Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:14

Мирзохӯҷа Аҳмадов “вазифа” гирифт

4 сентябр 2013, 12:25

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст.

Як манбаъ аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, оқои Аҳмадов аз ҳоло ба кор оғоз намуда, бештар тамрини сарбозон, тирпаронӣ ва омодагии ҷангии онҳоро назорат хоҳад кард. Манбаъ афзуд, қарор аст, бархе аз размандагони пешин дар минтақаи Рашт низ ба “гуруҳ”-и Мирзохӯҷа Аҳмадов бипайванданд.

Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд.

Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • к

  • 4 сентябр 2013 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ришашро метарошида бошад ба хотири вазифа?
Посух додан
  • А

  • 4 сентябр 2013 13:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
интихобот гузарад вазифаша мегиран проста ай тарса мондагиян
Посух додан
  • Валӣ

  • 4 сентябр 2013 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А,
натанҳо баъди интихобот аз вазифа мегиранд балки 10 ҷурми вазнинро ҳам бораш мекунанд ва мефристанаш зиндон.
инҳо инқадар беақланд ки мебинанд як сенария 100 бор дар пеши чашмшон иҷро меша аммо боз ҳам ба он бовар мекунанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин мардак ё ахмак аст бе калла ё пайрави хавои нафсаш аст намедони туро мисли донахои шохмот истифода мебаранд ба инсу онсу аз бозики баромади дур меандозанат аз шодравон МИРЗО ЗИЁ дарси ибрат нагирифтед ё моли дунё чашми ту Шох Исандаровро кур кардааст хай хечгап не ба зуди сафи ятимхо меафзояд писарони белги шох ятим мешаванд аг де се зани дошта бошед 4 ё 5 фарзанди хело фарзанд бе падар мемонад халк мегуянд! аз мурдани кампир парвое нест ачал омухта мешавад! рост аст аз мурдани шох белги ба касе гаму андухро намеоварад локин шояд чандин бегунохи дигаре дар домони лойолуди шумо афтад. корномаи шох маълум шуд куштори берахмона бо баталёнаш дар помир анчом дод генерал шуд ту кучоба куштор анчом медихи ки аз полковник ба генерали бираси ё куштахои али бедаки мулло абудлло ба унвони генерали ками мекардааст хай куштан гири хохиш мекунам аз водии рашт гарматун набаро моро мон осуда зиндаги кунем Белги зиракудоно!!!!
Посух додан
  • said

  • 5 сентябр 2013 07:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in munofiq ast
Посух додан
  • Вгырфтиу

  • 7 сентябр 2013 23:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
У ришашро барвакт тарошидааст бародарон ин расми пешинааш аст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!