Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Ҳушдори ҲСДТ аз сафҳаи қалбакии Зоиров дар Фейсбук

2 сентябр 2013, 16:29

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз кушода шудани саҳифаи қалбакӣ ба номи Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар медиҳад.

Сомонаи расмии ҲСДТ менависад, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Facebook саҳифаи қалбакӣ бо ном ва аксҳои раҳбари ин ҳизби мухолиф, Раҳматилло. Зойиров кушода шудааст. Ба навиштаи сомона саҳифаи ҷадид моли “фабрикаи ҷавоб” аст ва ҲСДТ аз дӯстони виртуалии Р. Зойиров хоҳиш кардааст, то аз мукотаба бо ин шахси номаълум худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз дӯстони виртуалии Раҳматилло Зойиров мегӯянд, Зоирови тақаллубӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, иттилоъ додаст, ки ин сафҳаи наваш аст ва даъват кардааст, сафҳаи қалбакиро лағв кунанд.

Қаблан ба номи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик низ дар шабакаи Facebook саҳифаи қалбакӣ кушода шуда буд. Аммо баъд аз пахши изҳороти Ҳамрохон Зарифӣ дар мавриди кушода шудани саҳифаи қалбакии ӯ дар Фейсбук, мудирияти ин шабака акаунти тақаллубии вазири тоҷикро баст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров худат дар Точикистон калбакии, нобуди акаунтат дар фейсбук!!!!
Посух додан
  • Точик

  • 3 сентябр 2013 21:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров шери нар аст. Ту Мах рубохи косалес хасти. Зоиров барои начоти миллат ва кишвар чонашро дар хатар монда ислохоти сиеси пешниход кардааст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!