля” меситонанд. Медонед чаро? Чунки онҳо соҳиби ин забон нестанд. Онҳо ҳеч гуна эҳсоси соҳибият надоранд ва аз ин рӯст, ки масъулияте ҳам дар баробари таҳқири забону миллат надоранд. Онҳо бештар дар фикри ҷамъ кардани сармоя ҳастанд ва пас аз расидан ба мансаб дар фурсате начандон тӯлонӣ соҳиби мошинҳои гаронарзишу қасру ҳавлиҳои боҳашамат шудани онҳо далел бар ин гуфтаҳост.

Албатта, ин далелро ҳеч ниҳоде маҳкамаписанд намедонад ва боз, албатта, то замоне ки хоста бошанд. Агар Худо нахоста коре анҷом гирад, ки ба болотарҳо хуш наояд, чунон далелҳои подарҳаворо маҳкамаписанд медонанд, ки ба қавле талхаи ҳар ҳуқуқдон мекафад. Возеҳтарин ва охирин намунаи ин гуна бархӯрд қазияи ба сари Зайд Саидов омадаву шикояти ба ном ташкилотҳои зиёӣ алайҳи Олга Тутубалина, сардабири нашрияи “Азия-Плюс” мебошад.

Шояд лозим аст, ки ҳар ширкати мобилӣ ё ҳар ташкилоти дигареро, ки нисбати забони мо беэҳтиромӣ ва ҳатто таҳқирро раво мебинад, душмани миллат эълом дорем?! Бибинед, ширкате ба номи аҷнабии “Тселл” чи овезаҳои таблиғотӣ дар канори роҳҳои шаҳри мо насб кардааст: “Гуфтугӯи бемаҳдуд...” “Тӯҳфаи худро қапед...”

Албатта, ширкатҳои дигари мобилӣ низ дар ин росто бегуноҳ нестанд, мисли Билайн ва Мегафон ва Бабилон, аммо овардани он ҳама ҷумлаҳои подарҳаво ва бадтар аз ин таҳқиромез ба забони тоҷикиро раво намебинам. Аз сӯи дигар, зикри гуноҳ низ дар ҷои худ гуноҳ маҳсуб мешавад. Намехоҳам худро боз як бори дигар таҳқиршуда эҳсос кунам, аммо рӯи суханам ба онҳоест, ки расиданашон ба курсии мансаб боиси соҳиби молу мулки зиёд шуданашон гашт. Шояд Шумо дар асл аз назари нажодӣ ҳеч рабте ба тоҷик надошта бошед ва ифтихороти Шумо аз минбарҳову ҳангоми суханрониҳои расмӣ дурӯғин ва зоҳирӣ бошад. Ин ҳеч мушкил надорад, зеро огаҳем, ки ба хотири мондан дар курсии мансаб чи корҳое анҷом додаву медиҳанд ва ин ҷо онҳоро зикр намекунем. Фақат фаромӯш накунед, ки агар ҳамин миллат набуд, Шумо дар ҷойгоҳи имрӯзаатон набудед ва ҳеч гоҳ ҳикмати чоруқи даридаи он мансабдори ҳакимро аз ривояти қадимӣ аз ёд набаред.

Соҳиб будан дар вуҷуди инсон эҳсосу дарки масъулиятро мустаҳкам мекунад ва ин ҳис аст, ки инсон барои покиза нигоҳ доштани дороии худ талош меварзад. Дар ин амр, албатта, дороии ба роҳҳои ғайриқонунӣ ва ҳаром ба дастомада истисно аст, зеро соҳиби ҳақиқӣ надорад. Муқаддасоту арзишҳои ҳар миллатро фарзандони он миллат новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва дидгоҳҳои сиёсияшон бояд соҳибӣ кунанд. Ҳамарӯза даҳҳо муқаддасот ва арзишҳои фарҳангиву миллии мо дар баробари ҳуҷуму таҳқир қарор мегирад. Оё чанд тан аз мо худро соҳиби ин марзу бум ва фарзанди ин миллат медонад ва дар ин маврид садо баланд мекунад? Чанд тан? Оё вақти он нарасида, ки пиряхи сукутро бишканем?
Мӯҳр
Заифи
Зафар бародари азиз вокеан харфхои ба чо гуфти ва ба мавзуи дарду доги руз пардохтию Вале хайхот кучо аст чашми бино ва гуши шунаво. Имруз агар Рудакиву Сино, Фирдавсву Носири Хусрав ва ... бузугон ахволи ин забонро медиданд ё сактаи калби мекарданд ва ё сактаи магзи. Имруз агар шумо бо забони шево ва ноби точики сухбат куни писанд намеафтад ва туро муттахам мекунанд, ки ба забони ирониву афгони харф мезани. Эй войййй чи бигуем. Мавлоно гуфтааст:
Ман гунги хобдидаву олам тамом кар,
Ман очизам зи гуфтану халк аз шуниданаш.
Пойдор бошед!!!

