Бахшҳо
07 авг 2013 14:10Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Убайдуллоев аз нархҳо дар Рамазон розӣ мондааст

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зими ҷаласаи кории шаҳрдорӣ барои таъмини фаровонию арзонии маҳсулоти ниёзи аввал дар пойтахт, ба мақомот ва тоҷирон изҳори сипос кардааст.

Дар ин бора имрӯз, 7-уми август аз котиботи шаҳрдорӣ хабар доданд.

Убайдуллоев дар арафаи моҳи Рамазон, руйхати 12 намуди маҳсулот бо нархҳояшонро тартиб дода, назорати онро ба души мақомоти пулис, кумитаи амният, додситонӣ ва оҷонсии зидди фасод гузошта буд: “Аз ҷумла 1 кг гӯшти мурғи ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған»-и аз ҷониби ҶДММ «Назириён» пешниҳодшаванда) то 130 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ 7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, 1 кг шакар то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо то 3,5 сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёри ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз то 65 дирам ва 1 дона тухм то 50 дирам муайян шуда буд”.

Таҳлилгарон мегӯянд, давоми моҳи Рамазон нархҳо воқеан дар бозор муътадил буданд, аммо дар анҷоми ин моҳ ва фарорасии Иди Фитр якбора боз боло ҷаҳидаанд.
Мӯҳр
дарвеш
Неки дар бозорчаи махалаи 102 -юм картошка аз 2 сомони поён нарафта буд дируз ва имруз боз болотар рафтанд нарххо

Абдувохид
дар тули тамоми мох гушти 29 сомонаро кариб ки надидам,
2 маротиба аз бозори Шохмансур биринч харидори намудам , биринче ки то то Рамазон 8, 50 сомон буд (биринчи юбилей), 10 сомон гуфт бади савдо карданам 9.5 сомон шуд.
Пас дар кадом бозор нарххо ба танзим дароварда шуд!

“Аз ҷумла 1 кг гӯшти мурғи ҶСШК “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (аз ғаллаи дар Қазоқистон истеҳсолшуда ва навъи «Шамалған»-и аз ҷониби ҶДММ «Назириён» пешниҳодшаванда) то 130 сомонӣ, 1 литр равғани растанӣ 7,5 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, 1 кг шакар то 4,2 сомонӣ, 1 литр шир дар бозорҳо то 3,5 сомонӣ ва дар дӯконҳои сайёри ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” 4,5 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 1,6 сомонӣ, 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, 1 кг пиёз то 65 дирам ва 1 дона тухм то 50 дирам муайян шуда буд”.
Акаи Убайдуллоев, ин нарххо дар кадом бозор буданд? Ба ин гуфтаатон худатон бовар доред ми? Як бор аз кабинети салкинак берун баромада. бо ин роххои вайрона ба бозори Шохмансур омадад, нарххоро медидед, баъд гапи замини мегуфтед.

Ин Убайдуллоев дар хобаш гап задестай. Хамачо 2 рузи ахир кимати буд.

Убайдуллоев як бор худаш ба бозорхои шахр мерафт, вазъро медид. Аз руи варак ва хисоботи дуруги масъулон гап задан дар асри 21 камоли ноинсофист. Шахрдорро шахрнишинони Душанбе намешиносанд, ба чуз хамкишлокихои худаш.

Хандаовар)))Мардум бо нархи гарон харид кардаасту,мухтарам мири шахр аз нархҳо дар Рамазон розӣ мондааст)))Дар дукони гуштфурошони 33 мкр.ман фаршро бо нархи 33 сосмони харидори намудам.Гуштро бошад агар бо нархи 29 сомон харидан хохи боз нимкило чарбу бояд гири.Пеш аз ид касобон 1-2 кило гуштро хатто намефурухтанд,бо бахонае,ки агар бисер гири мефурушем,не бошад хамаи гушт аллакай заказ шудааст.Ё худи назоратчиён ба мухтарам мири шахр маълумотхои нодуруст медиханд,ё ин ки ман намедонам чи...

Точикбача
Мири шахри моро пулаш бисёр, барои хамин ба назари У, Киви 25с, апельсин 25с, арзон метобад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)