Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:48

“Хайр” Ҷоми ФФТ-ро ба Ваҳдат бурд

1 сентябр 2013, 13:37

Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар бозии финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дирӯз, 31-уми август дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ширкати 3000 тамошобин баргузор шуд, дастаи ССКА «Помир»-и Душанберо шикаст дод.

Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 59-ум Шамсиддин Қосимов, нимҳимоятгари ССКА боз кард. Дар дақиқаи 73-юм бошад, Айдох Наполеони ганиягӣ ҳисобро баробар кард. Ғолиби сабқат дар пайи зарбаҳои ёздаҳметра маълум гардид. Зарбаи Раҳматулло Фузайлов, капитани ССКА “Помир” ба болочуби дарвоза бархурд. Бо ин ҳисоб 6:5 шуд.

Клуби “Хайр” ба ҷуз Ҷоми ФФТ ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ гирифт. Ба тими ССКА “Помир” нишони нуқра ва 10 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Hisor

  • 2 сентябр 2013 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайр сохиби чом шуд аммо фанатхои он мисли фанатхои Равшан шохрохи Турсунзода -Душанберо бо рФТОРИ "НАМУНАВИ" БАНД НАМУДАНД. баъди бози фанатхои равшан шоххои гелосхоро канда бо худ бурда буданд. нодидахо

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!