Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Бег Зуҳуров дар Душанбе бинои 30-ошёна месозад

31 июл 2013, 10:40

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар маркази Душанбе, дар ҷои бинои собиқи “Почта”, бинои муосири 30-ошёна бунёд хоҳад кард.

Алибек Бекназаров, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, сохтмони бино аз соли 2014 оғоз мешавад ва дар назар аст, тамоми ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерҳо дар ин бино ҷой гиранд.

Дар ҷавоб ба ин суол, ки оё бунёди бинои 30-ошёна дар Душанбе хатарнок нест, Бекназаров гуфт, мақомоти дахлдори Тоҷикистон алакай барои бунёди ин бино иҷозат дода ва се ширкати соҳаи алоқа барои саҳмгузорӣ дар он изҳори омодагӣ кардаанд.

Айни ҳол баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон, “Душанбе-Плаза” маҳсуб меёбад, ки аз 23 ошёна иборат буда, дар остонаи 20-солагии ҷашни Истиқлолият дар ду соли пеш ба истифода дода шуд.

Қаблан, расонаҳо хабар дода буданд, ки Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар шаҳри Кӯлоб низ як варзишгоҳ ва бинои 16-ошёна месозад. Зуҳуров дар суҳбат бо “Озодагон” хабарҳоро дар бораи бунёди нахустин бинои 16-ошёна дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ кард, аммо гуфт, ин бино на аз ҳисоби ӯ, балки аз тарафи як соҳибкори дигар сохта мешавад.

Бег Зуҳуров гуфт, варзишгоҳе, ки бояд бо пули Хадамоти алоқа дар Кӯлоб сохта мешуд, тақрибан ба анҷом расида, моҳи сентябр мавриди истифода қарор мегирад. Инчунин Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, барои кормандони соҳа дар навоҳии кишвар ба бунёди се бинои истиқоматӣ оғоз намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧИ БО ФИРМАИ СОХТМОНИИ ЗАЙД САИДОВ МЕСОЗАД.....!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби бег Зухуров авал маслихадро аз Зайд Саидов пурсед хатуман ба
бад коро сар кунед ки дар нимарох намонед ????
Посух додан
  • Нозир

  • 31 июл 2013 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Бек Зуҳур мансабдори давлатӣ аст ё тоҷир???? Ё тоҷириша кунад ё кори давлатро. Чаро як мансабдори давлатӣ дар чанд ширкати мобилӣ саҳмия дорад? Ин боз дар ҳамон бахши иқтисод, ки куратораш аст? Оё ин конфликт интересов нест??? Агентии зидди фасод чаро ба муқобили ӯ парванда боз намекунад? Магар онҳо кӯранд? Ё қонун танҳо барои "бегонаҳо" аст? Лутфан ҳамин савола ба Фаттоҳ Саидов диҳед...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бег Зухуров!Акнун шинохтамат.Шумо аз ман 300-доллари амрикои карздоред.Чи хел?.Ана хамин хел.Дар хотир дошта бошед,соли 2002-юм,дар Москва аввалхои бахор, Чамъияти Дустии Точикистону Россия-"Союз Славян и Таджикистан"ро таъсис додед.Шумо 2-нафар будед.Папкахоятон таги каш,бозор ба бозор гашта,ба мухочирон таъкид мекардед,ки омада аз офиси шумо "Охранная грамота" гиранд.Нархи "граммота" 100-доллари амрикои буд.Яъне дар он граммотаи гулу накшзадаи гламуриву яллакосии шумо навишта шуда буд,ки сохиби ин граммотаро хеч кас хак надорад,ки хуччат пурсаду шиносномаашро тафтиш кунаду дагали кунад.Яъне милисахои Москва(полис)хо дошта мепурсанду чавоб медиханд.Садхо мухочирони соддаву бесавод дари офиси шуморо,ки дар кучаи Тверская-Ямская -3,дар як таххона,дар дохили як хучрахаки танг буд,гирифтанд.Миёнаравхо пайдо шуданд.Дар бозорхои калони Москва,намояндахои чамъияти шумо бо карру фар хозир мешуданд.Хамаги фаъолияти шумову "Союз" атон як мох давом кард.Котибаи офисатон як духтари украини буд.Хело дагал буд.Вакте ки сирри шумо фош шуд,дигар офисатонро наёфтем.Шумо аллакай куч баста будед.Рузи охирини фироратон,аз ман 300-доллар гирифтеду нусхахои шиносномахоро.Дигар на хамон Оксанаи офисатонро дидему на шуморову намояндагони боадабгуфтору нимшоирхои шуморо.Акнун ин бинои 30-ошёнаро дар маркази Фархор созед.Чунки ин бинохои баландошёна зиёда аз 2000-хазор одамро чой мекунад.Аз як тараф,одамон чои зист меёбанд,аз дигар тараф заминхои хосилхез дигар ба зери хонахои истикомати намеафтанд.Заминхои хосилхез, хазорхо гектар,барои истехсоли махсулотхои хочагии кишлок сафарбар мешаванд.Мухочирон ру ба дехкони оварда,аз мухочирату гурбат халос хоханд шуд.Агар боз хамон хел офисгурези накунед.
Посух додан
  • Сухроб

