Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:04

Ҳилларӣ Креймер дар Душанбе аз "Роғун" ҳимоят кард

22 август 2013, 07:54

Ҳилларӣ Креймер, яке аз маъруфтарин шореҳони амрикоӣ, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии об дар Душанбе аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳимоят кард ва онро мувофиқи ҳадафҳои Амрикою НАТО дар минтақа хонд.

Креймер, ки шореҳи маҷаллаи Wall Street Journal ва меҳмони доимии барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News аст, 21-уми август, дар Душанбе гуфт, барқе, ки дар нерӯгоҳи Роғун тавлид мекунад, метавонад 7 кишвари Осиёи Миёна ва ҷанубиро таъмин намояд.

Креймер ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, Роғун рушди иқтисодии Тоҷикистонро вусъат бахшида, муҳоҷирати шаҳрвандонашро коҳиш медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки аз Роғун на танҳо Тоҷикистон балки тамоми ҳамсояҳояш фоида хоҳанд дид.

Ӯ зикр намуд, ки Бонки сармоягузориро муаррифӣ дорад, ки бунёди як қатор лоиҳаҳое мисли Роғунро маблағгузорӣ кардааст ва саддеро дар сарҳади Парагвай, Бразилия ва Уругвай мисол овард, ки ба ҳамаи кишварҳои атрофаш манфиатовар аст.

Ҳилларӣ Креймер афзуд, ки Тоҷикистон низ як кишвари барои сармоягузорӣ хеле хуб мебошад: “Дар навбати аввал ҷойгиршавии ҷуғрофии хеле муввофиқ дорад. Мардуми инҷо меҳнатиянд. Ин ҷо захираҳои хеле зиёди таббиӣ мавҷуданд ва ин релефи куҳӣ низ, ки дорад, барои сармоягузорӣ аз чанд ҷиҳат муфид аст.”

Ҳиларӣ Креймер дар аввалҳои соли ҷорӣ ҳангоми муаррифии китоби нахустинаш “Пеш аз чархиш”, ки масоили энергияи тоза ва саноати экологиро баҳс мекунад, аз Роғун низ зикр карда, онро як манбаи таъмини амнияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ гуфт ва таъкид намуд, ки ин нерӯгоҳ мувофиқи манфиатҳои Амрико ва НАТО аст. Ба гуфтаи Ҳилларӣ нерӯгоҳи Роғун барои мубориза бо террор, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО онро ҳадаф қарор додаанд, мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ Роғун бо саҳмаш дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар рӯй гардондани мардум аз террору дигар ҷинояткорӣ низ нақш мегузорад.

“Роғун” бо садди 335 метрӣ дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа шавад, вале Узбакистон алайҳи ин лоиҳа баромада иддао дорад, ки бар зарари кишварҳои поёноб аст. Айни ҳол ташхиси байналмилалии лоиҳаи Роғун идома дорад ва интизор меравад, ки хулосаи ташхисгарон ба баҳсҳо сари ин масъала хотима гузоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • саид

  • 22 август 2013 08:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй канд занад ин Хилари. Холо бурафтаги -ми е душанбенда бошад. Як мучи кунам а пешониш.
Посух додан
  • Сафар

  • 22 август 2013 12:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сиёсати вокеиро хамин гуна шорехони ростин месозанд. Апаи Хиллари канд занед. Дар кучо бошад, ки як Точикистона нишонуш тияму як куртаи чакану халкаворй такдимаш кунам? Худушам ранги точикохай. Мучй ай харду бари руш, водушний...
Посух додан
  • JONIBEK

  • 22 август 2013 21:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИНШООЛОХ ХАМИН ХЕЛ ШОРЕХОН БИСЁРТАР БАРОМАД КУНАНД НБО РОГУН БА КОР АНДОХТА МЕШАВАД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Канда зан апашка Худованд сафи чунин некхохонро да Чумхуриии мо зиед кунад.........

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!