Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

Қазоқистон мехоҳад мизбони Бозиҳои олимпӣ бошад

18 август 2013, 15:41

Қазоқистон қасд дорад, барои баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Алмаато дар соли 2022 дархост бифиристад. Дар ин бора Ерлан Кожагапанов, раҳбари Оҷонсии варзиш ва тарбияи ҷисмонии ин кишвар изҳор доштааст.

«Дар ҳукумати Алмаато ҷаласаи таърихӣ сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, барои мизбонии Олимпиадаи соли 2022 расман дархост бифиристем. Фикр мекунам, агар ба мо барои баргузории ин олимпиада ризоият бидиҳанд, бо Пешвои миллатамон дилхоҳ қулларо фатҳ менамоем. Ин боз як ғалабаи таърихии кишвари мо хоҳад шуд. Имрӯз на ҳар кишвар имкони баргузор кардани Бозиҳои олимпиро дорад»,- гуфтааст Кожагапанов зимни ҳамоише бахшида ба таҷлил аз Рӯзи варзиш дар Қазоқистон.

Ба қавли ӯ, иншооте, ки барои Бозиҳои осиёӣ дар Алмаато бунёд шуда буданд, метавонанд барои Олимпиада истифода шаванд: «Танҳо лозим меояд, то соли 2022 чанд иншооти варзишӣ бунёд шаваду тамом”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!