Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

Моҳи Рамазон сокинони Истаравшан бо гази табиӣ сад фисад таъмин мешаванд

23 июл 2011, 05:35

Сайидмуҳаммад Шарофиддинов, директори ширкати «Тоҷиктрансгаз» мегӯяд, шурӯъ аз моҳи август шаҳри Истаравшан дар шабонарӯз 24 соат бо гази табиӣ таъмин хоҳад шуд.


Ба қавли номбурда Истаравшан пурра бо ҳисобкунанҳои кортӣ таъмин аст ва аз ин лиҳоз дар таъмини сузишвории кабуд дар моҳи Рамазон сокинонаш мувоҷеҳи мушкил нахоҳанд шуд. Шарофиддинов гуфт, «Тоҷиктрансгаз» имкон дорад, ки дар сурати пардохти саривақтии маблағи истифодаи газ ва насби ҳисобкунакҳои кортӣ ба  манотиқи дигари кишвар низ гази табииро бемамоният интиқол бидиҳанд. «Тибқи шартнома бо ширкати «Узтрансгаз» Ӯзбакистон дар ҳаҷми 180 миллион метри мукааб ба мо гази табиӣ медиҳад, ки барои таъмини аҳолӣ бо сузишвории кабуд басанда аст»,-илова намуд, Сайидмуҳаммад Шарофиддинов. {jathumbnail off}{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!