Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Директори фаннии IRS истеъфо дод

30 июл 2013, 16:11

Абдулмаҷид Шарифов, мудири фаннӣ ё техникии ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (Innovative Road Solutions - IRS) пас аз тақрибан ду соли мудирият аз мақомаш истеъфо додааст.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” худи Абдулмаҷид Шарифов хабар дода, афзуд, бо хоҳиши худ аризаи аз кор рафтанро пешниҳод кардааст ва аллакай аз рӯзи душанбеи ҳафтаи равон кор намекунад. Шарифов дар шарҳи далели истеъфояш гуфт, давоми ду соли мудирият аз корҳои илмияш дур мондааст ва маҳз барои анҷоми корҳои илмӣ аз мудирият даст кашид.

Абдулмаҷид Шарифов илова намуд, ки пурра аз IRS нарафта, қарор аст, минбаъд ба сифати мушовир кор кунад. Тавре ба “Озодагон” маълум шуд, Шарифовро дар симмати директори фаннӣ Асомиддин Азизов иваз намудааст. Абдулмаҷид Шарифов, ки дар гузашта сардори раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд, тирамоҳи соли 2011 ба ҷои Рустам Абдуллоев мудири фаннии ширкати IRS таъин гашта буд.

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро ба ӯҳда дорад. Ин ширкат фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз намуда, ҳукумати Тоҷикистон ба он сабукиҳои зиёдеро қоил шудааст.

Қаблан, расонаҳо ин ширкатро ба муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, мансуб медонистанд, аммо худи Нуралиев ин иддаоро рад карда, таъкид намуд, ки соҳиби IRS нест ва ҳеч робитае бо ин ширкат надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахамияте надорад, ки ин ширкат ба ки тааллук дорад. Мухимаш - фаъолияти он гайриконуни аст. Сабукихое, ки Хукумати точик ба ин "эрка"и худ додааст, ба Конститутсия мухолифат дорад. Барои ин икдом, чанобон, ягон кас ва ягон вакт бояд чавоб гуяд. Дар назди КОНУН ва ХАЛК....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст аст надорад ягон робитае,унки занаш хучоини мекунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!