Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

ВИДЕО: Тӯраҷонзода, Раҳмонӣ ва Қосимов номзадияшонро пас гирифтанд. ҲНИТ Бобоназароваро интихоб кард

17 сентябр 2013, 09:25

Вакилони Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, расман пуштибонӣ карданд.
Ҳарчанд дар ин Анҷуман аз тарафи вакилон номзадии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Қосимов ва Зарафо Раҳмонӣ ҳам пешбарӣ шуд, вале худи онҳо номзадияшонро пас гирифта, аз Бобоназарова пуштибонӣ намуданд.

Оқои Тӯраҷонзода зимни суханронии худ гуфт, “онҳое, ки мегӯянд зан набояд раҳбари давлат бошад, ин ба замоне рост меояд, ки агар он кишварро халифа идора кунад, ба монанди солҳои асри миёна. Танҳо он замоне ки тамоми вазифа дар дасти як нафар ҳаст, наметавонад.”



Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), гуфт, онҳо бо номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ вориди корзори интихоботӣ мешаванд. Ҳарчанд ба қавли оқои Кабирӣ, “гирифтани ин тасмим осон набуд”.

“Осон набуд, ки як ҳизби исломӣ аз номзадии зан пуштибонӣ кунад. Ман ёд надорам, ки дар куҷое чунин таҷриба буд, ё на. Мо ин тасмимро огоҳона гирифтаем ва медонем, ки чӣ кор мекунем”,-таъкид дошт ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани даҳуми ҲНИТ сӯҳбат мекард, гуфт, Ойниҳол Бобоназарова яке аз бозёфтҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломист. Ӯ гуфт, “ҳанӯз солҳои қабл, вақте мансаб тақсим мешуд, даъват карда ва гуфтанд, ки муовини додситони кулл бошанд.” “Муаллима рад кардаву гуфтанд, ки ман то имрӯз ҳуқуқшинос ва адвокат будам, яъне мардумро сафед кардам. Ман наметавонам ин вазифаро қабул кунам, чун сиёҳ карда наметавонам. Дар ҳамон вақти 30-дарсада мансаб нагирифтем. Мо намехоҳем, як гурӯҳ соҳиби Ватан бошанду кору фаъолият ва ё тиҷоратро ба роҳ монанд, дигарон барои ин кор на аз қонун, балки аз инҳо иҷозат бигиранд. Ҳар касе мегӯяд, ки наҳзат мансаб мехоҳад, ин иштибоҳ аст”,-афзуд Кабирӣ.

Анҷумани даҳуми ҲНИТ, ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, субҳи 17-уми сентябр оғоз ёфт ва аксари вакилон аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳимоят карданд. Ба қавли Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ба ин Анҷуман беш аз 500 вакил ва ҳамчунин 300 меҳмон аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоб, мақомот ва корпусҳои дипломатӣ даъват шуда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хаким

  • 17 сентябр 2013 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобоназарова бозёфти Нури будааст, эй канд зананд пешвоёни нахзат ин гуна суханхоро дар олами кудакон (манзурамон "Детский мир" нест ) богчаи бачагон гуед мешавад.
Посух додан
  • Содик

  • 17 сентябр 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бобоназарова бозефти Нури аст, бозёфти Турачонзода аст, бозёфти Кабири аст аз касе ки набошад президенти оянда Эмомали Рахмон аст! худтон худтона таскин бтен. Бас будагист бози. ватанро обод кардан лозим . на бо суханпардозихо балеи бо амал . Дилкасе барои ин ватан ва фарзандонаш намесузад. хама доди ватанхохи зананд, аммо намедонам , Ватнхохи ба гуфтор аст е кирдор е хар ду .....
Посух додан
  • муаллим

  • 17 сентябр 2013 12:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
асабони на шавед!
Посух додан
  • Мубашир

  • 17 сентябр 2013 16:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин нахзатихои мо вокеан хам дигар лидер (номзад) надоштаст. Бо ин корашон нахзат чехраи аслиашро нишон дод. Мавкеъ ва маком надоштаст. Ман фикр мекардам, ки агар 50000 хазор бошем, акалан 5 номзад меёбем. Афсус...
Посух додан
  • изатуллох

  • 17 сентябр 2013 22:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони азиз ман дарди шуморо хуб медонам зеро дарди ман хам хамин буд ки чаро нахзатихо номзади як занро пуштибони мекунанд аммо ин зан фикр мекунам ки аз ин муллохои динфуруше ки имруз аз болои минбари паёмбар хамди махлук мегуянд бехтар аст ва дигар чизи мехохам бигуям агар шумо сиёсатро хуб бифахмед имруз вазъиятро бояд дарк кард зеро боз хамаи гунохро дигарон мекунанду боз хамон нахзат гунахкору ходимони вокеии дини ислом дигар чизе ки шумо мегуйед ин вобастаги дорад ба хакикат бини ва вичдони шумо
Посух додан
  • muhojir

  • 18 сентябр 2013 02:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kaloni nahzat zan budast lekin mo namekhohem az mo zan boshad baroieki dinamon mankardast dini nahzat dar dasti khudashon ast chize khohan meguyand va mekunand va mo mamur az jonibi khudo va rasul astem
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хатои авалинатон нест ин маълумаст ки ислом аз ин табрироти шумо безораст вале чи илоҷ мутасифона ҳар шахсе ки имруз дар ҷомеа чи кори баде кунад ба дини поки ислом уро мечаспонад о наход ки ин ҳизб ноиб аз ислом дар ҷомеа амал кунад ба ин зафии сарваронашон заифи ба маънои оне ки тамомаман аз шариат хабар надоран ва аз сёсати шариъат хабар надоран боз шарм накарда худашонро пок мекунанд бале ин маъруфаст ки шумо қасдан хато мекунед дида ва дониста .
Посух додан
  • olim

  • 18 сентябр 2013 11:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Asalomu alekum asabi nashen hamash dasti xudo hast harchi xudoxohad hamunmesha
Посух додан
  • Чавоне

  • 19 сентябр 2013 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман куллан зид хастам к и зан рохбар бошад. дар таърияхи башарият хеч гох зан кахрамон набуд, олими вокеи набуд, имомхатиб набуд, хади акал 10 фисад хам рохбар набуд. Зан танхо тарбитгар аст. тарбиятгари танхо оилаи худаш. Зан аз 1000 бахраи илм 1 бахраи онро сохиб аст. Моро мардоямон хамон кадар марди доранд, хол он ки ин зан аст. агар мардхои мо марди метонистанд, мегуфтанд: Баародарон ман саводи сиёси, иктисоди, фарханги ва ичтимои надорам,яъне ба Шумо халки азизам хидмат карда наметавонам. Мархамат мансаб аз метонистагии медонистаги. То ба мардум хаёти одилона фарохам ораду онхоро гуломи дигарон нагардонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шумо германияро бинед конслер зан мебошад дар кишвари хамсояи киргизистон тули як сол рохбарии давлатро зан ба ухда дошт дар тули ин як сол 10 сол аз точикистон ба пеш харакат карданд. Хуб ин сиёсати хозираи точикистон ягон чизи хубе надорад,т ки хасад бари хаммаи чиз бо пул бо шинос пулдор кадр дорад камбагал хечкас дар назди конун пул дори кор дори камбагал ба руссия рав кани адлу инсофи точики? ман бовари дорам ин зан аз хукумати хозираро зиёдтар хизмат хохад кард оё шумо гайр аз хамин зан ягон кандидати арзандаро мебинед ё медонед?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!