долд
Давайте будем реалистами. Мо аз мардум саводу фарханги баланд талаб мекунем, лекин ба он чашм мепушем, ки точики имруза, дар умум, ин мухочири кори е мелкий базарный торговец аст. Ин гуна мардум дар фикри чор танга барои рузгузарони аст. Барои омухтани имлои точику фарханг онхо на вакт доранду на завк. Забони точикии имруза ин хамон забони кучагист.

Муаллифи мӯҳтарам,
аввалан бояд барои даст задани ишон ба ин мавзӯъи доғ ва ҳассос изҳори сипос бикунам. Дуввум инки, агар дар ин давлати ба ном Тоҷикистон пиромуни покизагии забони модарӣ ва ғурури миллӣ сухан гӯйи ё аблаҳат мебароранд, ё девона. Вақтоки худи мардони тоҷик бар он ақидаанд ки, "чӣ даркор ҳамин тоҷикӣ, русира донӣ шуд", замин намекафад ки дароӣ! Маро бубахшанд, вале бисёр вақт ба худ савол медиҳам, ки хиёнатпешагӣ ва бегонапарастӣ аз кадом қарн ба хуни мо, тоҷикон, сироят карда бошад? Боре дар ин бора як дӯстам гуфт: "Шояд, охир, дар ҳазор соли гузашта чуғзу муғз ҳама бо мо омехта шуданд, хуни ҳалоли тоҷикиям намондааст!" Албатта ин шӯхӣ буд, мумтаҳо ба ҳақиқат наздик. Вагарна чаро инқадар худбезор ҳастем? Забони модарӣ - ганда, тоҷику Точикистон - ганда, ҳукумату президент - ганда, ҳар маҳсулоти ватанӣ - ганда, ва ғайра, ва ҳоказо! Умуман, ҳар он чизе ки ба тоҷик дахл дорад муродифи (синоними) калимаи "бад" шудааст, ки бисёр аламовар аст. Оё насли истиқлолият 21 сола, медонад, ки ин ҳама хислати манфӣ ба тоҷикон пас аз истиқлолият часпонда шуд? Замони Шӯравӣ ин тавр набуд. Солҳое пеш дар шаҳри Тошканд такмили ихтисос доштам. Пас аз шиносоӣ бо гурӯҳ профессори яҳудитабор ба ман хитоб кард; "ВЫ ЗНАЕТЕ, ЧТО ТАДЖИКИ ЯВЛЯЮТСЯ АРИСТОКРАТАМИ СРЕДНЕЙ АЗИИ?" (ШУМО МЕДОНЕД, КИ ТОҶИКОН АШРАФЗОДАГОНИ ОСИЁИ МИЁНА МЕБОШАНД?) Миёни қариб сад нафар шунавандаи курс сарам ба осмон расид. Забон ва иззату икроми тоҷик ҳарчӣ бад шуд, пас аз ҳамин ҷанги таҳмилгардидаи шум шуд. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Ин вазифаи муқаддаси ҲУКУМАТИ МАРКАЗӢ ва ҲУКУМАТҲОИ МАҲАЛЛӢ аст, ки мардумро дуруст, дар рӯҳияи арҷу эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ (забон, парчам, суруди миллӣ, адабиёт, нангу номӯси миллӣ, пули миллӣ, қаламрави кишвар) тарбия намоянд. Ҳар соату ҳар рӯз! Вагарна он чизе ки доштем, аз даст медиҳем! Пас аз он мо ба касе даркор намешавем!

khele oli tashakkur
in mavzu boyad paygiri shavad pas ast begonaparasti va khudfurushi va khudpastbini(manzuram onhoe ast ki fikr mekunand ba zaboni tojiki tablighotashonro navisand ahamiyatash kosta meshavad) baze jumlaho va iboraho dar masalan rusi manoi khos dorad ammo tarjumai tahtalafzii on ba tojiki bemano meshavad masalan "mi otkrilis" MO KUSHODA SHUDEM !!!
o Khudo az kushoda shudan nigahat dorad
akalan navised ki maghozai mo kushoda shud
nakhod odam khudashro maful karor doda kalon kalon navisad ki MO KUSHODA SHUDEM

Ба Чамшед!!! Хукумату президент нагз гуем оё нагз мешаванд? Кадом махсулоти ватани хуб аст?
Гуё ки аз сайёраи дигаре фуруд омадаи. Ин миллат магар ояндае дорад? Хар чи бад аст бо номи "точики" дар 20 соли охир шуда. "Точикиш бку бача", ЯЪНЕ ХАРОМАШ КУН!!!
Ба хаёлам бояд номи миллатро дигар кард....

