Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:33

Покистон барои Тоҷикистон кадрҳои низомӣ омода мекунад

27 август 2013, 11:23

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ генерал Ашфақ Парвез Каёнӣ, сарфармондеҳи нерӯҳи хушкигарди артиши Покистон бо як сафари серӯза ба Душанбе ташриф меорад.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, Ашфақ Парвез Каёнӣ бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ ва дигар ҳайатҳои расмии баландпояи ҳукумати Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард: “Дар назар аст, ки доираи васеи ҳамкорҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ ва дигар масоили вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.”

Ҳамзамон Генерал Ашфақ Парвез Каёнӣ аз пойгоҳҳои ҷузъу воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон дидан намуда ва бо афсарону сарбозони тоҷик дидор хоҳад кард.

Маҳмадалиев мегӯяд, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни Тоҷикистон ва Покситон аз соли 2009 оғоз шуда сол аз сол густариш меёбад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!