Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:28

Шикояти довталаб Аҳрориро пушти панҷара бурд

9 август 2013, 11:23

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Аҳрорӣ, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро барои гирифтани пора боздошт намудааст.

Тавре Хадамоти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод, Муҳаммадҷони Аҳрорӣ ҳамчун аъзои комиссияи қабули довталабон, бо истифода аз ваколатҳои хизматияш, барои дохил намудани довталаб Афзалова Қурбонгул ба шӯъбаи буҷетии факултети механикӣ-технологии донишгоҳи мазкур, 1600 доллари ИМА-ро ба сифати пора талаб кардааст.

Намояндагони агентӣ ин амали Муҳаммадҷони Аҳрориро зимни баррасии аризаи шаҳрвандон Афзалова Қурбонгул Бобохоновна ва Мирзоев Шараф Насриддинович ошкор ва муайян кардаанд: «Бо гузаронидани чорабиниҳои фаврии тафтишотӣ Аҳрорӣ ҳангоми гирифтани маблағи 1600 доллари ИМА ба сифати пора дастгир карда шуд».

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, нисбати ин омӯзгори Донишгоҳи техникӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва айни ҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Қаблан Фаттоҳ Саидов, роҳбари Оҷонсии зидди фасод, ки дар нишасти хабарии 29-уми июл дар Душанбе, сӯҳбат мекард, гуфт, феълан корҳои санҷишӣ дар донишгоҳҳо идома дошта, барои якбора ошкор кардани тамоми ҳолатҳои ришваситонӣ Оҷонсӣ нерӯи кофӣ надорад. Раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз боздошти беш аз 23 омӯзгори донишгоҳ дар як моҳ хабар дода, гуфт, дастгир шудани омӯзгорон маънои ба маҳкама кашидани онҳоро надорад.

“Мо наметавонем ҳамаи боздоштшудаҳоро ба зиндон фиристем. Қисме аз онҳоро мо бо дарназардошти вазъият озод мекунем”,-илова кард ӯ.

Ҳоло давраи дохилшавии довталабон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон аст. Ҳарчанд сокинон мегӯянд, бисёр вақт бо талаби ришваи омӯзгорону масъулони донишгоҳҳо рӯбарӯ мешаванд, вале мақомоти Вазорати маориф ва донишгоҳҳо инчунин ҳолатҳоро башиддат рад мекунанд ва мегӯянд, ягон “ставка”-и воридшавӣ ба донишгоҳҳо вуҷуд надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон ва хамкасбони азиз! Дар гузоштани ном ба макола сахлангори кардед ва мутобики Кодекси мурофиавии чиноятии ЧТ он муаллим метавонад, ки ба шумо шикоят карда, чаримаи калонро хам сохиб гардад. Чун "паси панчара" тобиши маъноии зиндонро дорад. Аммо дастгир шудан маънои боздоштанро дорад. Аммо сарлавха аллакай он муаллимро махкум карданро дорад. Биёед, журналист монед, чаро барои сенсатсияи лахзави худатонро ба хатар мегузоред? Охир вазифаи шумо хукм баровардан нест-ку! Илтимос, махорати касбиро дар ин гуна мавридхо догдор накунед. Метавонед, инро чоп накунед ва баракс метавонед чоп хам кунед.
Дусти шумо,
журналист Ислом Рахимов
Посух додан
  • Мехмон

  • 9 август 2013 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Ахрори пулхои гирифтаашро танхо мехурдааст
Посух додан
  • Мавлон

  • 9 август 2013 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар гайрат карда, рафта аз донишгох расми Ахрори пайдо карда дар инчо мегузоштед, бисер хуб мешуд....
Посух додан
  • 777

  • 9 август 2013 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон вазир низ барои гирифтани пора аз чониби Очонси дастгир мешуда бошад? Ё барои парванда оиди пора шуданаш вазирон хзберо номнавис кунанд ва кушишщи сардори намудани онро ба зимма гиранд.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!