Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:44

Роҳиби қуръонсӯзро ҳабс кардаанд

12 сентябр 2013, 15:57

Терри Ҷонс, роҳиби амрикоиро бо иттиҳоми талоши сӯзонидани 3 ҳазор нусха Қуръони Карим боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои РБК, роҳиб аз сӯи пулис дар дохили нақлиёти борбар дар шаҳри Малберри дастгир шудааст. Дохили боркаш нусхаҳои китоби муқаддаси мусалмонҳо олуба бо сузишвории керосин будааст. Ин роҳиб қасд дошт ба хотири солгарди амалиёти 11-уми сентябр Қуръон бисӯзад.

Пулиси Малберри гуфтааст, ки ба Терри Ҷонс ва ёвари ӯ бо иттиҳоми ҷиноят айб эълон шудааст, аммо нагуфтаанд, ки чӣ ҷинояте.

Гуфта мешавад, роҳибро ҳамчунин дар сохтани филми “Бегуноҳии мусалмон”, ки нисбат ба паёмбари акрам Муҳаммад (с) таҳвин шудааст, муттаҳам мекунанд. Ин филм дар ҷаҳони Ислом вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва як қатор кишварҳои ғарбӣ, назири Олмон ва Канада вуруди Ҷонс ба қаламравашонро манъ карданд.

Ҷонси роҳиб дар моҳи марти соли 2011 низ ҳамроҳ бо ибодаткунандаҳои калисояш нусхаҳои Қуръонро сухта буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 12 сентябр 2013 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саратро мехури бо ин корат.
Посух додан
  • фира

  • 12 сентябр 2013 17:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд чазои тура тия .
Посух додан
  • Саидбурҳон

  • 12 сентябр 2013 19:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисер кори аламовар аст. Худоё кару, куру, шалу, гунгу пес гардон ҳаркасероки бо дини Ту, бо шариати Ту, бо Қурону пайомбару масҷидҳои Ту душмани дорад. ОМИН.
Посух додан
  • Мусалмон

  • 13 сентябр 2013 09:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро инро терросрист ё ифроти намегуфта бошанш, магр ифроти бадтар аз ин мешавад? агар ба чои ин палид як мусалмон мебуд, аввалин шуда кишвархои мусалмон худашон уро ифротии мусалмон эълон мекарданду бо ин бахона хазро мусалмони дигаррот терорист гуфта зиндон мекарданд, вале кишвархои гарби чунон дар хифзи обруи дину аришхои худ махорат доранд, ки ин палидро, ки мумкин аст кори ахмаконаи у кишварашонро ба ошуб кашад, хеч вакт на ифроти ва на терорист эълон намкунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!