Баҳси ин мавзӯъ бисёр бамаврид аст. Вале мавзӯъ бояд жарфтар таҳлил шавад. Шояд калимаи "жарфтар"-ро нафаҳмед (шахсоне, ки мегӯед: шумо ба забони эронӣ ё афғонӣ ҳарф мезанед). "Жарфтар", - яъне чуқуртар. Акнун, инсоф кунеду гӯед, ки кадоме аз ин калимаҳо гӯшхарошанд ва кадоме тоҷикӣ? Агар маънои калимаи "жарф"-ро надонед, "Шоҳнома"-и Фирдавсиро мефаҳмед? Ҳаргиз! Ман боварӣ дорам, ки "Шоҳнома"-и Фирдавсиву навиштаҳои дигар бузургони гузашта ба шумо (шахсоне, ки мегӯед: шумо ба забони эронӣ ё афғонӣ ҳарф мезанед) лозим ҳам нест. Вале ба мо ва дигар шахсоне, ки тоҷиканд, лозим аст.
Хатари аз байн рафтани забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Мо бояд хатти форсиро қабул кунем. Ин ба манфиати ҳама хоҳад буд (ман танҳо тоҷиконро дар назар дорам).
Як нуктаи дигарро мехоҳам ин ҷо зикр кунам. Чаро барои надонистани забони тоҷикӣ, ки вайронкунии қонуни ҶТ дар бораи забон ба шумор меравад, ягон мансабдор аз вазифа сабукдӯш нашудааст ва намешавад? Барои он, ки манфиатдор нестанд. Ба Худо қасам, агар даҳ мансабдор барои надонистани забони тоҷикӣ аз вазифа бекор шаванд, ҳамаи дигар мансабдорони кунунӣ ва оянда эҷодиёти бузургони гузаштаро аз ёд хоҳанд донист ва худи забони тоҷикии онҳо низ хубтар хоҳад шуд.
Ин ҷо якчанд пешниҳод мекунам:
- Маоши моҳонаи муаллимон на камтар аз 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ таъйин карда шавад. Аз ҳад зиёд аст? Ҷаноби вазири маориф! Наход аз ҳад зиёд бошад? Дар ин сурат, дар мактабҳо танҳо муаллимоне кор хоҳанд кард, ки аз ӯҳдаи муаллимӣ баромада метавонанд. Толибилм ҳам бесавод намешавад.
- Барои надонистан ва истифода набурдани забони тоҷикӣ мансабдор аз вазифа ронда шавад! Охир, ин ҷо Тоҷикистон аст, эй мардум! Ба Ӯзбакистон рафта, як санҷида бинед ва ба тоҷикӣ ё русӣ ҳарф занед, ку чӣ гап мешавад? Ин қадар даъвоҳои "мо тоҷикем", "мо ориёием", "мо аз насли каёнем" ва ғайраву ва ҳоказо ҳамааш ба чашми мардум хок пошидан аст.
- Аҳли илм бояд аз вартаи хорӣ ва зорӣ берун шавад. Бист сол гузашт. Чӣ пешравиҳо дар илм дорем? Ҳеҷ! Ва боз ҳеҷ!
Акнун ман ҳамин қадар мефаҳмам. Шояд маро миллатгаро, фитаандӯзи байни миллатҳо ҳисоб кунед. Вале воқеият ҳамчунон, ки ҳаст, боқӣ хоҳад монд.

"Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Боист, ки гум шавад зи хоки падарон"!
(Лоиқ Шералӣ)

Шумо фикр намекунед, ки ин мавзуи тахкикгардида боиси "доля" гирифтанхои сохибони забон "дар асл хоинони забони милли" гадад.

Масъулини мӯҳтарами "Озодагон"!

Барои чӣ андешаи маро доир ба ин мавзӯъ нашр накардед?

Бо эҳтиром,

Илҳомиддин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)