Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Красноярск муддаии ягона барои мизбонии Универсиада-2019

16 сентябр 2013, 19:03

Красноярск ягона муддаӣ барои баргузории Универсиадаи зимистона дар соли 2019 аст.

Шаҳри Валеи Швейтсария номзадияшро паст гирифтааст. Мақомоти Швейтсария гуфтаанд, шонси баранда шудани шаҳрашон чандон бузург нест ва аз ин рӯ тасмим гирифтаанд, муддаӣ набошанд. Онҳо қасд доранд барои мизбонии Универсиадаи соли 2021 талош варзанд.

Пас гирифтани номзадии Вале ба маънии ба таври автоматӣ пирӯз шудани Красноярск нест. Агар Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён бигӯяд, ки ин шаҳри Русия барои гузарондани мусобиқа омода нест, имкони аз сар гирифтани маъракаи қабули дархостҳои нав ба миён меояд. Хулосаи ниҳоӣ дар мавриди дархости Красноярск 9-уми ноябри соли 2013 гирифта мешавад.

Универсиада, мусобиқаи байналмилалии варзишӣ, ки дар он донишҷӯён иштирок мекунанд, дар ду сол як маротиба- тобистон ва зимистон гузаронда мешавад. Универсиадаи тобистонаи соли 2013 дар Қазон гузашта, мизбони зимистонааш шаҳри Трентинои Италия аст. Соли 2015 Универсиадаи тобистона дар Кванҷуи Корея ва зимистона дар Гранадаи Испания мегузарад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!