Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 30 апрел 2017, 08:02

Ҳайати Кумитаи зиддимухаддиротии Хитой ба Тоҷикистон омад

31 август 2013, 10:18

Ҳайати Кумитаи давлатии зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳбарии Хан Сюйгуан, муовини котиби генералӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз агентии мазкур хабар доданд, Рустам Назаров, директори агентӣ дар мулоқот бо ҳайат дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сухан кардааст.

Бино ба иттилои агентӣ ҷонибҳо масъалаҳои инкишофи механизмҳои ҳамкориҳои зиддимухаддиротиро дар доираи СҲШ, ҳамкории минбаъдаи наздисарҳадӣ дар самти мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ, роҳҳои кор карда баровардани мавқеи ягона дар сатҳи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои муқовимат бо хавфи мухаддиротии трансмиллӣ муҳокима намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!