Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:56

Алим Шерзамонов: “Чунин кафолат нест, ки маро боздошт намекунанд”

16 сентябр 2013, 20:28

Алим Шерзамонов, раиси бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар пайи амалиёти соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ кишварро тарк карда буд, шоми 16-уми сентябр аз Маскав ба Ватан бозгашт. Вай ба далели камбуди аснодаш барои бештар аз як соат мавриди тафтиш қарор гирифт, аммо баъдан озод шуда, ба берун баромад.

Оқои Шерзамонов то ин муддат дар Русия ба сар мебурд ва борҳо алайҳи амалкардҳои ҳукумат тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод кардааст. Худи ӯ дар лаҳзаҳои аввали берун омаданаш аз фурудгоҳ гуфт, ба шарофати ҳузури хабарнигорон аз боздошти нерӯҳои амниятӣ халос шудааст.

Шерзамонов гуфт, қабл аз омаданаш хуб медонист, ки номи ӯ дар ягон рӯйхати расмии мақомот нест ва мавриди пайгард ҳам қарор надорад. “Аммо ҳангоми аз марз гузаштан эҳсос кардам, ки номи ман дар кадом рӯйхате дар компютери фурудгоҳ сабт ёфтааст ва эҳтимоли боздоштам зиёд буд. Аммо кадоме ба онҳо занг зада гуфт, ки дар берун хабарнигорон ҷамъ шудаанд ва барои ҳамин маро “тафтиш” карданду раҳо намуданд”,-гуфт Шерзамонов. Вай афзуд, бо ин ҳол кафолат дода наметавонад, ки ӯро дар ягон кӯча ва ё паскӯчае боздошт намекунанд.

Ба истиқболи Алим Шерзамонов наздикону дӯстон ва як гуруҳ хабарнигорон ба фурудгоҳ рафта буданд. Оқои Шерзамонов гуфт, бисёриҳо қабл аз омаданаш ба Тоҷикистон низ ба ӯ маслиҳат дода буданд, ки то поёни маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр аз сафар худдорӣ варзад. Вале Алим Шерзамонов мегӯяд, дилаш ба ёди Ватан ҳар лаҳза гум мезад ва мехоҳад дар ҷараёни маъракаи муҳим, яъне интихобот, ҳамроҳи мардум бошад, на берун аз кишвар.

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дар ҷараёни ин даргирӣ Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.

Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз мунтақидони баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон буд ва моҳи июли соли ҷорӣ пешниҳод кард, ки ёдбуди қурбониёни ин амалиёт баргузор шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар одами поку ба вицдон мешуд намегурехт ин ро хама медонад,ки шахси бегунох пинхон намешавад
Посух додан
  • tojik

  • 17 сентябр 2013 00:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xai az dodojonu kuvatufda xub notarsida ba vatan omadast.vaiho az dur dar kompyuteru tv-hoi begona gap mezanand.ana mardak omad gapasha dar vatan mezanad.
Посух додан
  • pamir

  • 17 сентябр 2013 02:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
магар барои мансабдорони ТОЧИК имруза фарк дорад ки ту гунахкори е бегунох ту баринхо пур аст дар ТОЧИК
Посух додан
  • КИРМОНШОХ ВАНЧ

  • 17 сентябр 2013 09:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШЕРЗАМОНОВ БОВАРКУН КИ НА БАРОИ ВАТАН ВА МАРДУМАШ ВА НА БАРОИ ХАСИ РОХИ ВАТАН ДАРКОР НЕСТИ. НОШУКРБАНДА КИ ХАСТИ РУЗАТ ХАМИН ХЕЛ САНГИНУ СИЁХ АСТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои хукумати имруза агар мухолиф боши гунахкор будани ту шарт нест, дилхох гунохро ба гарданат бор мекунанд. Зайд Саидов дар хорича буд, вакте аз болояш парванда кушоданд, метавонист ба Точикистон наояд. У бегунох буд, ва барои он ки бегунохии худро собит кунад ба ватан омад. Холаш чи шуд? Хар касе ки дар Точикистон ба адолати суди бовари дорад, у хато мекунад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуш омадед ба хонаи худ, мухтарам Алими Шерзамон!!!
Ту албатта ки фахри миллат, номуси миллат ва ифтихори миллат асти.
Барории кор ба шумо!!!
Посух додан
  • варка

  • 17 сентябр 2013 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э врод Алим агар ту номус медошти дар холати чанги Хоруг ба Маскав намегурехти ва бародари худ Имумназарро танхо намемонди!
Посух додан
  • Карамхудо

  • 17 сентябр 2013 16:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар гунохе накарда бошад, чаро гурехта рафт? Точикистон ва рохбарони онро ин кадар сиёх кард, ки мондан гиред. Ва боз дар арафаи интихобот бо супориши хочагони хоричиаш ба Ватан баргашт. Амният бояд инро тафтиш кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.БЕНОМУС.БЕВИЧДОН.ЗАРХАРИДИ ДУШМАНОНИ МИЛАТ. ЛАЪНИТИ АЛЛОХ БАР ТУ. Хуни мардум дар гардани ту.

Карамхудо,Рост мегуи ин беномус бо супориши зархаридони хоричииш барои ноором сохтани вазъияти бадахшон омадааст, ва у ба максадаш расид ва барои стадияи дуюм супориши алохида мегирифт.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!