Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:49

Шӯрои парлумон тавофуқоти Путину Раҳмонро дар мавриди муҳоҷират баҳс кард

21 август 2013, 12:46

Имрӯз, 21-уми август, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро баррасӣ кардааст.

Ин созишнома, ки яке аз тавофуқоти Путину Раҳмон, дар моҳи октябри соли 2012 буд, ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия сабукиҳо, аз ҷумла ҳақ медиҳад, ки давоми 15 рӯз бе қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯро инчунин як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», - мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочир

  • 21 август 2013 13:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шамр надоред дар мукобили 30 сол додани пойгох ба русхо точик факат барои 15 руз дар русия хак истодан дорад вале баъд аз понздах ё турмааш мекунанд ё дар палатка нигохаш медоранд ё берун аз марз, агарчи хуччатхояш сад дар сад дуруст бошанд, хам. ин шармандагист. росия дар киргизистон на пойгох дорад на бочи гумруки барои бензин месупорад ва як киргиз метавонад 90 руз бегапу хабаро дар росия гардугашт кунад.ин шармандагист!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бояд русхо сарбозонаш ки ин чо дар точикистон зиндаги мекунанд 15 руз хаки икомат дошта баъд онхоро регистрация карда хаки икомат пардозанду бояд патент гиранд дар холати ин коидахоро ичро накардан бояд депорт шуда 5 сол ба точикистон ворид шуда натавонанд умуман шахрвандони дигараш хам шахри бе дарвоза ефтаанд илтимос пешниходамро дида бароед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!