Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:01

«Спартак» футболбози бразилягиро 400 ҳазор евро фурӯхт

19 август 2013, 18:06

Ари, ҳамлагари клуби «Спартак»-и Маскав карераашро дар бошгоҳи «Краснодар» идома медиҳад.

Бино ба иттилои расида, футболбози 27-солаи бразилиягӣ ва “Краснодар” барои се сол қарордоди ҳамкорӣ бастаанд. «Спорт-Экспресс» менависад, ки ин трансфер бар ивази 400 ҳазор евро имконпазир шудаст.

Дар мавсими ҷорӣ Ари дар ҳеч бозие ширкат накард. Ӯро барои дер кардан дар тамринҳои омӯзишӣ ба ҳайати дуюм фиристоданд. Валерий Карпин, сармураббии «Спартак» гуфта буд, ки ӯро барои ин муносибаташ ба ҳайати асосӣ роҳ намедиҳад. Ари бошад, аз тамдиди қарордод бо клуби Маскав даст кашида, баланд бардоштани ҳақмуздашро талаб намуд.

Ари аз соли 2010 ба ҳайати «Спартак» пайваст. Ӯ дар гузашта дар клубҳои “АЗ”-и Ҳоланд, «Калмар»-и Шведсия, «Форталезу» ва “Аваи”-и Бразилия бозӣ кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!