Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

Ҳамлаи афроди номаълум ба гуруҳи кории ҲНИТ дар роҳ ба Хоруғ

16 август 2013, 00:44

Як ҳайат аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои анҷоми сафари корӣ ба вилояти Бадахшон рафта будаанд, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” Зарафо Рахмонӣ, узви фаъоли ҲНИТ, ки ҳоло дар шахри Хоруғ аст, хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳамла шоми 15 август, ҳангоми берун шудани онҳо аз ноҳияи Рӯшон дар наздикии Шуғнон иттифоқ уфтодааст: “Мо аслан таваҷҷӯҳ кардем, ки аз Рӯшон берун шудан замон, аз паси мо Тангеме таъқиб мекард. Вақти ба Шуғнон расидан, онҳо пиёда шуда, ба мо ҳамла оварданд.”

Ҳамлагарон бештар муовини раҳбари бахши бадахшонии ҲНИТ Саодатшо Адолатовро мавриди латту кӯб қарор додаанд. “Мо зуд бародар Саодатшоро ба мошини худ, ки Старекс буд, савор карда бо суръат ба тарафи Хоруғ ҳаракат кардем",-гуфт Раҳмонӣ.

Хонум Зарафо мегӯяд, тангемсаворон танҳо дар Хоруғ, ки мошин он ҷо зиёд буд, аз таъқиби онҳо даст бардоштаанд. Ба иттилои хонум Зарафо, онҳо дар Идораи пулиси шахри Хоруғ рафта, дар бораи ин ҳодиса шикоят ва аризаи худро пешниҳод кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Карим

  • 16 август 2013 07:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукумат хам корхои артиши Мисра ича каданияй чи.
Хаму корои рахзанои мисра чинояткорои хукумати хам такрор кадестиян. Хамара ай чанги соли 92 меиарсонану худшон хамай кори хаму сола такрор кадестиян. Хай хамиё рафтан ки кати азохои хизбшон вохури кнан ягон чиноят нест ку.
Ак хиёл мекнан мардм намефахмад, ки и одамо хамаш одамой хди хукуматан ягон каси дига ихели када наметонад.
як тангем одам ай дмшон мерава бо то Хоруга миян нотарсида. Хукумат корой соли 92 ра такрор кадестай. неки Хдо нигах бдораву идафа ухел намешава. агар вазият безеб шава ватан ай байн мерава.
Посух додан
  • Алй

  • 16 август 2013 09:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи Провакатсияи тозаай! И ё кори ХНИТ худшай ё кори ягон кувваи дигаре, ки мехохад байни Хукумату ХНИТ чанчол хезона.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом. Бовар кунед, аксарияти мардуми Бадахшон аз ин нахзатиихо безоранд. Соли 1992 махз аз содагию сиёсатнофахмиии ин мардуми хоксор суистеъмол карда, барои рохандозии манфиатхои мугризонаи худ авзоъро то хадди чанги шахрванди расонданд. Боз имруз, дар пешоруи маъракаи мухими сиёси, мехоханд тавассути дасти мардуми шарифи Бадахшон вазъияти сиёсиро муташаннич ва хадафхои нопоки худро амали созанд. Аммо, шукри Худованд, ки дар муддати 20 сол сатхи маърифати сиёсии ин мардум то хадде боло рафтааст, ки худ метавонанд ба масъала бахои вокеи диханд. Мо медонем мушкилот хаст, вале суботи чомеа, оромию тинчи аз хама болотар меистанд. Барои хамин аз нахзатиён талаб дорем, ки бадахшониёнро ором гузоранд. Он хизмате, ки Хукумати Тоикистон, махсусан, Сарвари давлат Эмомали Рахмон барои вилоят ва умуман миллати точик кардааст, нахзатиён як зарра хам ин гуна захмат накашидаанд. Ин коре, ки гуё дар нисбати онхо анчом дода шудааст, игвое беш нест. Бигзор идорахои дахлдор ба зудди ба ин ходиса бахо диханд, то маълум шавад, ки нафарони дар тангем буда аз кадом гуруху афроданд. Боки барои ин давлату ин чомеа ва кулли точикистониён оромию субот ва бурдбори орзу дорам.
Посух додан
  • Хоруги

  • 16 август 2013 10:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ачаб чое шикоят бурдед.Худашон дар ин кор даст доранд аз боло фармон гирифтаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар намояндагони хизби ХСДТ хам кучое раванд чунин сурат мегирад.
(ин супориши буд...
Посух додан
  • Хоруги

  • 16 август 2013 10:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миллатдуст! илтимос номатро дигар кун. шарманда карди бо ин тухматхоят. Ту чучаи ХХДТ хасти дар какдом идора пули харом гирифта вазифаат фитнадози аст. Ту миллатфуруши на миллатдуст. Бехтар аст масалан худатро фитнадоз ё мисли хамин ном гузори зеро бароят ин ном муносибтар аст.
Посух додан
  • Чалол

