Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:18

Изҳороти Ойниҳол Бобоназарова: “Ман доғи судӣ надорам...”

19 сентябр 2013, 12:24

Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислотҳотхоҳи Тоҷикистон, бо пахши изҳороте гуфтааст, вай аслан доғи судӣ надорад ва метавонад довталаби курсии раёсатиҷ ҷумҳурӣ бошад.

Хонум Бобоназарова зоҳиран ин ҳарфҳоро дар посух ба баъзе шарҳнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои интернетӣ гуфтааст, ки бештар ба зиндонӣ шудани ӯ дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта ишора мекунанд. Аммо номзади ислоҳотхоҳон дар изҳороташ гуфтааст, "ҳамчун ҳуқуқшинос ба ҳамаи Шумо мерасонам, ки нисбати ман моҳи октябр то ноябри соли 1993 танҳо тафтишот бурда шуда буд. Пас аз як моҳ маро бо сабабе, ки президенти Тоҷикистон авф кардааст, озод намуданд.”

Вай дар идома меафзояд, “афв (помилование) ва ё амнистия танҳо нисбати шахсе, ки барои ӯ ҳукми судӣ бароварда шудааст, дида ё эълон карда мешавад. Нисбати ман бошад, на ҷаласаҳои судӣ баргузор шуда буд ва на ҳукм бароварда шудааст. Яъне, ки танҳо суд метавонад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор намояд".

Аз ин рӯ, Ойниҳол Бобоназарова гуфтааст, вай бидуни мушкилу монеа метавонад ба мақоми президентӣ сабқат кунад. Бобоназарова рӯзи даҳуми сентябр аз сӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ шомили онанд, ҳамчун номзад интихоб гардид.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • а

  • 19 сентябр 2013 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамаи ин дасисахо чавоб додан шарт нест. Саг мечакад, корвон ба рохаш меравад. Вактро бехуда сарф накарда, нуктахои барномаи худро ба омма расонед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллима шумо ки намояндагии Фонди Соросро ба уҳда доштед, оё метавонед, ки бе дахолати хоҷаёни худ ба курсии президети нишинад. Ма фикр мекунам ки мардуми тоҷик кур ва ё беақл нест ки шуморо интихоб кунанд. Шумо одами Амрико, Кабири аз Эрон ва Зоиров аз Узбакистон ҳастед. Барои Тоҷикистон нафаре лозим аст, ки пеши ҳеҷ кас ва пеши ягон кишвари хориҷи муттаҳам набошад ва фақат барои манфиатҳои миллии Тоҷикистон шабу руз хизмат кунад. Муаллима оё фикр намекунед, ки
Шумо бозичаи дасти Зоиров, Кабири, ШМА ва дигарон шудаед. Ман фикр мекардам, ки шумо инро хуб дарк мекунед, лекин муттаасифона шуморо дигарон маҷбур доранд. Худатон нағз мефаҳмед, ки дар 100 сол шуморо интихоб намекунанд. Муаллима саломат бошед. Аз омузгориатон намонед, сиёсат ин бозӣ ҳаст, чиркин аст
Озодагон илтимос чоп кун
Посух додан
  • Султон

  • 19 сентябр 2013 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ленин ва Сталин хам суд шуда буданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Здравствуйте уважаемая Муаллима.
Если не трудно ответьте пожалуста на мои вопросы, поскольку в зависимости от Ваших ответов я буду делать свои выводы на своей страничке в Фейсбук.
1) Вы действительно уверенны, что станете Президентом?
2) Разве ваше желание принять предложение М. Кабири и вступит в предвыборную компанию не есть ОБЕЛИВАНИЕ неудачи Р. Зоирова и М. Кабири?
3) Вы уверенны, что в той среде которая выдвинула Вашу кандидатуру нет экстримистов?
С уважением,

Озоди Орзу
Посух додан
  • Амд.

  • 19 сентябр 2013 23:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳалим,
ба муаллима овоз надихем ба ки овоз дихем?!...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар халим агар ту ба хами фикр боши ки Бобоназарова омади ИМА, Кабири Эрон, Зоиров Узбекистон аст вой бар холи ту аз руи инхулосаи ту набошад Рахмон одами Русия бошад. Аз ин фикрхои хом дур шав ва мардона гуй вокеан хамин руз мардуми одди аз сиёсати имруза рози хастанд ВАЪДАИ БАРКИ ДОИМИ 2007 ДОДА БУДАН 6 СОЛ ШУД ХАМУН АХВОЛ, МАРДУМ СОЛ АЗ СОЛ РУ БА МУХОЧИРАТ ОВАРДИ ДИГАР ТАМОМАН БОВАРИ НАДОРАНД КИ ДАР ТОЧИКИСТОН ЧОИ КОРИ ПАЙДО МЕШАД ЯЪНЕ НОУМЕДИ ТАМОМИ ЧОРО ФАРО ГИРИФТАЙ. Ман чонибдори революция не эволюцияам!
Посух додан
  • САмандар

  • 20 сентябр 2013 08:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман тасаввур карда наметавонам, ки хамин бону чехраи Точикистонро муаррифй карда метавониста бошад...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!