  • 31 июл 2013 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рустам,
Ин шахс дар нимарох намемонад, зеро писараш домоди раиси чумхур шудааст. Лозим донад, 30 ошёна нею 60 ошёна месозад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ДАР ТАМОМИ ДАВЛАТХОИ ДУНЁ КОРМАНДОНИ БАЛАНД МАРТАБА ХАКУ ХУКУК НАДОРАНД, КИ ДАР ДИГАР ЧО КОР КУНАНД ХАТТО МАГАЗИН, НУКТАИ САВДО, ТАМОМИ НАМУДИ ТИЧОРАТ КОРХОНАИ СОЗАНДАГИЮ БИНОКОРИ ХАК НАДОРАНД ИН КОНУНШИКАНИСТ....
Посух додан
  • муҳоҷир

  • 31 июл 2013 18:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бисёр кори хайр мекунад Ҷаноби Бекзуҳуров, лнкин ҳушёр шав, ки бо ба мисли Зайд Саидов баъди бино дохили маҳбас нашавад.
Посух додан
  • afandi

  • 1 август 2013 03:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
o bujai i khadamot hamiqa kam bud ki bo velik sari kor meraftan ku !
bo sokhtmoni 30 etaje ay kijo shid sad
khay dushanbe bo khushrutar mesha !
Посух додан
  • Чамшед8808 н.Восеъ

  • 1 август 2013 08:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон мешавам ба ин халки Точик. Магар ягон кори бад мекунад коргари давлатихам бошад? Ба чои хурсанд шудан мо зик шуда истодаем. Бояд мо рахмат гуем ба ин шахс.Боз 4 тои дигар соз акаи Бег. Дар Восеъ як 9 ошёна месохти бехад нагз мешуд.
Посух додан
  • Помир

  • 19 апрел 2015 23:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Удивляюсь комментариям !!!
Спасибо президенту , народу за труд, и спасибо Бегу за труд, и все то, что он Стораеттся делать.

Кто не будь для себя хоть что то сделал полезное ?
Попробуйте это очень сложно!!!!
А делать 30 этажей, и строить в кулябе, и держать под контролем иностранных провайдеров ( которые тащят деньги из страны) это огромный труд.
Полюбому здесь голова нужна и бессонные ночи!
Мужи он всегда мужик.... А комментаторы , их полно... Без них тоже не как. ( чай принести , помыть унитаз это тоже чьята работа ).
Посух додан
  • Гулом

  • 20 апрел 2015 08:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай агар барои ободонии Ватан як Хадамоти давлати бо сохтмон ва фуруши бинохои истикоматию комплексои варзиши машгул шуда тавонад, пас ба кормандони бечораи Хадамот низ аз даромади сохтмони он обектхо иловапули диханд. Бечорахо Маоши давлатии (кам) Хадамоти алокаро гирифта ба сохтмони бинохо машгулан. Маоши сохтмончи аз маоши хадамоти алока баландтар аст.
Дигар масъала ин хаст, ки ин кадар бинои дабдабанок ба худи Хадамоти алока чи лозим, вакте ки сохаи алока факат аз хисоби ширкатхои хусуси пеш рафта истодааст7

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!