  • 16 август 2013 11:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман сад дар сад тарафдори гапхои бародар(Миллатдуст) розиям ва гапхояш аз руй хакикат аст. Ин хизби нахзат ба хеч кас даркор нест, ин кори худи онхост, ки мехоханд худашонро дар чомеа реклама кунанд. Дар Бадахшон хама аз шумо безоранд, кучо меравед охир ба ВМКБ, шумо Эрон равед, ки аз боло гузароганд Шуморо ва ягон духтари 14- ро никохи сига карда ба шумо муллохои 6 зана тиянд. Ин чо чой шумо нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чалол! чи инкадар русиëхи мекуни?? аз кучо инро бароварди ки нахзат ба хеч кас даркор нест?? ту ба даркор набоша хаëл накун ки хамаба даркор нест... ту як харромхури ки барои ду пули пучак худату имонатро фурухтаи((
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НАХОД, КИ ХИЗБИ ХХДТ ЯГОН ГУНОХ НАДОШТА БОШАД......
БА ДАРАЧАИ МИЛЛАТ ДУСТ ВА ВАТАН ДУСТ ШУДАН АКЛИ СОЛИМ ДАРКОР НА ЧАШМИ КУР.... ТУЛИ БИСТ СОЛ ШУД, КИ ХИЗБИ ХХДТ ГАЙРИ ГУЛ ШИНОНИ ЯГОН КОРИ КАНОАТБАХШ ДАР ВАТАН НАКАРДААСТ ЧИ ЧОИ КОРИ ХУБ. ХОЛО МО ДИДА ИСТОДАЕМ, КИ ДУ СЕ МОХИ ДИГАР МОНДААСТ ТО ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИРО МАОШ БАРДОШТА ИСТОДААНД ФИКРИ РОГУН КАРДА ИСТОДААНД ДИГАР ХИЗБХОРО ЛАТУ КУБ КАРДА ИСТОДААНД МАЧБУР КАРДА ИСТОДААНД, КИ БАХШИШ ПУРСАНД....ВА ХУЧУМИ БАР ХОРУГ....МО ХАМАИ ИНХОРО МЕБИНЕМ МЕДОНЕМ ХАТТО ДАР ТЕЛВИЗОР ПРЕЗТДЕНТ, КИ СУХАНРОНИРО САР КАРД ДИГАР КАНАЛРО МЕГАРДОНАМ НАМЕХОХЕМ БИНЕМ Ё СУХАНОНИ ДУРУГ ШУНАВЕМ....БО ВУЧУДИ ХАМАИ ИНХО БА МОНАНДИ АБЛАХОН БОЗ ДАР ХИЗБИ ХХДТ ОВОЗ МЕДИХЕМ..
ИН ГУНОХИ МОСТ МО НАМЕХОХЕМ,КИ ДАР ВАТАНАМОН ЯГОН ГРАММ ЧАНГУ ЯКДИГАР НОФАХМИ ШАВАД ЛЕКИН ОНХО ХАМ ГУЁ ИН,КИ КАСРИ ПРЕЗИДЕНТРО ПАДАРАШОН СОХТА БОШАД ФИКРИ ХОЛИ КАРДАНРО НАДОРАНД.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миллатдуст ва Чалоли косалес, лагандбардор! агар арзандаи номатон Чалол ё хакики Миллатдуст бошед биед аз миллат гуем, биед аз халку аз ояндаи фарзанданомон гуем!! монед ин сафсатаи бехудаю лагандбардориро!!
Посух додан
  • tojik

  • 16 август 2013 17:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in kori hamin hizbi nahzat ast.pajeleite nas guftani gapu hukumata ganda kardan..protiv hukumat naburoed ki miyontona meshikanan,fahmiden?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чалол ва Миллатдуст. Яке хардут хизмат кардию яке дига ин хукуматдоротон. Шумо хак надоред ки аз номи мардуми ВМКБ сухан гуйед, чун агар барои ВМКБ лозим набошад хамин ХНИТ пас хеч кас онхоро мачбур карда хам наметавонад. Чи хизмат карданд инхо дар зарфи ин 20 сол? ( аз соли 2006 то 2013 гайри конуни, бар хилофи Сарконуни ЧТ - Як шахс аз 2 бор зиёд пайихам хакки президент шуданро надорад. ).... Мардум дар азобанд. Хай шумо ки лаганд бардоред, тарифшон мекнен дугаки решатон хози дар нармия. Вой бар холи зори ин миллати чафо кашида ки зиёда аз 2.5 миллиони ахоли дар хоричанд. Яктааш ман. Зиёда аз 3 сол шид. Чи мо намехохем дар назди падару модар наздикон бошем. Чи мо намехомем хонадор шавему дар ватанчонмон бошем. Аммо сад афсус ки ин волию мансабдоротон парвои ин миллати бечора надоранд ва хамавакт дар хакки шикамбу чайби худ хастанд. Чомеаро бо програмаи феодализм тарбият доранд ва намехоханд ки ин миллат сохиби илм шавад донно шавад чун аз тарси он ки баъд вазифахои меросишона аз дастшон кашида мегиранд. Мисоли зинда Зайд Саидов. Бародар як сухан насихати мегум ки: ВАКТО КИ ИНСОН ДАР ДАРУНИ БОТЛОКЗОР БОШАД БУИ БАДРО ХИС НАМЕКУНАД, ЧУНКИ МАШОМУШ ПУР АЗ БУИ ГАЛИЗИ БОТЛОКЗОР ШУДААСТ. ВА ВАКТО КИ АЗ ОН БОТЛОКЗОР БАРОМАДА ДУРТАР МЕРАВАД ВА ХАВОИ ТОЗАРО НАФАС МЕКАШАД БАДАН ХИС МЕКУНАД КИ ОН БОТЛОКЗОР ЧИ КАД БУИ ГАЛИЗ ДОШТААСТ. Точикистонро ба БОТЛОКЗОРи бугин мубаддал кардиянд ки хар кас чи рохеро ёбад гурехта ба хорич меравад. ХАР ШАХРВАНДЕ КИ АЗОБИ ГАРИБИРО ЧАШИДАГИ НАБОШАД АГАР ОН ИНСОН МОНАНДИ FУРАБО ВАТАНДУСТ ШУДА НАМЕТАВОНАД.
Посух додан
  • hisor

  • 19 август 2013 07:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
mo az hukumatamon bovari dorem ki az hamai hizbu nafarone ki mexohand notinjivu jang andozan va badxohi milatan- vatanu millatro himoya mekunand.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!