Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:34

Зоиров: “Агар Бобоназарова розӣ бошад, шахси боэътимоди ӯ мешавам”

17 сентябр 2013, 09:07

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), гуфт, агар Ойниҳол Бобоназарова -- номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ розӣ бошад, шахси боварнок ва ё боэътимоди ӯ хоҳад шуд. Оқои Зоиров ин ҳарфҳоро рӯзи 16-уми сентябр дар гуфтугӯи онлайн бо корбарони Фейсбук баён доштааст.

Ӯ гуфтааст, “оид ба шахси боэътимод шудан ҳаминро таъкид мекунам, ки ин идея сараввал аз ҷониби ман пешниҳод шуда буд. Мехостам, ҳамчун номзади ягона пешниҳод шавам ва ба дигарон пешниҳод доштам, ки шахси боэътимоди ман шаванд. Аммо, имрӯз ҳамчун номзади ягона Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шудааст. Яъне, ман бояд баробарии ҳамагонро дар ИНИТ ба ҷо оварам. Вақте худам талаб доштам, ки агар ман номзад шавам дигарон розигӣ диҳанд, ки шахси боэътимоди ман бошанд. Акнун, ман бояд талаботи худамро иҷро кунам, розӣ шудам ва таъкид кардам, ки шахси боэътимод мешавам, яъне аз ҳарфҳои гуфта ва пешниҳодам рӯ намегардонам. Агар Ойниҳол Бобоназарова розиву қабул дошта бошад, ман шахси боэътимод мешавам.”

Оқои Зоиров дар идома гуфта, ки барои манофеи умумӣ омодааст ҷоннисорӣ кунад. “Имрӯз мо номзади ягона аз ИНИТ-ро пешниҳод кардем, яъне дорем. Ҳар вақт мавқеи дуруст гирифтан муҳим мебошад. Ман баёния додам, ки ин номзадро дастгирӣ менамоям”,-илова кардааст ӯ.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзади ягона пешниҳод ва қабул кард. Дар лаҳзаҳаои аввали қабули ин тасмим Раҳматилло Зоиров ба расонаҳо гуфт, ӯ ҳам яке аз номзадҳо буд, вале Ҳизби наҳзати исломӣ номзадии ӯро нодида гирифта, аз Бобоназарова ҳимоят кардааст. Ин ҳарфҳои оқои Зоиров бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд ва худи ӯ баъд аз муддате гуфт, барои пора нашудани Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аз тасмими аъзои он ҷонибдорӣ мекунад ва аз тарафдоронаш ҳам хост, дар интихоботи президентии шашуми ноябр аз Бобоназарова ҳимоят намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • озод

  • 17 сентябр 2013 09:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар дохили ИНИТ уже зиддият хаст, чи тур инхо метаовнад дар интихобот пешбар шаванд. эй точики точдори беточе.....
Посух додан
  • Фирдавс

  • 17 сентябр 2013 09:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Р.Зоиров нафари бовариноки О.Бобоназарова таъин шавад, кулли овозхоро сохиб шудан мумкин аст, ба шарте,ки интихобот дар хакикат шаффофу демократи гузарад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо гуфта зик нашаванд хамту як сахначаи хачви барои интихобот омода кардаанд дар асл коре аз дасташон намеояд. Номзадхо бояд хамфкири рохбари давлат бошанд то ки хама гуна дастгири аз чониби хукумат ёбанд. На ин ки мачлису чамъомадхоро таги дарахту болои тапчанг гузароннад бояд мачлисгохи хубу васеъ ёбанд.
Посух додан
  • 777

  • 17 сентябр 2013 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офврин Зоиров Дар хакикат зеби сарвари ин Чумхури будан ва халкро рохнамои кардан аз Шумо буд.... Афсус орзухои рафта рухафтода нашавед, муаллим танкид накарда программа ва мавкеи худро фахмонед... Прузии маънави аз Шумост.... ,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус, ки натичаи интихобот ба овоздихии мову Шумо вобаста нест. Натичаи овоз ба онхое вобаста аст, ки протоколро дар охир навишта мекунанд. Хама протоколхо тибки супориш навишта мешавад ва ягон блютен ба хисоб гирифта намешавад. Инро интихоботхои пешин исбот карданд.
Агар интихоботи шаффофу демократи гузарад Ойнихол Бобоназарова хатман мегузарад.
Масалан дар Россия номзади ХХДТ аллакай 1 миллион овозро дар мукобили худ дорад ва ин як миллион на камтар аз як миллиони дигарро дар Точикисстон ташвик мебарад. Вале Хукумат ва шахсан худи Раиси КМИР ба интихоботи шаффоф рох намедихад. Уро Рахмон таин кард ва бояд ба Рахмон хизмат кунад
Посух додан
  • tojik

  • 17 сентябр 2013 15:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
holo ma'lum nest ki in zan ba nomzadi kabul meshavad yo ne.az komisiya meguzarad yo ne..malum nest.
Посух додан
  • Самандар

  • 17 сентябр 2013 15:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Зойиров шахси боэътимоди Ойнихол шавд нисфи овози мардумро аз даст медихад. Ойнихол бояд розй нашавад. Танхо бо исломихо ба пирузй мерасад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!