Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:03

Дастаи Р. Эмомалӣ “Амонатбонк”-ро шикаста, бо “Ориёнбонк” сабқат мекунад

3 сентябр 2013, 10:53

Дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми бошгоҳи “Истиқлол” тими кормандони “Амонатбонк”-ро бо ҳисоби 7:3 шикаст дода ба даври 1\4 ниҳоӣ баромад.

Ин бозии футболи хурд, дар майдони марказии пойтахт баргузор гардид. Дар ин сабқат Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ ва Комрон Шодиев 2 голӣ ба ҳадаф расонида дубл шуданд. Дамир Камолидинов, Олег Ширинбеков ва Муҳсин Муҳаммадиев як голӣ ба ҳадаф расониданд.

Дастаи кормандони ФФТ имрӯз 3-юми сентябр, дар бозии даври 1/4 –ниҳоӣ бо дастаи кормандони “Ориёнбонк” ба сабқат мебарояд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозиҳои пешакӣ тими кормандони “Агроинвестбонк”-ро бо ҳисоби 8:4 ва дастаи кормандони Суди ноҳияи Синои пойтахтро бо 10:1 шикаст дода буд.
Натиҷаи бозиҳои 1/8-ниҳоӣ чунин аст:

“Вавилон” – “Газпром-нефт” - 7:2
“Динамо-ВКД” - ФК “Истиқлол” - 6:2
“Корвон” – “Формула успеха-1” - 2:6
“бонки миллӣ” – “Билайн” - 5:0 (шикасти техникӣ).
“Оҷонсии зиди фасод” – “Агроинвестбанк” - 7:3
ФФТ – “Амонатбанк” - 7:3
Академия “Истиқлола” – “ОМОН ВКД” – 9:4
“Ориёнбанк” – “Осими №3” - 4:3
Бозиҳои ¼-ниҳоӣ:
3-юми сентябр (сешанбе)
Бозии 1 - “Вавилон” - “Формула успеха-1”. Соати 17.00
Бозии 2 - “Динамо-ВКД” - “Бонки миллӣ” Соати 17.00
Бозии 3 - “Оҷонсии зиди фасод” - Академия “Истиқлола”. Соати 18.00
Бозии 4 - ФФТ – “Ориёнбанк”. Соати 18.00

Бозиҳои нимниҳоӣ
4-уми сентябр (чоршанбе)

Бозии 1 – ғолиби бозии 1 – ғолиби бозии 3. соати 17.00
Бозии 2 – ғолиби бозии 2 – ғолиби бозии 4. Соати 18.00

Бозии ниҳоӣ
5 сентябр (панҷшанбе)
Ғолиби бозии 1 – ғолиби бозии 2. Соати 17.00


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо журналистон худатон хар як майда чуйдаро..вохима карда менависед ки умуман ба хочати гап нест..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!